3.«ОВОЗИ ТОҶИК»– 100 СОЛИ ПУРШАРАФ

ё худ ёди рӯзҳои гузашта дар партави «Бухорои Шариф» ва «Овози тоҷик»

(Охираш. Аввалаш 
дар шумораҳои гузашта).

 

Дар зимн касро боварӣ мебахшад, ки ин роҳ кишварро ба қуллаи орзуҳои давраи навини тиллоӣ  хоҳад расонд.
Ин ҳол дар саҳифаҳои кунунии «Овози тоҷик» тавассути ходимонаш, ки ҳамагӣ пайвандгари авлоданд дилангезу рангин акси худро меёбад, сабти «таърихи тоҷикони Ӯзбекистон» шудан дорад. Дар ин ҷода рӯзноманигорони имрӯзаи «Овози тоҷик» – ҷонишини сармуҳаррир Тоҷибой Икромов, шоирон Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев), Муҳаммадҷони Шодӣ, Абдулло Субҳон, котиби масъул Аълам Нарзиев, мухбирон Саодат Бекназарова, Гулҷаҳон Кабирова, Набия Нодирова, Махфират Мамаҷонова, Далер Азизов, мухбирон дар вилоятҳо Амрулло Авезов, Зоҳир Ҳасанзода, Мирасрор Аҳроров, Олимҷон Ҷумъақулов, Анорбой Назаров, Шариф Халил, Ӯзбакбой Раҳмонов, кормандони техникӣ Латофат Бобоқулова, Холида Тӯхтаева, Муниса Тӯхтаева, Навбаҳор Ҳамроқулова, мусоҳиб Элвира Тоҷихоҷаева, хазинабон Гулнур Вилданова давомбахши анъанаҳои наҷиби устодон фаъолият доранд.     
Ҳамзамон, мебояд гуфт, ки манзараҳои имрӯзаи «Овози тоҷик» ҳам аз дарун ва ҳам аз берун замонавист. Чизе ки бе тағйир, чун «Аҳмади порина» мондааст, муаммои обуна аст, ки ба сари «Бухорои Шариф» низ об рехта буд. Мушоҳидаҳо гувоҳи онанд, ки кунун ҳама савораю бо итоб дар шитобанд. Афсӯски саволи «шитоб ба куҷо? Итоб чаро?» ҳеч касеро дар хаёл нест. Ба ин нисбат он чӣ дар ёд мондааст,  агарчи  зеботар аз ҳозира набошад ҳам, ба дил наздиктар метобад.
Махсусан, одоби муоширату самимияти муомила. Мисле ки собиқаҳо «диле доштанд – суханпазир ва суханҳо доштанд – дилпазир». 
Дарвоқеъ, суҳбате, ки боре бо сармуҳаррир Шерпӯлод Вакилов ва ҷонишини ӯ Тоҷибой Икромов доштам, оид ба дирӯз  ва имрӯзи газета, дар хусуси таҳияи китоби садсолагии рӯзнома дар асоси очерки «Ёди ёдҳо: «Овози тоҷик» – 80 соли пуршараф» таскини дил  шуд. Ва ин навиштаҳо рӯйи коғаз омад. Зеро саргузашти «Овози тоҷик»  таърихи халқи бумист. Тоҷикон ҳамеша ҳамроҳ бо ӯзбекҳо будаанд ва мебошанд, ки Тошканди ҳозираю Чочи қадима мустасно аз ин нахоҳад буд. Вагарна шоири асримиёнагии  адабиёти мо Бадри Чочӣ, агар тоҷик намебуд, чӣ гуна метавонист соҳиби унвони «Фахруззамон» гардад ва дар қатори адибони мумтози форс-тоҷик  ба худ ҷой пайдо намояд?  
... «Овози тоҷик» то аввалҳои моҳи декабри соли 2023 дар ошёнаи шашуми бинои ҳафтошёнаи кӯчаи Матбуотчилар, 32 ҷойгир буд. Ҳамон вақт аз ошёнаи шашум  поин омадан ҳамон манзараҳои кӯҳна дар «навори хаёл» нав шуда, зимнан ба ёд омад, ки ҳамин қисми Тошканд, то замони инқилоби соли 1917,  бо номи Маҳаллаи нав (ё Гузари урус) ёд мешуд. «Пиёнбозор» ҳам дар ҳамин гирду атроф ҷой доштааст. Аз рӯйи шунидаҳо, ин бозор шабу рӯз серодам, дар «лапка»-ҳои он («лавка») русҳои муҳоҷир шароби хонагӣ (самогон) мефурӯхтаанд. 
Солҳои аввали инқилоб Лоҳутӣ, дар асри ХV Хоҷа Аҳрори Валӣ, Зайниддин Восифӣ, дар асри Х Абӯбакр Шиблии Истаравшанӣ, дар асри IХ тарғибгари мазҳаби Шофеъия Ҳазрати Имом Қаффоли Шошӣ ҳам дар Тошканд зистаанд. Дар аҳди заҳабии Сомония Тошканду Истаравшан як вилояти давлати муқтадири Сомониён будааст, ки то ба ҳол дар Истаравшан «Гузари тошкандӣ» боқӣ мондааст.
Қатраёде, ки 54 сол пеш дар лавҳи хаёлам нақш гузоштааст. Ин гап  кирои таърих набошад ҳам, баъзе саҳифаҳои таърихи муштаракро зинда менамояд.
Азбаски вақтҳои донишҷӯйӣ хабару мақолаҳоям дар ин газета  чоп мешуд, ҳамон рӯз, дар даст диплом, бо дили пур роҳ пеш гирифта аз вокзали Тошканд бо трамвай аввал то истгоҳи «Дизелний», ки ба ҳозира хиёбони Амир Темур наздик аст, омада будам, то ки раҳораҳ бинои Дурулмуаллимин («Тоҷикинпрос»)-и Тошкандро дида гузарам, ки дар он ҷо Мирзо Турсунзода ва устоди зиндаёдам Файзулло Абдуллозода (яке аз муассисони Институти педагогии Хуҷанд (ҳозира Донишгоҳи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) таҳсил гирифтаанд. 
Ин ният дар Самарқанд, баъди вохӯрдан бо устод Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода пайдо шуда буд, ки ману Адаш Истад ва Аскаралии Раҷаб (доктори илм, профессор) ду рӯз ба эшон ҳамроҳ будем ва хотираю нақлҳои ҷолиб аз эшон шунида будем, ки баъзе аз гуфтаҳояшон ба ҳамин дорулмуаллимин тааллуқ дошт.
Ҳамин бинои таърихӣ, дар фосилаи на он қадар дуртар аз Институти шарқшиносии Тошканд, ҳанӯз барҷост. Вале он навиштаи зебои номи донишгоҳ, ки 54 сол пеш дида будам, аз байн рафтааст. 
Ҳамон рӯз бо роҳи «миёнбур» ба редаксия меравам гуфта аввал ба «Туркманбозор»-и серодам омада будам. Ҳоло ҷояшро қабулгоҳи ВКД гирифтааст. Чизи муҳиме, ки аз ин бозор дар ёд мондааст, шунидани суруди Маъруфхӯҷа Баҳодуров буд, ки он соат аз радиокарнайи нӯги симчӯби бозор баланд садо медод.  
Ёдам ҳаст, ки ҳамон рӯз ба идораи рӯзнома вақти пешин расида омадам  ва  муддате дар яке аз якдамшинакҳои саҳни Театри опера ва балети ба номи Навоӣ нишаста, рисолаи дипломиамро варақгардон кардам ва ба ин шеър, ки  ба сӯгвории Ноил Шерзода  шоир Аҷзӣ гуфтааст, дучор омадам.  
Ноили шаккарсухан дар вақти мо мумтоз буд,
Месазад дар васфи ӯ гӯям, ки буд афсаҳлисон. 
Ҳароина, ду ҳиссиёт маро ташвиш медод, ки якеаш ҷудоӣ аз университет бошад,  дигараш чӣ гуна ҷой гирифтан дар идорае, ки замоне дар он Айнию Ализода ва Ноил Шерзода... кор кардаанд.
Ин шеър  гӯё изҳори дили ман буд:
Ёди айёме, ки бар сар ман фароғат доштам,
Давру даврон доштам, улфат зи ёрон доштам.
Табъи ман чун чашмаи хуршед меомад ба ҷӯш,
Ҳар тараф аз аҳли дониш ҳамнишинон доштам.
Ниҳоят, ба қабули сармуҳаррир, депутати Шӯрои Олӣ, узви комиссияи тафтишоти КМ ПК Ӯзбекистон Шавкат Ниёзов, ки марди азимҷусса, пешонафарохи сиёҳабрӯ, босалобату кушодарӯе будааст, даромадам. Баъди суҳбат ва ошноӣ бо рисолаи дипломиам ва дигар ҳуҷҷатҳо ариза нависонда, маро ба кор қабул кард. 
Баъди он, то ёфтани хонаи арзонтари иҷорагӣ, ҷойи хобам гоҳе дар вокзал буду ҳангоми навбатдорӣ – ҳуҷраи корӣ, ки болишти сарам бастаи газетаҳо мешуд. Бо вуҷуди камии маоши «подчитчик»– ёрирасони мусаҳҳеҳ ва азобҳои бехонагӣ, бо ҷамоати рӯзнома зуд унс гирифтам. 
Аслан ба ин қадар зудӣ одат карданам ба бори гарони рӯзнома як воқеа сабабгор шудааст, ки дар шаби яке аз навбатдории «бе навбатам» воқеъ гардид. «Бе навбат» ба ин маънӣ, ки баъзе аз калонсолҳо бо илтимос маро ба ҷойи худашон масъули имзои чопи рӯзнома мегузоштанд. Азбаски шахси «навбатдор» то рӯз метавонист дар идора бимонад, ман аз ташвиши ҷойи хоб халос мешудам. 
Он шаб кор аз ҳад тӯл кашид, «правка» (ислоҳу илова)-и «чапакзанӣ», «чапакзаниҳои пурмавҷи бардавом»-и маърӯзаи Котиби Генералӣ аз Маскав дер омада буд. Хостам аз сандуқи диван дастабанди газетаҳоро гирифта, болишт созам. Лекин аз зери дастабандҳо папкаи ҳуҷҷатҳои Раҳимҷон Султонов баромад.
Асноди ҳамон Раҳимҷони самарқандӣ, ки вақти ба Тошканд омадани Гагарин дар мошини «Чайка»-и ҳукуматӣ сураташ дар саҳифаи аввали рӯзномаю муқоваи журналҳо бо кайҳоннавард чоп шуда, машҳур гашта буд. Медонистам, ки Раҳимҷон дар «Правда Востока» мусаҳҳеҳ буда, ахиран дар Кумитаи комсомоли ҷумҳурӣ котиб шудааст. Аммо намедонистам, ки вай ҳам мисли ман аз имтиҳони бехонагию маоши кам гузашта будааст.  
    
КОТИБИ МАСЪУЛ — 
СУТУНИ ИДОРА  

Котиби масъул Раҳматҷон Норов сутуни идора буданд, аз он кас равиши кор омӯхтам, хушлибосӣ, бо зарофат, бе ҳарфи зиёдатӣ, бо ҷиддият сухан кардан одати эшон буд, тартиби коргузориашон ҳавас меовард, ҳамаи материалҳои аз шӯъбаҳо қабулшуда болои мизашон бо тартиб мебуд. Китоби қайди миқдор ва рӯзи супурда шудани материалҳо болои китоби «летучка», дар паҳлӯяш суратҳои  УзТАГ ва мухбирони суратгири идора Неъматҷон Шарифов ва Андрей Заблотский дар пакети алоҳида буд. Пакети дигарашон «сандуқи гранкаҳо» ном дошт.  
Хонда баромадани ҳама материалҳо вазифаи рӯзмарраашон буд, ёдрас кардани бурду бохти ҳар маводро ҷузъи тарбияи ходимон медонистанд.   Маслиҳатҳояшон муфид буд. Аз ёдам намеравад, рӯзе ба ман  сурати  нимтанаи марди бедастеро нишон дода гуфтанд, ки ин одам то ҷанг дуторнавози моҳир будааст, алҳол кор мекунад, мудири мағозаи калони сабзавот аст. Ҳамин тавр, очерки дилнишине навиштам, ки бо унвони «Нидоҳои дутори бе садо» рӯи чопро дид.
Саҳифабандиашон мазмун дошт. Ин аз макет маълум шуда меистод.  Ягон маводи хонданӣ аз як саҳифа ба дигараш намегузашт. Ҷойи сурату ҷойи қатшавии газетаро чунон ба инобат мегирифт, ки мабодо ягон сурат ё сатр ба ҷойи қат рост омада, «бесар» ё «кӯр» ба чашм нарасад. 
Ҷонишини сармуҳаррир Муҳсин Умарзода, «морж», ошиқи шоҳмот, асири кор, муҳаққиқи забон ва адабиёт, соҳирқалам буданд. Аммо вақти кор, ҳамаро фаромӯш мекарданд. Ҳамин хислати Умарзодаро ҳамкори дар нафақа будаи мо апаи Фарида (ёдашон ба хайр), ки дар мактаби русӣ таълим ёфта, зани шартакигӯе буданд, боре дар як нишаст ин тавр ба ёд оварда буданд. 
«Намуред шумо, Умарзода, оё дар ёд доред, ки аз пагоҳӣ шумо мехондеду ман чоп мекардам. Пешин гузашт, шумо бошед, ҳам мехӯрдеду ҳам «дикта» мекардед.  Фақат баъди эътироз карданам «ба абед рухсат» гуфта будед. Мемурдед-чӣ, агар ба ман ҳам аз таоматон манзурат мекардед?»   
Қисмати Шавкат Ниёзови дарёдилу хайрхоҳи беназир, Раҳматҷон Норови озодаписанд бо Муҳсин Умарзодаи дарундор аз чанд ҷиҳат мушобеҳ монд. Инҳо замоне шомили аспирантура шуда, аз давом додани кори илмӣ даст кашидаанд. Шабоҳати дигарро дар хислат ва рӯзгорашон гувоҳ будем, ки бо ҳамсари худ ба забони русӣ муомила мекарданд ва занҳояшон доим бемор буданд. Боз як ҷиҳати дареғ ин, ки ҳар се ин ҳамкорон китобҳои нодир  доштанд. Махсусан Умарзода. Афсӯс, дар оилаи онҳо китобхоне ба забони тоҷикии падарӣ намонд.
Нағз дар хотир мондааст, ки солҳои 70-80 бисёр шунавандагони мактаби олии партиявии Тошканд аз ҷумлаи адибони тоҷик буданд, аксарияти онҳо дар идораи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» таҷрибаомӯзӣ кардаанд. Навиштаҳои Теша Раҷаб, Ато Ҳамдам, Олимӣ… дар бисёр саҳифаҳои «Ҳақиқати Ӯзбекистон» маҳфузанд. Рӯзноманигори зиндаёд, сармуҳаррири «Садои мардум» Бобоҷон Абдулвоҳидов, ки аз таҷрибаомӯзони «Овози тоҷик» буд, то охири умраш даст ба ҳамкорӣ мезад, ташаббускори саҳифаҳои муштараки «Садои мардум» ва «Овози тоҷик» мешуд.  
Солҳои аввали ба кор омаданам  бо худораҳматии Акбар Усмонов, ки баъзеҳо «Акбари якрав» меномиданд, ошно шуда, баъдтар фаҳмидам, ки «якрав» – киноя аз худшиносӣ, чун рӯзноманигор ба муқобили маҷро рафтани ӯро ифода мекардааст. 
Ҷонфидоӣ ба кори обуна, ҷонсӯзӣ барои баста нашудани дари мактабҳои тоҷикӣ, ҷалб намудани сӯхиён ба таълими олӣ, ки хоси Султоналӣ Исмоилов (мухбири газета дар вилояти Фарғона) буд, аз ёди ҳеч кас намеравад. Дареғ аз рафтани ин гуна ҷонсӯзони миллату фарҳанг. Боз ҳам тасаллои дил аст, ки онҳо шогирдон ба воя расондаанд, ки имрӯз васлгари наслҳо шудаанд.  
Бо шоир Васфӣ (Муҳаммадҷон Мухторов), ки  дар як ҳуҷра мебудем, шоҳиди бисёр суҳбатҳои  эшон бо Чустӣ, Ш. Шермуҳаммадов, Собир Абдулло ва дигарон гардидаам. Таассуфи устод дар ёд мондааст, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсиро бо вазни арӯз ба ӯзбекӣ гардонидаанду рухсат фақат ба тарҷимаи ҳиҷоӣ  шудааст.
«Овози тоҷик», ки барҳақ хирмани маънист, аз вай бисёр хӯшаҳо чидаам. На фақат аз ходимони донишманд, ҳатто аз кормандони тасодуфӣ, ки бо «илтимос» ба кор омада буданд, панди рӯзгор гирифтам.  Ҳамкорию навиштаҳои  Адаш Истад, донишманди умедбахш Олимҷон Давлатов, шоирон Файзхоҷа Маҳмудов, Нормурод Каримзода, Салим Кенҷа пурсамар буданд. Агар гӯем, ки ҳама адибони тоҷики ӯзбекистонӣ бо ин рӯзнома робита доштанд, муболиға намешавад
Ёдоварии ходимони собиқи рӯзнома, инчунин зикри дастгирӣ, алоқаю ҳамкориҳои Бобоҷон Ғафуров, Чинор Имомов, Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум, Лоҳутӣ, Деҳотӣ, Юсуфӣ, Мирзо Турсунзода,  Икромӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Мунзим, Абдулғанӣ Мирзоев,  Тӯрақул Зеҳнӣ, Ҳ.Ҳ. Ниёзӣ, Баҳлулзода, Ғафур Ғулом, Шароф Рашидов бо «Ҳақиқати Ӯзбекистон» – «Овози тоҷик» на фақат кори савоб, инчунин ба ҳама равшанфикрони тоҷик, рӯзномахонҳо илҳом хоҳад бахшид.   

Маъруф ОТАХОНЗОДА,
Журналисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: