Президенти Ӯзбекистон дар ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ – Олмон» иштирок кард

  • Президенти Ӯзбекистон дар ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ – Олмон» иштирок кард

29 сентябр дар Берлин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳамоиши нахустини сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон, ки таҳти раисии Канслери Федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Олаф Шолс гузашт, иштирок намуд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Маслиҳати Халқи Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ширкат Ҷустанд.

Мувофиқи рӯзномаи ҳамоиш пешомади вусъат додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву инсонпарварӣ, рушди энергетикаи «сабз» ва обсозиш ба тағйироти иқлим, масъалаҳои ҳифзи захираҳои табиӣ ва муҳити атроф, ҳамчунин саъю кӯшишҳои муштарак бобати таъмин сохтани рушди муттасил ва устувори минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Иштирокдорони чорабинӣ қайд намуданд, ки шакли «Осиёи Марказӣ – Олмон» барои мулоқоти ошкоро ва ташаккул додани рӯзномаи нави ҳамкориҳои амалии кишварҳои минтақа бо ҷониби Олмон соҳати самарабахш гардид.

Роҳбари давлати мо ба сатҳи кунунии ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ баҳои баланд дод ва таъкид сохт, ки Ӯзбекистон рӯзномаи некҳамсоягӣ, таҳкими эътимоди тарафайн ва шарикиро мустақимона идома медиҳад.

Ба нақши Олмон бобати расондани кумаки амалӣ барои рушди кишварҳои минтақа аз рӯзҳои аввали истиқлолият баҳои баланд дода шуд.

Қайд гардид, ки алҳол мамлакати мо дар давраи муҳими ташаккулёбӣ ва сохтори Ӯзбекистони Нав – давлати демократие, ки манфиатҳои инсон афзалияти олии он ба шумор меравад, қарор дорад. Стратегияи дарозмуҳлати рушди мамлакат то соли 2030-юм қабул шуд ва барои муваффақ шудан ба ҳадафҳои азими он бо ҷалби иқтидори шарикони байналхалқӣ саъю кӯшиш карда мешавад. Самтҳои афзалиятноки ҳамкории дарозмуҳлат, ки аҳамияти умумиминтақавӣ доранд, мушаххас карда шуданд.

Инҳо рушди робитаҳои сармоявӣ, инноватсионӣ ва технологӣ, мубодилаи таҷриба, ҷорӣ кардани манбаъҳои нави энергия, коркарди амиқи захираҳои ашёи хом, пурзӯр кардани алоқаҳои тарафайни нақлиётиву комимуникатсионӣ, пешбурди рӯзномаи «сабз», тайёр намудани мутахассисон барои соҳаҳои мухталиф мувофиқи меъёрҳои олмонӣ, кумаки башардӯстона ба аҳолии Афғонистон мебошанд.

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳоди ҷониби Олмонро бобати истиқрори Шарикии стратегии минтақавии байни Осиёи Марказӣ ва Олмон, гузаронидани вохӯрӣ ва машваратҳои мунтазамро дар шакли мазкур дастгирӣ карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: