ИСТЕҲСОЛИ АБРЕШИМ БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД

Соҳибкори пешқадами чинӣ Ёнг Ҷонг азм дорад, ки аз ҳисоби маблағи худ дар ноҳияи Миришкори вилояти Қашқадарё тутзоре бунёд карда, ба парвариши кирми пилла машғул гардад.

Вай ба ин ният бо ҳокими ноҳия Файзулло Ғуломов мулоқот ба анҷом расонида, ӯро бо махсусиятҳои лоиҳаи кори худ шинос кард. Тарафҳо ба тавофуқ расиданд, ки тарҳи мазкурро дар амал пиёда созанд. Намояндагони ҳокимияти Миришкор ба сармоядори хориҷӣ дар бораи шароит ва имконоти хубе, ки ҳукумати ҷумҳурӣ барои сармоягузорон омода сохтааст, маълумоти муфассал доданд.
Интизор меравад, ки соҳибкори чиноӣ дар 20 га замин ниҳоли тут шинонидаву мунтазам парвариш хоҳад кард ва ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим саҳми арзанда хоҳад гузошт. Ин лоиҳа аз соли ҷорӣ оғоз ва соли 2026 бояд комилан дар амал татбиқ гардад.
Ёнг Ҷонг коргоҳи «Sun-feel»-и худро, ки дорои қимати 116 миллион доллари ИМА аст, аз рӯйхати давлат гузаронид ва рӯзҳои наздик ба бунёди тутзор ва коргоҳи истеҳсоли амрешим оғоз хоҳад кард.

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: