ТОҶИРОНИ ҶОПОН ДАР ФАРҒОНА ШАҲРАКИ ТИББӢ МЕСОЗАНД

Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров роҳбари ширкати NAGAI Clinic Коҷи Нагаиро ба ҳузур пазируфт.

 Онҳо дар бораи татбиқи лоиҳае гуфтугӯ карданд, ки бунёди шаҳраки муосири тиббию солимгардонӣ дар шаҳри Фарғонаро мадди назар дорад.  
Маълум шуд, ки дар таркиби шаҳрак барпо намудани 11 намуди клиника, 2 дорухона, 20 муассисаи солимгардонӣ, маркази омӯзишии тарзи ҳаёти солим ва таълими тиббӣ, барои барқарор намудани саломатӣ варзишгоҳҳо ба нақша гирифта шудаанд. Арзиши ибтидоии лоиҳаи ин шаҳраки тиббию солимгардонӣ 8,72 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад. 
Дафтари матбуоти ҳокимият хабар медиҳад, ки дар рафти вохӯрӣ ёддошти ҳамкорӣ оид ба татбиқи лоиҳаи мазкур ба имзо расид. 
Ин шаҳраки тиббию солимгардонӣ як ҷо бо «Shogun city»-и ширкати ҷопонии «Micado Development», ки сохтмони онро дар майдони 3 гектари «Экошаҳр» ва дар ивази 15 миллион доллари амрикоӣ оғоз кардааст, меҳмонхона ва тарабхонаҳоро низ дар бар мегирад ва муштаракан дар ин ҷо шукӯҳи тозаеро касб хоҳанд кард. 
Инчунин дар мулоқот бо роҳбари ширкати мазкур Окуда Такефуми ҷараёни сохтмони маҷмааи «Fergana Shogun» низ баррасӣ шудааст. Роҳбари ширкати «Micado Development» гуфтааст, ки дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи сохтмони маҷмаа шумораи ҳуҷраҳо дар қисми меҳмонхона аз 60 то ба 100 адад расонида шуда, иқтидори нуқтаҳои савдо ва хӯрокворӣ хеле васеъ мегардад. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: