Имсол бар асари нисбатан гарм омадани обу ҳаво кишти пунбадона барвақт оғоз ёфт.
Охирин корҳои агротехникӣ низ ҳоло анҷом ёфта, пахтакорони воҳаи Сурхон ба ғунучини пахта тайёрӣ мебинанд. Қабл аз оғози мавсим баҳри аз назар гузаронидани корҳои омодагӣ дар ҳама ноҳияҳои вилоят бо навбат машваратҳо баргузор мешаванд.
Чунин ҷамъомадҳо дар ноҳияҳои Шеробод, Ангор, Ҷарқӯрғон, Қумқӯрғон ва Бандихон шуда гузаштанд. Дар онҳо ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов, ҳокимони но-ҳияҳо, роҳбарони кластерҳо, мутасаддиёни хоҷагии қишлоқи вилоят, роҳбарони секторҳо, роҳбарони отрядҳои пахтачин ширкат варзида, корҳои омодагӣ аз таҳлил, камбудиҳо муҳокима ва барои бартараф кардани онҳо ба мутасаддиён супоришҳо до-да шуданд.
Соли ҷорӣ дар ноҳияи Шеробод ба 9250 гектар майдон пахта кишт карда шуд ва барои нобуд накарда ҷамъоварӣ кардани ҳосил 195-то отряд ташкил гардидааст, ки дар он зиёда аз 20 ҳазор пахтачин ҷалб карда мешавад. Инчунин, ба хирмангоҳҳои пахтақабулкунӣ барои кашондан 112 адад воситаи нақлиёт, 217-то трактор ба мавсим омода карда шудааст. Дар ноҳияи Ангор бошад, имсол якто кластер ва 32 хоҷагии фермерӣ ба 4734 гектар майдон пунбадона кишт намуда, онро хуб парвариш карданд. Барои саривақт ва босифат ҷамъоварӣ намудани ҳосил 105 отряд ташкил гардида, зиёда аз 11 ҳазор нафар пахтачин ҷалб карда мешавад. Барои отрядҳои пахтачинро ба саҳро саривақт расондан 20-то техника хидмат мекунад, 55 техникаи махсус, 136 трактор пахтаро ба хирмангоҳҳо мекашонанд.
Дар ноҳияи Қумқӯрғон соли ҷорӣ нисбатан зиёд пахта кишт карда шуд. Деҳқонони минтақа ба 16035 гектар замин пунбадона кишт намуда, ҳосили дилхоҳ рӯёнданд. Ҳоло 180-то отряд ба ҷамъоварии ҳосил омодааст. 15 техникаи махсус ва 223 трактор низ ба хидматрасонӣ тайёр. Дар саҳро ба чинакчиён низ шароит ҳаст. Семинаре, ки дар хирмангоҳи пахтақабулкунии ҶММ «Тирмиз-Ҷайҳун кластер»-и ноҳияи Ҷарқӯрғон гузашт, низ собит сохт, ки ҳолат ва омодагӣ дар мавсим хуб аст. Дар ноҳияи мазкур имсол ба 7140 гектар майдон пахтапарварон пунбадона кишт намуданд. Дар ноҳияи Бандихон бошад, ба 3692 гектар замин пахта кишт карда шуд ва айни ҳол барои ғунучини ҳосил 79 отряд ташкил гардида, 44 техникаи махсус ва 184 трактор ба хидматрасонӣ омода мебошанд.
Улуғбек Қосимов шароити хирмангоҳҳо, ба мавсим омодагии техника, ҳолати фавқулода ва бехатарии сӯхтор, шароити чинакчиёнро шахсан аз назар гузаронида, барои таъмини бехатарии сӯхтор машғулоту таҷрибаи мутасаддиёни зидди сӯхтор низ маслиҳатҳои зарурӣ дод.
Баъд аз машварат дар ноҳияи Бандихон роҳбари вилоят бо лоиҳаи бузургҳаҷме, ки аз тарафи ҶММ «Бандихон агрокластер» амалӣ мешавад, шинос шуд. Тавассути лоиҳаи мазкур, ки қиммати умумиаш 189 млрд. сӯмро ташкил медиҳаду аз маҳсулоти пахта ва нахи сунъӣ калоба истеҳсол мекунад, корхонаи дӯзандагӣ низ бунёд мешавад. Ин корхона соле 4 ҳазор тонна калоба истеҳсол мекунад ва 600 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Айни ҳол дар ҳудуди 4 маҳалла сафи бекорон ва шаҳрвандон аз «дафтарҳо» ба рӯй-хат гирифта шудааст. Дар назар аст, ки дар як сол корхонаи мазкур зиёда аз 5 млн. доллар маҳсулот содар менамояд.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Сурхондарё.