ЧИЛЛАОБДИҲӢ – БОИСИ ФАРОВОНИИ ҲОСИЛ

Деҳқонони пуртаҷриба хуб медонанд: замини корам то аз чиллаоб сер нашавад, фароҳам овардани ҳосили фаровон мушкил аст.

 Мутаассифона, сардии аз одат беруни ҳаво, яхбандии рӯдҳо ба ҷараёни корҳои зимистонии зироатпарварон халал мерасонад. Бо вуҷуди ин дар вилояти Бухоро барои обшӯй намудани шӯри 227 ҳазору 606 гектар майдони киштукор чораю тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. 

Баробари ин дар 60 ҳазору 600 гектар ғаллазори вилоят баъди додани нурии минералию маҳаллӣ ҷараёни бо усули «шарбат» чиллаобдиҳӣ вусъат меёбад.
Пӯшида нест, ки 85,1 фоиз,  ё ки 235,1 ҳазор гектар  қитъаҳои зироатпарварии вилоятро ба сатҳи гуногун шӯр иҳота кардааст. Аз ин рӯ  лозим аст, ки соле ду- се бор ин майдонҳо обшӯй карда шаванд. Аз тарафи дигар норасогии об барои деҳқонон мушкилӣ пеш овардааст. Бинобар ин мутасаддиёни соҳа баҳри бартараф кардани ин душворӣ чораҷӯӣ мекунанд. Роҳҳои ба воситаи дарёи Зарафшон аз обанбори «Каттақӯрғон»-и вилояти Самарқанд ба Бухоро овардани об андешида шуд. Бояд таъкид намуд, ки бо ин роҳ дар ҳар як сония 80 метри мукааб об ҷорӣ мегардад. Боиси хурсандист, ки нақша амалӣ гашта, оби «Каттақӯрғон» аллакай аз ҳудуди ноҳияи Навбаҳори вилояти Навоӣ гузашта, то шабакаҳои обёрикунии вилояти Бухоро расида омад. Дар натиҷа зироатпарварони ноҳияҳои Ғиҷдувон, Шофиркон, Пешкӯ, Рометан ва Вобканд аз «оби ҳаёт» баҳраманд мегарданд. Деҳқонон азму кӯшиш доранд, ки обшӯйкунии қитъаҳоро то охири даҳрӯзаи аввали моҳи феврал ба поён расонанд.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: