ҲАМОИШИ ТОШКАНДИИ СҲИ: ЗАМИНАИ НАВ БАРОИ ТАҲИЯИ РАВИШҲОИ МУШТАРАК ҶИҲАТИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ БА МИНТАҚАИ ВАСЕЪ

Дар пойтахти Ӯзбекистон бори аввал нишасти сарони Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад.

8-9 ноябр дар Тошканд нишасти сарони Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор мешавад. 
Кишвари мо аз моҳи ноябри соли 1992 узви ин созмон аст, аммо дар таърихи Ӯзбекистони соҳибистиқлол ва ин иттиҳодия бори нахуст дар хоки Ӯзбекистон нишасти бисёрҷониба баргузор мешавад. 
Созмони ҳамкории иқтисодӣ созмони минтақавии байнидавлатӣ аст, ки соли 1985 дар Теҳрон (Эрон) таъсис ёфтааст.
Ҳадаф ва вазифаҳои СҲИ – рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия ба манфиатҳои ҷумҳурии мо комилан ҷавобгӯ мебошанд.
Дар ҳоли ҳозир кишварҳои узви СҲИ Озарбойҷон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия ва Ӯзбекистон мебошанд. 
Аз соли 1995 инҷониб СҲИ дар СММ ва Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) мақоми нозир дорад. Ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги фаъолияти СҲИ аз ҷониби Дабири кулли созмон, ки аз ҷониби Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ ба муҳлати се сол интихоб ва таъин карда мешавад, амалӣ карда мешавад.
Дар соли 2022 Ӯзбекистон бори аввал дар СҲИ раисӣ кард. Президент Шавкат Мирзиёев 28 ноябри соли 2021 дар нишасти 15-уми СҲИ дар Ашқобод суханронӣ намуда, барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва иқтисодиёти «сабз» пешниҳодҳоро ба миён гузошт. «Мо бояд аз иқтидори назарраси кишварҳои худ, ки бозори бузурги дорои беш аз 500 миллион нафар аҳолӣ мебошанд, дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ пурратар истифода барем», – таъкид дошт Сарвари давлат дар ин ҳамоиш. Президент зимни ба ӯҳда гирифтани раёсат изҳор дошт, ки Ӯзбекистон ҷонибдори рушди муносибатҳои ҳамаҷониба дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошад.
Кишвари мо СҲИ-ро ҳамчун платформаи баррасии роҳҳои беҳтар кардани рушд ва пешбурди имкониятҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ дар Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна мешуморад. 
Ӯзбекистон дар доираи СҲИ тарафдори созмон додани гиреҳҳои транзитии байниминтақавӣ, рушди инфрасохтори замонавии нақлиётӣ ва роҳӣ, мақбулгардонии тарифҳои нақлиётӣ ва транзитӣ, сода гардондани шароит барои интиқоли байналмилалии бору мусофирон ва ҷорӣ кардани рақамисозӣ дар соҳаи нақлиёт мебошад.
Ба ғайр аз ин, дар ҳамоиши Ашқобод Президент Шавкат Мирзиёев дар бораи рушди фаъоли муштараки иқтисодиёти «сабз», васеъ ҷорӣ кардани технологияи сарфакор дар соҳаҳои саноат, комёбиҳои бетарафии карбон ташаббусҳо пеш гузошт.  
Ӯзбекистон ҳамчунин ҷонибдори муттаҳид шудани неруҳо барои таҳияи равишҳои муштарак ва расонидани кумаки зарурӣ ба Афғонистон аст. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлатамон ташаббус нишон дод, ки якҷоя бо Афғонистон татбиқи лоиҳаҳои бузурги тиҷоратӣ, нақлиётӣ ва энергетикии дорои аҳамияти минтақавӣ бо мақсади пешбурди иқтисоди ин кишвар ва дастгирии мардуми он пайваста идома ёбад.
Имрӯз кишварҳои СҲИ шарикони бузургтарини савдои Ӯзбекистон мебошанд. Дар охири соли 2022 гардиши мол миёни Ӯзбекистон ва кишварҳои СҲИ 12,3 миллиард доллар ва дар моҳҳои январ-июли соли 2023 5,8 миллиард долларро ташкил дод. 
Аз моҳи майи соли 2018 фаъолгардии ҳамкории Ӯзбекистон бо СҲИ ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, аз соли 2018 ба ин сӯ дабирони кулли СҲИ Халил Акча, Ҳодӣ Сулаймонпур, Хусрав Нозирӣ, инчунин муовини дабири кулл Ҳусейн Бичаклӣ ба Ӯзбекистон сафар карданд. Дар баробари ин, иштироки ҷониби Ӯзбекистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ, ки таҳти сарпарастии СҲИ баргузор мешавад, ба таври қобили мулоҳиза густариш ёфт. 
Ҳайатҳои расмии Ӯзбекистон дар ҷаласаҳои прокурорҳои генералӣ, роҳбарони созмонҳои баҳрӣ, вазирони нақлиёт, сайёҳӣ ва кишоварзӣ, инчунин ҷаласаҳои гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба канданиҳои фоиданок ва роҳбарони созмонҳои байтории кишварҳои узви СҲИ ширкат мекунанд.

Ба муносибати пандемияи коронавирус дар соли 2020, чорабиниҳои зиёде онлайн баргузор шуданд, аз ҷумла маҷлиси виртуалии кишварҳои узви СҲИ, Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (UNIDO) ва ширкати консалтингии байналмилалии «Eco-loner» барои баррасии лоиҳаи таъсиси Маркази энергияи софи СҲИ, конфронси виртуалии СҲИ «Дурнамо ва мушкилоти бозорҳои минтақавии неруи барқ: истифодаи имкониятҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ», ҷаласаи якуми виртуалии Гурӯҳи кории авиатсияи гражданӣ (ноябр), семинари виртуалии минтақавии кишварҳои аъзои СҲИ оид ба нишондодҳои ҷуғрофӣ (ноябр).
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи виртуалии вазирони нақлиёти кишварҳои узви СҲИ дар моҳи декабри соли 2020 ташаббуси Ӯзбекистон дар бораи дохил кардани долонҳои нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳани «Осиёи Марказӣ – Афғонистон – Покистон», «Осиёи Марказӣ – Афғонистон – Эрон», «Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон» ба рагҳои нақлиётии минтақаи СҲИ аз ҷониби ҳамаи кишварҳои узви ин созмон дастгирӣ ёфта, ба Эъломияи ниҳоӣ ворид карда шуд. 
Моҳи январи соли 2021 нахустин ҷаласаи сарони минтақаҳои махсуси иқтисодии кишварҳои узви СҲИ ва ҷаласаи 31-уми Шӯрои банақшагирии минтақавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади навбатии Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ таҳти раёсати Ӯзбекистон 17-26 январи соли 2022 бо ташаббуси кишвари мо соли 2022 «Соли таҳкими пайвастагӣ» эълон шуда буд. Бояд тазаккур дод, ки дар давраи раёсати Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ беш аз 25 чорабинӣ баргузор шуд. 
Ҳамин тариқ, 5-6 июли соли 2022 дар Тошканд ҷаласаи 7-уми вазирони кишоварзии кишварҳои узви СҲИ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Дабири кулли созмон Хусрав Нозирӣ низ ширкат дошт. 
13 декабри соли 2022 ҷаласаи чаҳоруми вазирони сайёҳии кишварҳои СҲИ онлайн баргузор шуд, ки дар ҷараёни он Шаҳрисабз пойтахти сайёҳии СҲИ дар соли 2024 интихоб шуд.
Президенти Ӯзбекистон 5 декабри соли 2022 Қонун «Дар бораи ратификатсияи Шартномаи Измир»-ро имзо карда,  бо ин заминаи ҳуқуқии узвияти комилҳуқуқи Созмони ҳамкории иқтисодиро мустаҳкам намуда, инчунин имконоти ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ густариш дод. 
24 январи соли 2023 дар Тошканд ҷаласаи 26-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд, ки дар он вазирони корҳои хориҷии ҳамаи кишварҳои узви ин созмон бори аввал ширкат доштанд. Дар натиҷа Коммюникеи Тошканд қабул шуд. Худи ҳамон рӯз Президенти Ӯзбекистон Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодиро ба ҳузур пазируфт. 
Қобили зикр аст, ки Котиби генералии СҲИ Хусрав Нозирӣ дар интихоботи президентии моҳи октябри соли 2021 ва инчунин дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Қонуни Асосӣ дар Ӯзбекистон, ки 30 апрели соли ҷорӣ баргузор шуд, ба ҳайси нозири байналмилалӣ ширкат варзид. 
Шубҳае нест, ки баргузории нишасти навбатии созмон дар Тошканд ба ҳамкориҳои Ӯзбекистон бо кишварҳои узви СҲИ такони нав бахшида, барои таҳияи равишҳои муштарак дар ҳалли масъалаҳои марбут муттаҳид намудани масъалаҳо заминаи нав фароҳам меорад ва афзалиятҳои асосии минбаъдаро оид ба инкишоф додан ва таҳкими ҳамкории иқтисодии минтақавӣ ба нафъи ҳамаи халқҳои маскуни фазои васеи СҲИ муайян мекунад. 
     
АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: