Ҷоизаи озмуни ҷаҳонӣ, ки таҳти ҳамин унвон гузашт, ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим»-и Самарқанд супурда шуд.
Озмуни мазкур соли 1960 ташкил шудааст. 13-уми декабри соли 2022 он маротибаи 60-ум дар шаҳри Токиои Ҷопон баргузор гардид. Дар он ӯзбекистониён бори аввал иштирок карданд.
Дар байни 66 довталаб намояндаи кишвари мо Нигина Фахриддинова ширкат варзида, соҳиби ҷоизаи аввали озмун шуд.
Ба ин муносибат дар донишгоҳ маросими муаррифии либос баргузор гардид.
Дар тадбир мутасаддиёни Садорати сайёҳии вилоят, вакилони консулгарии генералии Ҷумҳурии Туркия дар Самарқанд ва устодони донишгоҳ иштирок карданд.
– Ин на танҳо пироҳани миллии бонувони Ӯзбекистон, балки аз ҷумлаи беҳтарин либосҳои миллиест – гуфт ҷонишини якуми ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим», профессор Ҷолибой Элтазаров.
– Фаранҷӣ аз ҷузвияти либосҳои миллии занони Ӯзбекистон аст, – гуфт, ҷоизадори озмун Нигина Фахриддинова. – Мо якҷо бо дизайнер Бахтинур Ҳусанов 3 моҳ дар сари ғояи офаридани ин либос кор кардем, онро бо нақшҳои миллӣ оро додем. Ҳарчанд дар ин озмуни байналмилалӣ бори аввал ширкат кардем, пироҳани миллии мо сазовори эътибори дизайнерони ҷаҳон шуд ва эътироф гардид. Мо аз ин бағоят хурсандем. Бовар дорем, ки он аз ҷумлаи шоҳасарҳои нигористон боқӣ мемонад ва таваҷҷӯҳи сайёҳонро ба либосҳои миллии мо бештар мекунад, – мегӯяд ғолиби озмун.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.