Муҳоҷират ҷараёнест табиӣ.
Муҳоҷират ҷараёнест табиӣ. Ягон мамлакати ҷаҳон аз ин ҷараён рӯй тофта, ё онро боздошта наметавонад. Вале онро тибқи чораандешиҳои муттасил метавон ба тартиб андохт ва механизми ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони худро биофарид. Биноан, дар ҳар куҷое, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дуруст ташкил дода шуда бошад, худ аз худ маълум аст, ки бошуғлфарогирӣ, даромади оилаҳо ва мутахассисони баландмалака зиёд мешаванд. Агар гӯем, ки солҳои охир дар ин хусус дар мамлакатамон ислоҳоти зурурӣ рӯйи кор омад, муболиға нахоҳад шуд.
Қарори роҳбари давлат «Дар бораи чорабиниҳо доир ба ташкил додани муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ, бехавф ва мураттаб» дар ин росто иқдоми муҳим гардид. Бояд гуфт, ки вазифаҳои дар қарори мазкур пешбинишуда бобати дастгирии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, моддӣ, маданӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти он ҳамватаноне, ки дар хориҷа меҳнат мекунанд, хидмат мекунад.
Дар қарор рушди ҳамкории байналхалқӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ, таҳким бахшидани робитаҳо бо созмонҳои ҳамватанони хориҷӣ ва диаспораҳои ӯзбек пешбинӣ шудааст.
Бояд эътироф намуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба мушкилоте, мисли пайдо кардани ширкатҳои корфармо, донистани забон ва омӯхтани қонунгузории меҳнатии ин ё он давлат дучор шуда истодаанд. Бо назардошти ин, дар қарор вазифаҳои муҳим пешбинӣ шудаанд. Яъне, минбаъд пеш аз ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандон, низоми касбу ҳунар ва забономӯзии онҳо роҳандозӣ мешавад. Ба онҳо сертификати байналхалқие дода мешавад, ки малакаи касбиашонро тасдиқ менамояд. Дар баробари ин, қарор масъалаи ҳаётиеро мисли кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатие, ки аз хориҷа ба Ӯзбекистон баргаштанӣ мешаванд, дар бар мегирад. Хоссатан, шахсоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегарданд, реинтегратсия карда мешаванд. Ташаббусҳои соҳибкории онҳо рағбатнок кунонида мешавад. Барилова, муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷиҳати моддиву иҷтимоӣ дастгирӣ карда мешаванд, амалиёти суғуртакунии ҳаёт ва тандурустии онҳо тавсеа меёбад.
Сухан кӯтоҳ, ҳуҷҷати ҳаётии мазкур дар мамлакатамон муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ, бехавф ва мураттабро пайгирона ба роҳ меандозад. Мақсад якто: ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакати мо, сарфи назар аз он, ки дар куҷо ва дар кадом шароит кор мекунанд. Ба сифати депутат ва фаъоли ҳизб талаб аз мо яктост: бояд мазмуну моҳияти имтиёзу имкониятҳои тибқи қарор дар доираи ҳуқуқ пешбинишударо ба аҳолӣ, хоссатан, ба ҷавононе, ки бо орзуи кор дар хориҷа ба сар мебаранд, бирасонем.
Шаҳноза ХОЛМАҲМАТОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.