ҶОМАИ БОМАСЛИҲАТ КӮТОҲ НАМЕОЯД...

Имсол дар 1126 маҳаллаи вилояти Самарқанд интихоботи раисони маҳаллаҳо муташаккилона мегузаранд.

Маҳаллаи ба номи Мирзо Улуғбеки ноҳияи Самарқанд навтаъсис буда, ҳоло дар қаламрави он қариб се ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ ба сар мебаранд.
Рӯзи гузашта дар маркази гузар барои интихоби раиси маҳалла вакилон ҷамъ омаданд.
– Мувофиқи тартибот ва қонунҳо беш аз 200 нафар вакил ба ҷамъомад омаданд, – гуфт раиси гурӯҳи корӣ оид ба интихобот Ӯткур Зиёев.
Ду нафар номзад – Комил Сулаймонов ва Илҳом Сафаров ҳозиронро бо дастурҳои худ оиди нақшаи оянда барои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии маҳалла шинос намуданд.
Бояд таъкид намуд, ки аз рӯи натиҷаҳои интихобот Комил Сулаймонов 170 овоз гирифта пирӯз шуд.
– Сипосгузор ҳастам аз ҳозирон, ки ба ҷонибдории ман овоз доданд, – иброз дошт амини деҳа Комил Сулаймонов, – лекин фаромӯш набояд кард, ки паррандаҳо бо қаноташон, инсон бо дӯстон ва ҳамфикронаш ба мақсад мерасад.
Халқи мо мақоли «ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд»-ро беҳуда истифода намебаранд, ки ба он амал намудан ҳам қарзу ҳам фарз мебошад.
Инчунин, дар тадбир вакили ноҳияи Самарқанд Саид Мардонов, собиқадори таълими халқи вилоят Сайёра Ҳусейнова, собиқадори меҳнат Светлана Егорова ва дигарон ба минбар баромада, ба фаъолияти ояндаи амини деҳа комёбиҳо таманно намуданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: