Ҳоло дар соҳаи чорвопарварии вилояти Бухоро кластерҳои чорвои сиёҳ, паррандапарварӣ, моҳидорӣ, бузпарварӣ, гӯсфандпарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва хоҷагиҳои фермерии заргӯшпарварӣ, ҷамъ 836-то субъект фаъолият дошта, барои хӯроки онҳо 25 ҳазору 200 гектар майдон ҷудо гардидааст.
Ҳоло дар соҳаи чорвопарварии вилояти Бухоро кластерҳои чорвои сиёҳ, паррандапарварӣ, моҳидорӣ, бузпарварӣ, гӯсфандпарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва хоҷагиҳои фермерии заргӯшпарварӣ, ҷамъ 836-то субъект фаъолият дошта, барои хӯроки онҳо 25 ҳазору 200 гектар майдон ҷудо гардидааст.
Бо мақсади беҳтар гардондани зоти чорво аз Аврупо чорвои сиёҳи наслдор оварда мешавад. Қисме аз онҳо мувофиқи барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор» ба оилаҳо дода шуда, зиёда аз ҳазор нафар шаҳрвандон соҳиби кор шуданд. Ҳамин тариқ, соли равон бо дастгирии бонкҳои тиҷоратӣ ба андозаи 167,6 миллиард сӯм 27 лоиҳа оиди афзоиш додани чорвои калон дар амал татбиқ гардид.
Дар семинари таълимию амалие, ки ба қарибӣ дар ноҳияи Шофиркон ба амал омад, инкишоф додани соҳаи чорвопарварӣ, такмил додани корҳои наслгирӣ ва хидматрасонии ветеринарӣ, мустаҳкам намудани пойгоҳи озуқаворӣ ва афзоиш додани маҳсулнокии чорво барин масъалаҳо мавриди муҳокима қарор ёфтанд.
Дар кори семинар мутасаддиёни соҳа, олимони тадқиқкунандаи ДДБ, роҳбарони хоҷагиҳои фермерии ба ҳамин соҳа ихтисосонидашуда, масъулони ташкилоту идораҳо ва ғайра иштирок карданд. Ҷонишини ҳокими вилоят оиди масъалаҳои хоҷагии қишлоқ ва об А. Назаров, ҳокими ноҳия Ш. Ҳакимов, роҳбари маркази «Чорвонасл» Н. Раҳматов ва дигарон бобати зиёд намудани самараи ислоҳот фикру мулоҳизаҳо баён карданд.
Ҷамъомадагон дар мавзеи «Осиё»- и ноҳия бо таҷрибаи кории хоҷагии фермерии «Отабек Д» шинос шуданд. Имрӯз дар ин ҷо 40 нафар шаҳрвандон бо кор таъмин шудаанд.
– Мувофиқи шартнома ҳар рӯз ба Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Lazzat»-и шаҳри Бухоро як тонна шир расонда медиҳем. Ният дорем, ки моҳҳои наздик ба корхонаи худии азнавкоркунии шир соҳиб шавем. Дар хоҷагӣ ҷорӣ гардидани технологияи нави гидропоникӣ имконият медиҳад, ки барои чорвои калон, гӯсфанд ва моҳию паррандаҳоямон аз дон маҳсулоти озуқаворӣ тайёр кунем, – гуфт роҳбари хоҷагии фермерӣ Отабек Облоқулов.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.