ҒАЛАБАИ МЕҲНАТИИ ҒАЛЛАКОРОНИ НОҲИЯИ РОМЕТАН

Ғаллакорони ҳимматбаланди ноҳияи Рометан 17 июни соли ҷорӣ дар вилояти Бухоро аввалин шуда нақшаи солонаи ба давлат супоридани ғалларо сарбаландона иҷро карданд.

Дар ноҳия барои ҳосили соли 2023 251 хоҷагиҳои фермерӣ дар 5980 гектар майдон гандум корида, онро мувофиқи қоидаҳои агротехникӣ парвариш намуда, ҳосили фаровон рӯёнданд. Ташкил намудани отрядҳои ҳосилғундорӣ, омодасозии техникаҳои зарурӣ имконият дод, ки ҳосил дар муддати кӯтоҳ ғундошта шавад. Ҳамин тариқ, ғаллапарварон ба давлат қариб 13 ҳазор тонна гандум супорида, нақшаи солонаро 100,1 фоиз иҷро карданд. Ғайр аз ин дар ноҳия аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ВСТ Cluster-Agrokompleks» низ дар 1850 гектар майдон ғалла рӯёнда, ба давлат 5057 тонна гандум супорида шуд, ки ин ҳолат низ боиси комёбии ғаллакорони ноҳия гардид.
Чи хеле ки таъкид ёфт, тайёрии ҳаматарафа, то оғози мавсими дарав созмон ёфтани 24 отряд, ба онҳо вобаста гардидани 24 комбайн, 150 автомобилҳои боркаш, инчунин 3 устохонаи сайёр ва 6 агрегатҳои таъминоти сӯзишворӣ мушкили деҳқононро осон кард.
Ба ин комёбӣ хоҷагиҳои фермерии «Зафаробод-2000», «Козимбобо», «Олим Ҳидой замини», «Сафаробод», «Акрам», «Кӯҳна Бухоро», «Тӯра Ҷӯра Умар», «Асад Полвон», «Янгиобод-2» бо 75-85 сентнерии ҳосилнокӣ, «Шариф», «Сидиқбобо», «Ҳаким Ботир Бафо», «Алишер Ҷӯра Меҳриддин», «Тилав Назар», «Солиҳбобо», «Насимбек», «Ҷӯра Ҷалол Ҷаҳонгир», «Неккамон», «Навобод», «Рӯзӣ Ҷӯра», «Насриддин Фарангиз», «Сарвар», «Зойирҷон Зоҳидҷон Омад», «Азим Зиё», «Сафаробод-98», «Алиёр», «Ҳоҷибобо» бо 60-75 сентнерии ҳосил ба хирмани ноҳия саҳм гузоштанд.
Ин комёбӣ самараи ислоҳоти соҳа, ба роҳ монда шудани фаъолияти кластерӣ, афзудани сатҳи манфиатбинии хоҷагиҳои фермерӣ, ба амал татбиқ гардидани усулҳои нав ба нави замонавии зироатпарварӣ мебошад.
Дар вилоят ғаллапарварони ноҳияҳои Вобканд, Олот, Қаравулбозор низ ба марраи мурод расиданд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: