ӮЗБЕКИСТОН ИСТИХРОҶИ ТИЛЛОРО ЗИЁД МЕКУНАД

Вақте ки автобуси мо шаҳри Самарқандро пас гузошт ва ба самти шаҳраки Заркенти ноҳияи Қӯшработ ҳаракат кард, намози зуҳр фаро мерасид.

Бовар дорам, ки ҷамоаи аҳл, бомаҳорату боистеъдод ва профессионали Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ  вазифаҳои доманфарохи дар наздашон гузошташударо сарбаландона иҷро мекунанд.
Шавкат МИРЗИЁЕВ.
Вақте ки автобуси мо шаҳри Самарқандро пас гузошт ва ба самти шаҳраки Заркенти ноҳияи Қӯшработ ҳаракат кард,  намози зуҳр фаро мерасид.  Гумон кардем, ки баъди чанд дақиқа ба ин шаҳрак мерасем ва бо фаъолияти кони истихроҷи маъдани Зарметан аз наздик ошно мешавем. Аммо роҳи якуним соата сипарӣ гашта бошад ҳам, мо ҳанӯз роҳ мепаймудем. Роҳбаладамон Азамат Зариф вазъияти моро дарк намуд магар, гуфт: «Камтари дигар масофа монд ва мо хеле зуд ба кони Зарметан мерасем». 
Қабл аз ин сафар, дар Самарқанд аз чанде дӯстон пурсидам, ки оё дар бораи кони маъдани кӯҳии Зармитан ягон маълумот доранд. Ҳамсуҳбатонам китф дарҳам кашиданд ва гуфтанд, ки комбинати маъдани кӯҳӣ дар вилояти Навоӣ ҷойгир аст ва онҳо аз мавҷудияти кони маъдани куҳӣ дар қаламрави вилояти Самарқанд  иттилоъ надоранд. Ин посухи онҳо ҳайратамро афзуд ва дубора аз роҳбалад пурсидам: ҷое, ки мо меравем, марбути кадом вилоят аст? Азамат Зариф гуфт, ду кони наве, ки ба истихроҷи маъдани кӯҳӣ ихтисос ёфтааст, марбути вилояти Самарқанд буда, ба Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ мутааллиқ мебошанд.
Ниҳоят, пеши назар хонаҳои баландошёнаи замонавӣ, биноҳои зиёди маъмурӣ ва маишӣ намудор гардид. Маълум шуд, ки автобуси мо баъди убури чандин шаҳраку деҳкадаҳои сари роҳ ахиран вориди Заркент мешавад. Мо ба Зарметан дар чаҳорчӯби Медиафоруми дуюми ҷумҳуриявии Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ташриф овардем, ки дар ҳамкорӣ бо  дафтари матбуоти КМКН роҳандозӣ ва маросими ифтитоҳи он 20 ноябр баргузор гардид.
Дар оғоз барои мо филми мустанаде намоиш дода шуд, ки аз оғози фаъолияти кони маъдани кӯҳии Зарметан то имрӯзро дар худ акс кунонидааст. Ҳамзамон риояи бехатарии техникӣ аз асоситарин ҷанбаи кор дар кони маъдан арзёбӣ гардид. Барои ҳамин ҳамаи журналистон кулоҳҳову либосҳои махсус пӯшида, аз минтақаҳои он ва раванди кор боздид намуданд. Гурӯҳи коргарони дар бар либосҳои махсус бо мошини зиреҳпӯш савор шуданд ва ба қаъри замин даромаданд, то ки аз масофаи ҳазор метр захираҳои маъдани кӯҳиро канда, тавассути нақлиёт ба боло интиқол диҳанд.  
– Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ аз корхонаҳои азими саноатии мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар иқтисодиёти он, инчунин афзоиши маҳсулоти холиси дохилӣ саҳми калон мегузорзад. Солҳои охир дар комбинати маъдани кӯҳӣ лоиҳаҳои калони инвеститсионӣ ба амал бароварда мешаванд. Дар чаҳорчӯби ин лоиҳаҳо соли 2021 Корхонаи маъдани кӯҳии рақами 7 ба кор дароварда шуд ва дар Корхонаи маъдани кӯҳии рақами 2, ки дар як сол ба коркарди 12 миллион тонна маъдан ихтисос дода шудааст, бинои “Б” мавриди истифода қарор гирифт, – гуфт масъули кор бо ҷомеаи КМКН Холмамат Раупов.
Қайд гардид, ки дар соли 2021 ҳиссаи ин корхона дар тавлидоти саноатии ҷумҳурӣ 13 дарсадро ташкил намуд.  Ҳиссаи умумии даромадҳои буҷаи давлатӣ ҳудуди 20 дарсадро ташкил дода, корхона дар раддабандии ширкатҳои ҷаҳонии тилло дар ҷойи 5-ум қарор гирифт.
Боздид аз корхонаи маъдани кӯҳии рақами 4, конҳои Зарметан ва Гуҷумсойи Ҷамъияти саҳҳомии КМКН ва равандҳои истеҳсолӣ, татбиқи лоиҳаҳо, суҳбат бо коргарон ба журналистон таассуроти калон боқӣ гузошт. Маълум шуд, ки то имрӯз садорати маъдани кӯҳии ҷанубӣ, ки дар он қариб 7 ҳазор нафар кор мекунанд, яке аз бахшҳои калонтарини комбинат ба шумор меравад. 
– Иқтидори солонаи истихроҷи маъдан дар кони зеризаминии Зарметан 850 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар кон маъдани кварс – сулфиди тиллодор ҳосил карда мешавад. Ҳоло дар конҳои зеризаминӣ таҷҳизоти навтарин – мошинҳои зеризаминии худгарди боркунию борфарорӣ, автосамосвалҳои кӯҳӣ, дастгоҳҳои пармакунӣ ва дигар таҷҳизоти ширкатҳои хориҷӣ, ба монанди «Эпирок», «Сандвик», «Паус», «Шахтёр» ба таври фаровон ва васеъ истифода мешаванд, – тазаккур дод Холмамат Раупов.
– Корхонаи маъдани кӯҳии рақами 4, ки моҳи августи соли 2010 дар шаҳраки Заркент ба истифода дода шуд, дувумин маҷмааи истеҳсолии корхонаи маъдани кӯҳии Навоӣ мебошад, ки дар солҳои истиқлолияти кишварамон бунёд ёфтааст. Дар солҳои 2010-2020 маҳсулнокии корхона солона аз 1,8 миллион то 2 миллион тонна маъдани коркардшуда афзоиш ёфта, сатҳи истихроҷи тилло 92,2 фоизро ташкил медиҳад. Аз он вақт инҷониб корхона дар конҳои зеризаминии Зарметан ва Гуҷумсой бештар аз 20 миллион тонна маъданро кор карда баромад, – мегӯяд Холмамат Раупов.
Тибқи таҳқиқоти геологӣ, захираи кони маъдани Зарметан имкон медиҳад, ки корхона то соли 2070 мӯътадил кор кунад. Ҳоло дар ин комбинат, ки бештар аз 500 нафар аҳолии маҳаллиро ба кори доимӣ фаро гирифтааст, аз техника ва технологияи навтарину замонавӣ васеъ истифода бурда мешавад.
– Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ» ба ширкатҳои даҳгонаи пешқадами ҷаҳон оид ба истихроҷи тилло муаррифӣ шудааст. Он инчунин бузургтарин корхонаи истихроҷи маъдан дар қаламрави мамлататамон маҳсуб меёбад, ки аз кашфи геологии захираи сарватҳои зеризаминӣ, истихроҷи маъдан ва коркарди он то ба даст овардани маҳсулоти тайёри тиллоро фаро гирифтааст. Тавассути захираҳое, ки дар конҳои маъдани кӯҳии марбути КМКН истеҳсол мегарданд,  тиллои  морки “999,9” қолибгузорӣ мешавад ва дар биржаҳои металҳои қимматбаҳо ба бренди Ӯзбекистон табдил ёфтааст, – изҳор намуд Раупов. 
– Ман дар ин корхона бештар аз панҷ сол аст, ки кор мекунам. Дар як рӯз ҳафт соат кор барои мо муқаррар шудааст. Аз маоши баланд низ бархурдорем. Солона даромаде, ки ба ҳайси коргари одӣ аз ин корхона ба даст меорам, бештар аз сад миллион сӯмро ташкил медиҳад. Ҳар сол як маротиба дар осоишгоҳи КМКН, воқеъ дар кӯҳистони ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах ройгон истироҳат ва саломатиамро барқарор мекунам, – мегӯяд зимни суҳбат коргари маҳаллии кони маъдан Муҳаммадҷон Маҳмудов. 
Дар ин ҷо маоши мутахассисони соҳибмаълумот тақрибан ду баробари коргарони одӣ будааст. Коргарон як маҳал бо хӯроки гарми ройгон таъмин мебошанд. 
 Вақте ки аз кони маъдани кӯҳии Зарметан берун омадем, дар майдонҳои васеъ қатори мошинҳои сабуки тамғаҳои гуногунро дучор шудем. Гумон мерафт, ки ин ҷо бозори мошин бошад. Аммо маълум шуд, ки ин мошинҳо моли коргарону мутахассисони ҳамин корхона мебошад.
Автобус ба самти вилояти Ҷиззах ҳаракат кард. Моро лозим меомад, ки то расидан ба осоишгоҳи КМКН, воқеъ дар кӯҳистони ноҳияи Зомин, сеюним-чор соатро сипарӣ кунем.  
Дар пеш моро се рӯзи тамом медиафоруми дувуми ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Журналистикаи миллӣ: давомнокии анъанаҳо ва муосир” интизор буд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

ТОШКАНД – САМАРҚАНД – ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: