ҲАМОҲАНГИИ АДОЛАТ ВА ИНСОНПАРВАРӢ

Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ, амалӣ гардонидани ормонҳои мардуми мо, бахусус, устувории қонуну адолат дар кишварамон солҳои охир ба мақсади асосии ислоҳот табдил ёфтанд.

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон, ки соли 2020 қабул шудааст, ба ҳамин мақсад нигаронида шуда, дар ин ҳуҷҷати таърихӣ вазифаҳо ва самтҳои асосии татбиқи сиёсати пайвастаи давлатӣ доир ба таъмини ҳуқуқ ва озодии инсон муайян гардидааст
Дар доираи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти рушди устувор дар солҳои 2017-2021 дигаргуниҳое, ки мардуми мо солҳои зиёд интизори он буданд, ба амал омаданд ва мо ба дастовардҳои бузург ноил гардидем. Дар даврҳои гузашта таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев корҳои бузург ба анҷом расонида шуданд ва ягон соҳае нест, ки навсозӣ нашуда бошад.
Қобили зикр аст, ки пурзӯр гардондани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ва коҳиши камбизоатӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян шуда, таъмини аҳоли бо ҷойҳои нави корӣ ва манбаи кафолатноки даромад, хидматрасонии босифати тиббию таълимӣ, шароити арзандаи зиндагӣ ба сатҳи сифатан нав бардошта шуд.
 Дар доираи Стратегияи амалиёте, ки собитқадамона ва устуворона татбиқ мегардад, тамоми имкониятҳо барои ҳосил кардани боварии баланди халқи мо, амалӣ гардидани орзую умеди онҳо, таъмини зиндагии ободу фаровон сафарбар карда шуданд ва дар натиҷа мардум дигаргуниҳои мамлакатро дар ҳаёти худ ҳис мекунад.
Ҷорӣ карда шудани низоми тамоман нави авф ва бо кафолати иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз ҷазо озод кардани шахсон бо мақсади таъмини ҳуқуқи инсон ҳаёти ҳазорон одамонро равшану обод кард.
Фармони Президент «Дар бораи авф кардани як гурӯҳ шахсоне, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд, аз кирдорашон самимона пушаймон шуда, қатъиян ба роҳи ислоҳ гузаштаанд», бемуболиға, ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати инсондӯстонаи давлатамон дар ин самт буд.
Дар ҳаёти одамоне, ки бо ин санад авф карда шудаанд, мазмуни тамоман нав пайдо шуд. Дарвоқеъ, озодӣ яке аз бузургтарин неъматҳои ба инсон додашуда аст. Онҳое, ки надониста ҷиноят содир кардаанду имрӯз паси панҷара нишастаанд, хуб мефаҳманд, ки бо кадом сабаб дар ин ҷоянд.
Мувофиқи фармон авфи 63 нафар шаҳрвандоне, ки донистаю надониста дар банди 23-и моддаи 93 Конститутсия ҷиноят содир намуда, аз кирдори худ сидқан пушаймон шудаанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳ гузаштаанд, ба бисёри оилаҳо шодию хурсандӣ ва умед бахшид. 
Ин воқеа зуҳуроти амалии сиёсати инсонпарваронаест, ки дар мамлакати мо пеш гирифта мешавад, хислатҳои аҷиби мардуми мо, аз қабили таҳаммулпазирӣ, бахшандагӣ, саховатмандӣ ва накӯкорӣ мебошад. Хушбахтии бузург аст, ки ба онҳое, ки дар кӯчаҳои ҷиноят гумроҳ шудаанд, имкони баргаштан ба маҳалла, оила ва фарзандони худ фароҳам оварда мешавад.
Имрӯз дар назди ҳамаи мо вазифае меистад, ки шахсони афвшуда ба ҳаёти иҷтимоӣ мутобиқ гарданд, бо меҳнати судманд машғул шаванд, тарзи ҳаёти солимро пеш баранд ва дар ҷомеа мавқеи сазовор пайдо кунанд. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд ба онҳо кумак кунем, то бо тиҷорат машғул шаванд ва фаъолияти соҳибкории худро оғоз карда, бо ҷойи кори муносиб таъмин шаванд.
Инсон дар тӯли умри худ донистаю надониста хато мекунад. Аммо, бори дигар бахшидан, дастгирӣ кардан ва роҳнамоӣ ба гумроҳшудагон намунаи олии инсондӯстии мардуми мост. Имзо карда шудани ин санад далели амалии сиёсати инсонпарваронаи давлати мост.

Одинахон ОТАХОНОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: