Теъдоди қурбониёни сӯхтори ҷангал дар Чилӣ, бино ба иттилои расмӣ, ба 131 нафар расидааст.
Наҷотдиҳандагон барои зери назорат гирифтани вазъи сӯхтори шадид дар наздикии шаҳрҳои Вина-дел Мар ва Валпараисо кор пеш мебаранд. Чандсад нафар бедарак шудаанд. Президенти кишвар Габриэл Борич нигарон аст, ки шумори қурбониён бештар мешавад, хабар медиҳад хабаргузории Франс Пресс.
Ба гуфтаи хидматҳои махсус, дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди кишвар наздик ба 200 сӯхтор сабт шудааст, ки бештари онҳо дар манотиқи ҷанубӣ ва марказӣ рух додаанд. Минтақаи аз ҳама бештар осебдида қисми ғарбии пойтахт Сантяго мебошад, ки дар он қариб ду миллион нафар зиндагӣ мекунанд, хабар медиҳад mir24.tv.