ПАСТ КАРДАНИ НАРХИ ХӮРОКВОРӢ ДАР БОЗОРИ ДОХИЛӢ — ТАЛАБИ РӮЗ

Пурра қонеъ кардани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ, таъмини устувории нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳо талаби рӯз ба ҳисоб меравад.

Пурра қонеъ кардани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ, таъмини устувории нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳо талаби  рӯз ба ҳисоб меравад. Зеро, арзон ва басанда будани маҳсулоти хӯрокворӣ яке аз омилҳои асосии ризоияти аҳолӣ мебошад.
Агар дар мамлакатамон корҳо оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва нигоҳ доштани устувории нархҳо дар бозори дохилӣ аз ҷониби роҳбари давлатамон аз рӯзҳои аввали пандемия ба таври муназзам, дар асоси нақшаи амиқ андешидашуда сурат намегирифт, имрӯз таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ниҳоят муракккаб шуданаш мумкин буд.
Аз ин рӯ, дар се соли охир муносибат бо таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва иқтидори содиротӣ дар кишвари мо ба куллӣ тағйир ёфта, ба бо ғизои босифат, бехавф, арзон сарпур гардондани бозорҳо эътибори алоҳида дода шуд, ки ҳоло самара мебахшанд.
Аммо, болоравии нархи баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои вилоят аҳолиро каме ба таҳлука андохт. Аз ҷумла, вақтҳои охир нархи гӯшт, тухм, равғани растанӣ ва шакар якбора боло рафт. Дар 9 моҳи охир равғани растанӣ дар бозори ҷаҳонӣ 15 фоиз ва дар Ӯзбекистон 26 фоиз афзоиш ёфт. Сарфи назар аз 5 фоиз коҳиш ёфтани нархи шакар, он дар кишвари мо 23 фоиз боло рафт.
Пас, дар чунин вазъ барои пур кардани бозори дохилӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ, нигоҳ доштани устувории нархҳо бояд чӣ гуна чораҳо андешид? Барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат, ба аҳолӣ беист ва ба дараҷаи кофӣ расонда додани маводи хӯрокворӣ чӣ бояд кард?
Бояд қайд кард, ки пур кардани бозори дохилӣ бо озуқаворӣ, ноил шудан ба худтаъминкунӣ дар истеҳсоли онҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз самтҳои муҳими афзалиятноки рушди соҳаи кишоварзӣ, ки яке аз секторҳои муҳими иқтисодиёти Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад, мебошад. Зеро, дар Ӯзбекистон соҳаи кишоварзӣ соҳаи пешбарандаи иқтисодиёт мебошад. Аз ин лиҳоз, барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ӯзбекистон зарур аст, ки қонунгузорӣ оиди истифодаи оқилона ва самарабахши замин ва об дар соҳаи кишоварзӣ таҳким дода шуда, ба ҳиссаи баланди маҳсулоти хӯрокворӣ дар таркиби маҳсулоти кишоварзӣ ноил гардид.
Беҳуда Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш зимни суханрониаш дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба баргузор намудани Саммит оид ба низоми хӯрокворӣ дар соли 2021 даъват намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид кард, ки муносибатро ба истеҳсол, азнавкоркард ва истеъмоли ғизо ба куллӣ тағйир дода, саъю ҳаракатҳояшонро муттаҳид гардонанд. Ҳадаф яктост – бартараф намудани гуруснагӣ, коҳиш додани бемориҳои марбут ба ғизохӯрӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба ислоҳоти низоми озуқаворӣ дар сайёраи мо ва мувофиқа кардани чораҳои мушаххас.
Директори генералии Созмони Барномаи озуқавории СММ С.Донгю таъкид намуд, ки қарорҳои бесамари сиёсӣ, аз ҷумла маҳдудиятҳо дар содироти маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҷониби баъзе кишварҳо, боиси норасоии ғизо ва фалокати бузурги башардӯстона мешаванд.
Дар шароити пандемияи коронавирус содироти биринҷро боздоштани Ветнам, ҳаракатҳои Қазоқистон, ки орд, гречка ва сабзавот, аз ҷумла, пиёз, сабзӣ ва картошка содир мекунад, Белорус, ки гречка, пиёз, сир ва сирпиёз содир мекунад ва Туркия, ки лимӯ содир мекунад, боиси нигаронии  бозори ҷаҳонӣ мегарданд. Бо вуҷуди талаби харидорони асосӣ, Русия низ фурӯши ғалладонаро комилан маҳдуд кардааст.
Дар замоне, ки хатари норасоии ғизо дар саросари ҷаҳон афзоиш меёбад, роҳбарияти Ӯзбекистон тадбирҳои муҳим ва заруриро, ки имкони натанҳо қонеъ гардондани талаботи дохилӣ, балки расондани озуқавориро ба бозорҳои хориҷӣ фароҳам меорад, амалӣ менамояд. Имрӯз, иқдоми муҳими Ӯзбекистон ва вазифаи таъхирнопазири ҳар як давлат дар ин замонҳои душвор аз масъулиятшиносӣ ба таъмини амнияти озуқаворӣ иборат аст, ки ҷомеаи байналмилалиро нигарон кардааст.
Дар мавридаш боз як мулоҳизаро пешниҳод менамоям. Пӯшида нест, ки аз замонҳои қадим тартибот дар бозор аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ зери назорати қатъӣ буд. Онҳо ба сифати молҳо, нарх ва инчунин дурустии тарозуҳо эътибор додаанд. Имрӯз, дар кишвар тартибу тамоюлҳои қонунии амалӣ намудани фаъолияти бозорҳо коркард шудааст. Бинобар он, бозорҳо бояд ба як қатор талабот, аз қабили тавозуни нархҳо, фурӯши маҳсулоти босифат, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва ғайра ҷавобгӯ бошанд. Назорати иҷрои ин тартибот ба зиммаи маъмурияти бозор, ҳокимиятҳои маҳаллӣ, андоз ва як қатор ташкилоту мақомоти дигар гузошта шудааст.
Аммо кадоме аз онҳо имрӯз дар амал ба ин диққати кофӣ медиҳанд? Дар ниҳоят, муваффақияти ҳар як кишвар аз бисёр ҷиҳат, сарфи назар аз вазъияти байналмилалӣ, ба таъминоти ғизои бехатар ва босифат барои тарзи ҳаёти солим ва фаъоли ҳамаи қишрҳои аҳолӣ вобаста аст.
Бинобар ин, барои қонеъ кардани талаботи аҳолӣ ба гӯшт, тухм, орд, равған, шакар, биринҷ, картошка, сабзӣ ва дигар маҳсулот ҳар як роҳбар, хусусан ҳокимиятҳои ноҳия ва шаҳрҳо бояд ҳисобу китоби дақиқи то моҳи майи соли оянда таъмин кардани аҳолиро дошта бошанд. . Дар акси ҳол, тамоми чораҳои андешидашуда, маблағҳои сарфшуда бесамар хоҳанд шуд.

Нодир АБДУВАЛИЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: