АЛЛАИ МОДАРРО МУҚАДДАС ДОНАМ

Дар яке аз ривоятҳо омадааст, ки забони биҳиштиён лисони арабу форсӣ-тоҷикӣ аст.

 Забони модарро хор кардан модарро хор кардан аст, миллатро хор кардан аст. Аллоҳро қудрату қувватест, ки ҳеҷ қиёс надорад. Дар илми забоншиносӣ омадааст, ки дар сайёраи мо – Замин одамон наздик ба панҷ ҳазор забону шева сухан мекунанд. Пас равшан аст, ки ба бандагон забонҳои гуногун бахшидан бесабаб нест. Дар замони талабагии мо дар деҳа асосан ду мактаби миёна мавҷуд буд ва таълим ба забони модариамон – тоҷикӣ амал мекард. Хатмкунандагони ин мактабҳо ба мактабҳои олии Ӯзбекистону Тоҷикистон дохил шуда маълумоти олӣ мегирифтанд. Агар хонанда соҳиби дониши хуб бошад, қатъи назар аз донистан ё мукаммал надонистани забон савия ва донишашро изҳор карда метавонад. Аммо забон донаду саводаш хуб набошад, ба натиҷаи дилхоҳ муяссар намешавад. 
Мақсад аз ин навиштаҷот ҳамин аст, ки имрӯз дар деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсун панҷ мактаб амал мекунад. Яке аз ин панҷ мактаб соф ӯзбекӣ буда, таълим ва тарбия бо ин забон бурда мешавад. Дар чор мактаби дигар таълим бо ду забон: тоҷикию ӯзбекӣ амал мекунад. Бояд гуфт, ки дар ин мактабҳо ягон талабаи ӯзбекзабон нест. Ҳамаи хонандагон ба миллати тоҷик мансуб буда, бо ду забон мехонанд ва омӯзгорон ҳама тоҷиканд ва аксарияташон хатмкардагони мактабҳои олии Тоҷикистонанд. Хонандагон, хусусан, хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар омӯзиши дарсҳо сахт душворӣ мекашанд. Аз ҳама нохубиаш ин, ки аксарияти омӯзгорон забони ӯзбекӣ ва сарфу наҳв (грамматика)-и онро мукаммал намедонанд. Вақте ки устод худ забонро пухта намедонад, ба ин шогирдон чӣ гуна сабақи самарабахш мебахшад. Пас чӣ бояд кард? Ман ба он падару модароне, ки «обро надида мӯза мекашанд» розӣ нестам. Мисол: худи ман муаллими забон ва адабиёти тоҷик на дар мактаб, на дар донишгоҳ ягон соат ба дигар забон (ғайри русию немисӣ) дарс хондаам, аммо ба забони ӯзбекӣ равон сухан мекунам, менависам. Чандин кори курсии хонандагонро бо забони ӯзбекӣ ба сомон расондаам. Ман гуфтаниам, ки ҳар касе забони модарии худ ва сарфу наҳви онро мукаммал омӯзад ва донад, дигар забонро низ бе душворӣ аз худ мекунад. Дар ҳар замон, дар ҳар вазъият забони модариро ҳурмат ва пос доштанро фарз ва воҷиб бояд донист. Зеро ҳар як миллат, ҳар як халқ, ҳар як фард аллаи модарашро бо забони худаш шунидааст. Аллаи модар шоҳбайту назми гуворои ҳар як халқ аст. Забони модар, аллаи модарро бояд, ки тоҷи сар донем. Ман аллаи модари раҳматиамро ҳанӯз фаромӯш накардаам, гарчанд синнам ба 76 расидааст:

АЛЛАҶОНАМ, АЛЛАЁ

Алла, ҷонам, аллаё,
Нури чашмам, аллаё,
Сеҳри дилам, аллаё,
Аллаҷонам, аллаё.

Рӯякат моҳи тобон,
Абрӯят шакли камон,
Чашмонат дурру марҷон,
Аллаҷонам, аллаё.

Ситораҳо дар осмон,
Мурғакон дар шохсорон,
Хуфта дар наҳр моҳиён,
Аллаҷонам, аллаё.

Насим ояд аз дара,
Алла гӯяд шаршара,
Хоб кардааст мусича,
Аллаҷонам, аллаё...

Ҷумъа АВЛИЁЕВ,
деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсун.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: