Ӯзбекистон дар инкишофи алоқаи почта «ситораи афзоянда» гардид

Ӯзбекистон якҷоя бо Словения ва Уммон, ки барои афзоиши барҷастаи солонаи худ дар рушди почта ҳамчун "ситораҳои афзоянда" эътироф шудаанд. Дар ин бора дар ҷараёни Конгресси IV фавқулодаи Иттиҳоди почтаи ҷаҳонӣ (ИПҶ), ки аз 1 то 5 октябр дар пойтахти Арабистони Саудӣ – шаҳри Ар-Риёз баргузор шуд, маълум шуд.

Чунон ки дар пресс-релизи ИПҶ кайд карда мешавад, ташкилот аввалин гузориши мукаммали худро дар бораи вазъи бахши почта пешкаш намуд, ки дар он бори аввал робитаи равшани сабабу оқибати байни рушди почта дар кишварҳо ва рушди иқтисодҳои миллӣ, махсусан дар давраҳои таконҳои иқтисодӣ ва бӯҳрон муайян шудааст.

Дар чаҳорчӯби муаррифии гузориш, ИПҶ дар маросими супурдани ҷоизаҳо кишварҳоеро эътироф кард, ки дар муқоиса бо соли гузашта рушди умедбахштаринро нишон доданд. Дар байни онҳо Ӯзбекистон низ ҳаст,  ки дар баробари Уммон ва Словения барои афзоиши барҷастаи солонаи худ дар тараққиёти почта ҳамчун «ситораи афзоянда» эътироф шудааст. Бразилия, Чин, Эстония, Эфиопия ва Марокаш дар рушди хадамоти почта дар минтақаҳои худ пешсаф дониста шуданд.

Илова бар ин, хабар дода мешавад, ки Австрия, Фаронса, Олмон, Ҷопон ва Швейтсария дар шохиси муттаҳидшудаи рушди почтаи МПҶ (2IPD) ба баландтарин 10 сатҳи рушди почта ноил шудаанд. Ҳамзамон, дар хидмати почтавии Швейтсария дар соли 2022 ҳафтумин сол аст, ки паиҳам нишондиҳандаи баландтарин 2IPD дорад.

Индекси интегратсионии рушди почта (2IPD) ҳамасола аз ҷониби Иттиҳодияи умумиҷаҳонии почта муайян карда мешавад. Бо истифода аз маълумоти почта аз 172 кишвари ҷаҳон, 2IPD шарҳи ҳамаҷонибаи рушди ҷаҳонии почтаро дар чаҳор ченак пешниҳод мекунад: эътимоднокӣ, фарогирӣ, талабот ва устувории хадамоти почта.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: