Муомилоти моли байни Ӯзбекистон ва Русия бинобар ҷамъбасти соли 2023 ба 9,8 миллиард доллар расид

Табодули моли байни Ўзбекистон ва Русия бинобар ҷамъбасти соли 2023 ба 9,8 миллиард доллар расид, гуфт консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ростови лаби Дон Бурхон Алиқулов дар қабули солонаи роҳбарони муассисаҳои дипломатӣ ва корпусҳои консулии дар вилояти Ростов аккредитатсияшуда.

Афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо нисбат ба соли 2022 беш аз 5 фоизро ташкил дод.

“Агар ба ҳамкории тарафайни байни Ўзбекистон ва Русия таваҷҷуҳ зоҳир  намоед, ҳар сол мо афзоишро мушоҳида мекунем. Агар бинобар ҷамъбасти соли 2022  табодули савдои байни Ӯзбекистон ва Русия 9,3 миллиард долларро ташкил дода бошад, пас дар охири соли 2023 ин рақам 9,8 миллиард долларро ташкил дод. Мо афзоишро мушоҳида карда истодаем», – гуфт Алиқулов.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла Ӯзбекистон ва вилояти Ростов имкони ба даст овардани натиҷаҳои мусбат доранд, хабар медиҳад ТАСС.

«Танҳо дар давоми як соли охир намояндагони доираҳои соҳибкорӣ аз вилояти Ростов се маротиба ба Ӯзбекистон сафар карданд. Мо заминаи ҳуқуқӣ дорем, байни вилояти Ҷиззах ва вилояти Ростов дар бораи ҳамкориҳои байниминтақавӣ созишнома ба имзо расид, ки барои рушди муносибатҳои иқтисодӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарии мо ва дар соҳаи сайёҳӣ заминаи хеле хуб фароҳам меорад, – қайд намуд Аликулов.

Вай ҳамчунин афзуд, ки дар соли 2024 ба нақша гирифта шудааст, ки лоиҳа дар бахши сайёҳӣ, ки соли гузашта аз Ростови лаби Дон оғоз шуда буд, анҷом дода шавад.

«Фикр мекунам, ки имсол мо метавонем лоиҳаи табодули операторони сайёҳиро ба анҷом расонем, то гардиши сайёҳон байни кишварҳоямон зиёд шавад. <…> Умедворем, ки масъалаҳои таъминоти логистикӣ ва дигар масъалаҳое, ки имкониятҳои моро муваққатан маҳдуд мекунанд, дар ояндаи наздик ҳал хоҳанд шуд», – гуфт Алиқулов.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: