Дирӯз аз ҷониби Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Латвия бо иштироки Сафир Қадамбой Султонов, роҳбарияти ширкати iCotton Сергейс Бинковскис ва Игор Фёдоров, ки маҳсулоти баландсифати гигиенӣ ва косметологӣ истеҳсол мекунад, ҳамчунин директори генералии корхонаи муштараки ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Barakat Alfa Тоҳирҷон Адамбоев, ки аз ҷумла ба истеҳсоли пахтаи сафедкарда тахассус дорад, конфронси видеоӣ ташкил карда шуд.

Чорабинӣ идомаи иртиботи ҳайатҳои дипломатии кишвари мо дар шаҳри Рига бо менеҷменти iCotton ба шумор меравад, ки дар ҷараёни сафари кории ҳайати Сафоратхона дар шаҳри Лиепая 5 июн ба роҳ монда шуда буд.
Бинобар роҳҳои зиёд кардани борҳои содиротии нахи сафедкардаи пахтаи гигроскопӣ аз Ӯзбекистон барои эҳтиёҷоти рӯзафзуни ширкати iCotton мубодилаи афкор ба амал омад.
Аз ҷумла, тавре ки раиси шӯрои директорони iCotton Сергейс Бинковскис изҳор дошт, ҷониби Латвия аз рушди шарикии муфиди тарафайн дар пояи дарозмуҳлат бо ширкатҳои Ӯзбекистон, пеш аз ҳама, бо корхонаи муштараки ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Barakat Alfa манфиатдор мебошад. Бинобар суханони ӯ, бо вуҷуди таъсири нохуши пандемияи коронавирус, тӯли ду моҳи охир ҳаҷми фурӯши маҳсулоти iCotton 4 баробар афзуд, ки натиҷаи кори бомуваффақияти ширкат дар бозори Аврупо ба шумор меравад. Нақшаҳои зиёд кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ, ки талаботро ба пахтаи сафедкарда зиёд мекунанд, таъкид гардид.
Дар навбати худ Тоҳирҳон Адамбоев изҳор дошт, ки Barakat Alfa яке аз корхонаҳои бузургтарини куллан автоматиконидашуда дар Осиё ва соҳати ИДМ ба шумор мервад. Иқтидори истеҳсолии он соле ба 6 ҳазор тонна мерасад. Технологияи сафедкунӣ истифодаи 100 фоизаи перекиси кислородро пешбинӣ менамояд, худи ҷараён бо кӯмаки низомҳои автоматиконидашудаи компутерӣ татбиқ карда мешавад. Алҳол маҳсулоти ширкат, ки ба меъёрҳои аврупоӣ мувофиқат мекунанд, ба Фаронса, Италия, Полша, Юнон, Туркия, Украина, Русия, Белорус ва кишварҳои дигар содир карда мешаванд. Манфиатдорӣ бинобар кушодани бозорҳои нави фурӯш барои маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ изҳор гардид ва тайёрӣ ба ҳамкории дарозмуҳлат бо iCotton, бо такя ба таҷрибаи мусбати мавҷудаи ҳамкорӣ тасдиқ карда шуд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ ҷонибҳо ба қарордод дар бораи ба Латвия расонда додани нахи сафедкардаи гигроскопӣ ба маблағи 1 миллион евро имзо карданд, ки муоҳидаи расмии ҳуқуқии он рӯзҳои наздик анҷом меёбад.
ОИ «Дунё»,
шаҳри РИГА.