ОБОД ВАТАНИ МОӢ!

Чун анъана мардуми шарафманди диёри мо ҷашни пуршукӯҳу фархунда ва хотирмони истиқлолро таҳти ғояи асосии 29-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Ту сарчашмаи нирӯ, даргоҳи бахту саодат ҳастӣ, Ӯзбекистони азиз!» истиқбол менамоянд.

Чун анъана мардуми шарафманди диёри мо  ҷашни пуршукӯҳу фархунда ва хотирмони истиқлолро таҳти ғояи асосии 29-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Ту сарчашмаи нирӯ, даргоҳи бахту саодат ҳастӣ, Ӯзбекистони азиз!» истиқбол менамоянд.
Воқеан солҳои қаблӣ низ шаҳрвандони кишвар ин ҷашнро ба таври васеъ ва пуртантана пешвоз мегирифтанд. Вале ҳоло, ки мо дар давраи пандемия қарор дорему бо сабабҳои муайян ба қоидаҳои карантин амал мекунем, ба ҳар ҳол васфи Ватани ҷоноҷону дастовардҳои назарраси онро хотиррасон кардан корест пурсавоб ва вазифаи шаҳрвандӣ.
Бояд эътироф кард, ки пас аз истиқлолиятро ба даст овардан дар Ӯзбекистон корҳои шоиставу бузурге рӯйи кор омаданд. Нахуст пас аз Истиқлолият арзишҳои миллӣ барқарор гардиданд. Эҳтирому бузургдошт ва барқарор намудани ёдгориҳои таърихӣ худ нишонаи гуфтаҳои болоӣ мебошанд. Яъне, аз солҳои аввали Истиқлол дар ватани мо ба қадриятҳои миллӣ эътибори хосса дода шуд.
Баъдан бамаврид аст гӯем, ки баҳри рушди иқтисодиёт низ корҳои азим ба сомон расиданд. Кушодашавии садҳо корхонаҳои иқтидорашон баланд, ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон, ҷалб намудани сармоядорони хориҷӣ, ободу зебо ва ба таври замонавӣ нав кардани пойтахти кишвар – шаҳри Тошканд ва маркази дигар вилоятҳо боиси рушди иқтисодиёти кишвар гардиданд.
Ӯзбекистони офтобрӯя бо заминҳои зархезу серҳосил, обу ҳавои мусоид ва мардумони меҳнатдӯсту меҳмонпарвараш намунаи ибрати аҳли ҷаҳон мебошад. Ин аст, ки ҳар нафаре ба кишвари мо баҳри меҳмонӣ ва ё сайёҳӣ ояд, албатта, орзуи бори дигар ба ин ҷо омадан мекунад. Ин барои ҳар як шаҳрванде, ки дар ин диёри биҳиштӣ зисту зиндагонӣ менамояд, бахти неку бебаҳост. 
Албатта, дӯст доштани Ватан аз оила, маҳаллу гузар ва зодгоҳи кас шурӯъ мегардад. Аз ин сабаб баробари ифтихор аз диёри ҷоноҷон бояд ҳар як нафар баҳри ободиву бунёдкориҳои Ватан ҳиссаи босазои худро гузорад, то ҷон дар рамақ дорад, ҳаракат намояд, ки бо як хислати ибратбахш, бо як амали шоиста, бо як кори хайру савобаш барои пешрафти Ӯзбекистони азиз саҳм гирад. Зеро худ аз худ маълум аст, ки Ватан баҳри дар ҳаёт қадамҳои устувор гузоштани мо дари имкониятҳоро боз намудааст. Ба қадри ин ғамхориҳое, ки онро ба меҳри модар низ ташбеҳ медиҳанду дар тавъам Ватан-Модар меноманд, бояд бирасид. 
Ба ин хотир гуфтанием, ки Ватан такягоҳи пурқувват, маъвои беҳтарин ва манзили ободу озоди мост. Аз ин рӯ, биёед баҳри ободиву бунёдкориҳои беш аз пеш камари ҳимматро маҳкамтар бубандем ва аз ҳама муҳимаш, бигузор дар шарёни мо меҳри Ватани ҷоноҷон доимо ҷӯш занад. 

Пайғом 
МУҲАММАДҶОНОВ, 

вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: