«ДАР ПАСИ РУЛ – БОКСЁР!»
Автомобил ин боиси ҳашамату дабдабаи танҳо соҳибаш не, балки боз воситаи нақлу кашондани мусофирон ва бору маҳсулот аст. Солҳои охир он боз функсияи дигар – рекламаву таблиғ ва ахбори «гардон»-ро ҳам ба ҷо меорад. Бисёр корхонаву фирмаҳо барои автомобилҳо ҳар хел навиштаҷот мебароранд, то ки аз он мардум истифода бубаранд. Вале баъзе ронандаҳо бо мақсади изҳори ақидаи шахсии худ матнҳои табъи дилашонро менависанд ва ба ҳар ҷойи мошинашон мечаспонанд. Ин гуна навиштаҷот се соҳа: муносибати ронандаҳо ба роҳҳо, нигоҳи мардон ба занони паси рул ва автомобилпарастиро дар бар мегиранд.
Борҳо болои капоти пеши мошинҳои сабукрав чунин навиштаҷотро хондаем: «Занак, барои писар ташаккур!». Навиштаҷоти «Барои овардани духтарам (ё писарам) меравам» ҳам зуд-зуд ба назар мерасанд. Ҳатто дар истгоҳи калони Хӯҷакафшери ноҳияи Самарқанд назарам ба авотомобили «Спарк»-и сафеде афтод, ки дар шишаи қафои он бо ҳарфҳои калони сурх ронандаи шермардаш чунин навишта буд: «Дангала хӯрем!».
Ронандаҳо матнҳои дилхоҳи худро аксаран дар шишаи қафои мошин ҷой медиҳанд. Дар паси шишаи мошини боркаше хондам: «Ҷиян, ба куҷо мешитобӣ?» Ронандаи «Запарожетс»-и куҳнаву фарсудае ба паси шишаи мошинаи худ «Ба ҳар ҳол пиёда не» навиштааст.
Умуман, ин хел амал ё «эҷод»-кории ронанандгонро натанҳо дар шаҳру вилоятҳои мамлакатамон, балки дар дигар ҷойҳо ҳам дидан мумкин аст. Аз баъзеи онҳо бӯйи лутфу шӯхии беғаразона меоянд. Ҳамчун дору асабоният ва стресси ноҳамвориҳои роҳу рафтори дағали баъзе ронандаҳои бадаъмолро бартараф ҳам месозад.
Инак, гулчини «эҷодиёт»-и ронандагон:
«Сабр»
***
«Дар паси рул боксёр!»
***
«Чӣ хел хоҳам, ҳамон хел меравам»
***
«Сигнал надиҳед: бе ҳамин ҳам воҳиманок»
***
«Андоз месупорем. Канӣ роҳ?»
***
«Аз паси ман наоед. Худи ман роҳгум задам»
***
«Суғурта кардӣ? Пеш гузар!»
***
«Шояд ман суст меравам, вале аз ту пеш!»
***
«Ту ҳам шаҳодатномаи ронандагиро харидаӣ?»
***
«Ин бақияи ҳамаи он чизест, ки пас аз талоқ мондааст»
***
«Зан дар паси рул: мусофирон дуо мехонанд, пиёдагардон калима мегардонанд»
***
«Бо мошинҳои хориҷӣ онҳое мегарданд, ки ба харидани «ВАЗ» зӯрашон намерасад!»
***
«Диққат! Дар паси рул – зан: Худо шуморо дар паноҳаш нигоҳ дорад!»
***
Таҳдиди шӯхиомез ба ронандаи мошини қафо, ки пеш гузаштан мехоҳад:
«Ҳатто фикр накун, ҳозир як тормоз диҳам...»
***
«Пеш гузашта натавонӣ, ҷаҳида гузар!»
***
Дар шишаи паси мошине бар замми расми туфлии пошнабаланди занона чунин сабт шудааст:
«Шаҳзодаро меҷӯям»
***
«Ман маст не, аз чуқуриҳои роҳ мегурезам»
***
Навиштаҷоти паҳлӯи пойафзоли занона:
«Фаҳмед, бубахшед ва роҳ диҳед»
***
«Ҷафс нашав, мо дар ҷойгаҳ не!»
***
«Аз нозирони роҳ Худо нигоҳ дорад!»
Бахтиёри ҶУМЪА.