ИСТИРОҲАТГОҲЕ ДАР ГУЛИСТОН

Солҳои охир ба рушди пойгоҳи моддиву техникии марказҳои маданият ва истироҳати шаҳри Гулистон, таъмир ва ҷиҳозонидани онҳо эътибори алоҳида дода мешавад.

Ин марказҳо ба истироҳати пурмазмуни аҳолӣ, барои ба сатҳи баланд бардоштани маънавияти ҷавонон, зиёд гардондани дониш, истеъдод ва тафаккури онҳо хидмат мекунанд.
Маълум аст, ки баъди ба охир расидани дарс дар мактабҳо хонандагон ба таътили тобистона мебароянд. Барои пурмазмун ва шавқовар гузаронидани таътил дар шаҳри Гулистон Боғи маданият ва истироҳати “Ёшлар боғи” амал мекунад, ки дар он тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Қимати лоиҳаи аз нав бунёд намудани он беш аз 2,8 миллиард сӯмро, масоҳати боғ 2 гектарро ташкил медиҳад.
Дар боғ аттраксионҳои гуногун, кӯлҳои сунъӣ, кортҳои теннис, амфитеатр, фаввораҳои мусиқӣ, растаҳои ҳунармандиву заргарӣ, нуқтаҳои ширавориву яхмосфурӯшӣ ва китобхонаҳо барои истироҳаткунандагони наврас хидмат мерасонанд. Барои бозии волейбол, баскетбол, футболи хурд, шоҳмот ва шашка майдончаҳои бозии кӯдакон мавҷуданд. Боғҳои сарсабз, гулҳои рангоранг табъи истироҳаткунандагонро хуш мегардонанд. Ин бобати хуб ба воя расидани ҷавонон, ҷисмонан ва маънан солиму комил ба воя расидани онҳо аҳамияти махсус дорад.
Ногуфта намонад, ки меҳмонони истироҳатгоҳ аз хидмати қаҳвахона, ошхона, дӯконҳои савдо ва салони аккосӣ низ баҳраманд шуда метавонанд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.
Вилояти СИРДАРЁ.
Суратгир: 
Ф. АҲМЕДОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: