ДУХТАРИ АРМАН, КИ РАҚСИ МИЛЛИРО ҶАҲОНӢ КАРДААСТ

Дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ бахшида ба 115 солагии Тамарахонум шаби ёдбуд баргузор шуд.

Дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ бахшида ба 115 солагии Тамарахонум шаби ёдбуд баргузор шуд.
Дар он санъатшиносон, шогирдон, аъзои оилаи ҳунарпешаи номвар, донишҷӯёни Мактаб-интернати хореография, Академияи давлатии хореография ва аъзои маҳфили мусиқии мактаби 
2-юми ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд иштирок карданд.

 

Баромадкунандагони шаби ёдбуд таъкид карданд, ки Тамарахонум яке аз ҳунарпешагони номӣ мебошад, ки бо рақсҳои ҷаззоби худ чӣ дар кишвари мо ва чӣ дар хориҷи он маълуму машҳур гаштааст. 
Тамара Петросян 29 марти (дар баъзе манбаъҳо 16 март) соли 1906 дар шаҳри Марғилон таваллуд шудааст. Ӯ аз овони хурдсолӣ ба санъати театр ва рақс таваҷҷӯҳи зиёд дошт. 
Дар солҳои вазнини 20-30-юми асри гузашта, ки дар кишвар гуруснагӣ ҳукмрон буду мамлакат аз ҷиҳати сиёсӣ низ ноором буд, Тамараи ҷавон дар саҳнаи театри опера ва балети руси ба номи Я. Свердлови Тошканд ҳамчун актриса фаъолияташро оғоз кард. Баъдтар дар труппаи балети Тошканд асрори рақсро омӯхт. Ӯ дар театри драма ва мусиқии Самарқанд низ фаъолият бурдааст. 
Хидматҳое, ки дар бунёди Канали калони Фарғона ва солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар фронт кардааст, лоиқи таҳсину эътироф мебошанд. Дар давоми панҷ соли ҷанги дуюми ҷаҳон барои аскарон зиёда аз як ҳазор консерт баргузор намуда, ба аз рӯҳафтодагӣ баромадани онҳо кӯмак расондааст.
Дар сохтмони Канали калони Фарғона, ки 45 рӯз давом кард, Тамарахонум  бо рақсу сурудҳояш ба коргарон мадади рӯҳӣ бахшид, бо онҳо дар якҷоягӣ кор кард.
Тамарахонум дар давоми эҷодаш зиёда аз 500 рақс ва суруди милливу хориҷиро бо 86 забони ҷаҳон иҷро кардааст. Ӯ дар театр низ нақшҳои зиёдеро, мисли Ширин («Фарҳод ва Ширин»), Гулчеҳра («Аршин мол алан») ва Ҳалима («Ҳалима») офаридааст.   

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: