Мо ин исму насабро, аксар ҳангом вобаста бо илми шарқшиносии Ӯзбекистон, институти дастнависҳо ва матншиносии асарҳои Алишери Навоӣ бисёр шунидаем.
Саҳми Ҳамид Сулаймонов – доктори илмҳои филологӣ, Арбоби шоистаи илми Ӯзбекистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абурайҳони Берунӣ дар инкишофи илми шарқшиносии ҷумҳурӣ хеле бузург аст. Дар фаъолияти илмии олими нуктасанҷ тадқиқи матни лирикаи Навоӣ, тартиб додани библиографияи ӯ мавқеи хоса дошт. Олим «Девони Фонӣ»-ро аз Фарангистон оварда, дар шакли факсмил интишор кардааст. Матни интиқодии «Хазоин-ул-маонӣ»-и шоири бузургро таҳия намуда, аз Ҳайдарободи Ҳиндустон девони Ҳофизи Хоразмиро ба Тошканд овардааст. Бо саъю кӯшишҳои зиёди ӯ дар Тошканд Осорхонаи адабиёт ва Институти дастхатҳо таъсис ёфт. Хулоса, ӯ бо ҳамсараш Фозила Сулаймонова аз сутунҳои илми шарқшиносии Ӯзбекистон буданд.
Даҳҳо китобҳои оид ба мактаби хаттотӣ ва миниатурӣ зери таҳрири онҳо рӯйи чопро дидаанд...
Аммо касби асосии Ҳамид Сулаймон чӣ буд? Ӯ чӣ гуна ба соҳаи шарқшиносӣ ворид шуд?
Мавсуф 5-уми майи соли 1910 дар Тошканд таваллуд шуд. Падараш С. Хӯҷаев аз шахсони бомаърифати замон буд. Номи ӯро чун яке аз асосгузорони санъати кинои ӯзбек ба забон мегиранд.
Бино ба нақли академик марҳум Наим Каримов С. Хӯҷаев соли 1882 дар маҳаллаи Камолони Тошканд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Дар сесолагӣ аз меҳри падар маҳрум шуд ва дар дасти момову бобоёни модарӣ тарбия ёфт. Солҳои 1918-1923 дар мактаби «Беҳбудӣ»-и Тошканд муаллимӣ кард. Солҳои 1926-1934 ҳаёташро ба санъати кино бахшид. Аввалин филмҳои беовозро ба навор гирифт. Яке аз филмҳои ӯ бахшида ба шӯриши Ҷиззах, ки соли 1916 бар зидди сиёсати истилогарони империяи Русия рӯй дода буд, бо номи « Қабл аз субҳидам» офарида шудааст. Азбаски филм рӯҳияи зиддирусиягӣ дошт, онро нобуд мекунанд, аниқтараш лентаҳояшро месӯзонанд.
Хонаводаи онҳо бо оилаи Ғулом Зафарӣ ва Абдулло Қодирӣ робитаи хеле наздик дошт.
Ҳамид Сулаймон аз пайи андӯхтани касби падар, солҳои 1927-1932 дар Маскав дар Донишкадаи давлатии кинематографияи умумииттифоқ таҳсил мекунад. Аммо, мутаассифона, ба ӯ бинобар кулфату бадбахтиҳое, ки дар замони репрессияи рӯшанфикрон ба сари аҳли оилаашон омада буд, дар соҳаи кинематография кору эҷод кардан насиб накард, аниқтараш худаш нахост.
Мувофиқ ба мақолаи Наим Каримов, соли 1934 яке аз раҳбарони Ҳизби болшевикӣ С. М. Киров бар асари суиқасд кушта мешавад. Сулаймон Хӯҷаев дар ҳузури чанд нафар «Кушта бошанд, куштаанд-дия» мегӯяд. Ӯро барои ин ба хоҷагии «Малик», ки он ҷо «Средазлаг» ҷойгир буд, бадарға мекунанд. Баъд аз муддате 20 августи соли 1937 мепарронанд. Ин воқеаи мудҳиш Ҳамид Сулаймони ҷавонро водор кард, ки аз давом додани касби падар даст кашида, ба омӯхтани адабиёти Ғарб руҷӯъ намояд.
Аз сабаби он, ки Ҳамид Сулаймонов бо омӯзишу тарҷумаи асарҳои намояндагони бузурги адабиёти Ғарб, аз қабили «Илиада», «Дон Кихот», «Ҳамлет», «Фауст» машғул буд, ӯро барои «муҳаббаташ» ба адабиёти Ғарб айбдор мекунанд ва ба ҳабс мепартоянд. Ин дар ҳоле, ки Ҳамид Сулаймон пас аз тарки соҳаи кинематография дар Донишкадаи педагогии Тошканд (солҳои 1935-1950) кор карда, ба садҳо ҷавонон аз санъати тарҷума ва адабиёти классикӣ дарс гуфта буд. Фозилаапаро зери истинтоқ гирифта, маҷбур мекунанд, ки аз шавҳараш даст кашад. Аммо ӯ, ки ба ҳақ будани шавҳараш бовар дошт, ба муҳаббаташ содиқ мемонад. Ҳамид Сулаймон бошад, чанд сол дар зиндон намаки заҳрогини онро «мечашид».
Миёнаҳои солҳои 50-уми асри гузашта дар қатори садҳо рӯшанфикрони фидоӣ, ки ба онҳо тамғаи миллатгароиро зада буданд, сафед карда мешавад. Аз ҷумла падараш Сулаймон Хӯҷаев низ соли 1957 бегуноҳ дониста мешавад. Ҳамид Сулаймон соли 1955 ба озодӣ мебарояд. Пас аз як сол ба Институти забон ва адабиёти Академияи фанҳо ба кор медарояд ва аввалин коре, ки анҷом медиҳад, тартиб додани библиографияи асарҳои Алишери Навоӣ мешавад.
Сонитар дар ҷодаи навоишиносӣ бисёр корҳои хайрро амалӣ мекунад. Аз ҷумла, матни интиқодии «Хазоин-ул-маонӣ»-ро ба чоп омода мекунад, ки дар он давр воқеаи муҳими интиқодии илми адабиётшиносии ӯзбек ба шумор мерафт. Сипас, дастнависҳои девонҳои «Бадоеъ-ул-бидоя», «Наводир-ун-ниҳоя»-ро дастрас намуда, нашри илмию интиқодии онҳоро таҳия менамояд. Девони Навоиро дар 4 ҷилд аз чоп мебарорад. Ғайр аз ин Ҳамид Сулаймон бобати ҷустуҷӯ ва гирд овардани бисёр асарҳои мансуб ба классикони адабиёти ӯзбек ва форсу тоҷик саҳми бузург гузоштааст. Ӯ соли 1978 ба Институти дастхатҳо асос мегузорад. Ҳамин тавр, собиқ синамогар ба як олими сермаҳсули шарқшинос бадал меёбад, ки ҳам ба ӯ ва ҳам ба миллаташ обрӯй меорад.
Хидматҳои Ҳамид Сулаймон барабас нарафтанд. Олими маъруф соли 1979 вафот кард. Номи ӯро бо некӣ ёд мекунанд.
Шоқаҳҳор САЛИМОВ.