Байни Тошканд ва Самарқанд қатораи иловагии «Afrosiyob» ба роҳ монда мешавад

Ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии занон қатораи иловагии баландсуръати «Afrosiyob» байни Тошканд ва Самарқанд чанд рӯз ба роҳ монда мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати нақлиёт.

Электропоезд 8, 9 ва 10 март аз рӯи хатсайри № 775/776 «Самарканд — Тошканд — Самарқанд» мувофиқи ҷадвал ҳаракат мекунад:

хатсайри № 775 «Самарқанд — Тошканд»:

Самарқанд (11:11) - Тошканд (13:26);

хатсайри № 776 «Тошканд — Самарқанд»:

Тошканд (13:51) - Самарқанд (16:05).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: