Олимони бритониёӣ изҳор карданд, ки зеҳни сунъӣ метавонад барои пешгӯии хатари сактаи қалб истифода шавад.
Низом қодир аст муайян кунад, ки оё шахс дар даҳ соли оянда бо мушкилоти вобаста ба саломатӣ дучор мешавад ё не.
Тадқиқотро олимони Донишгоҳи Оксфорд анҷом доданд. Ба гуфтаи онҳо технологияҳои замонавӣ қодиранд ҳаёти ҳазорон нафарро наҷот диҳанд, менависад «Мир 24».
Сканҳои Томографияи компутерӣ барои муайян кардани басташавӣ ё тангии рагҳо дар беморон истифода мешаванд. Ҳар сол дар Британияи Кабир тақрибан 350 ҳазор нафар аз ин тартиб мегузаранд. Аммо тадқиқот метавонад ба қадри кофӣ дақиқ набошад.
Олимон ба хулосае омаданд, ки баъзе бемороне, ки бо дарди қафаси сина ба беморхона меафтанд, сабаби бистарӣ шуданашонро намеёбанд. Онҳоро боз ба хона равон мекунанд. Аммо дар оянда хатари гирифтори сактаи қалб боқӣ мемонад. Зеҳни сунъӣ дар бораи ҳолати системаи низоми дилу раг маълумоти пурратар медиҳад.
«Таъмини тасвири дақиқи хатар метавонад ҷараёни муолиҷаро барои бисёре аз беморони гирифтори бемории қалб тағйир диҳад ва эҳтимолан беҳтар кунад» – изҳор кард олим.
Муҳаққиқон маълумоти беш аз 40 ҳазор беморонро, ки дар тӯли 2,7 сол ҷамъоварӣ шудаанд, таҳлил карданд. Асбоби зеҳни сунъӣ маълумоти 3393 беморро мавриди омӯзиш қарор дода, хатари сактаи қалбро дақиқ пешгӯӣ карда тавонист. Пас аз он ба табибон арзёбии хатарҳое, ки тавассути зеҳни сунъӣ барои 744 беморон тавлид шудаанд, пешниҳод гардиданд ва дар 45 фоизи ҳолатҳо усули табобат ислоҳ карда шуд.