МУЛОҚОТИ СЕ НАСЛ – ОМИЛИ МУҲИМ БАРОИ ВАҲДАТУ ҲАМГАРОӢ

Вилояти мо арбобони давлатӣ, олимону фозилон, сиёсатмадорон ва эҷодкорони зиёдро зодаву парвардааст.

Вилояти мо арбобони давлатӣ, олимону фозилон, сиёсатмадорон ва эҷодкорони зиёдро зодаву парвардааст. Аз ҷумла, арбобони давлатӣ Шароф Рашидов ва Шавкат Мирзиёев маҳз зодаи ҳамин вилоят мебошанд.
Аммо ҳоло дар ин гузориш таваҷҷӯҳи шуморо ба он нукта ҷалб карданиам, ки дар вилоят миллатҳои гуногун дар ваҳдату ҳамгароӣ ва эҳтироми якдигар ба сар мебаранд. Дар вилоят қариб 1 миллиону 425 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Дар баробари ӯзбекону тоҷикон, инчунин қазоқ, қирғиз, тотор, рус, украин, немис, турк, арман ва намояндагони қавму миллатҳои дигар аз сокинони шаҳру рустоҳои вилояти мо маҳсуб меёбанд.
Вилояти мо дар солҳои охир намои хеле зебо касб намудааст. Фикр мекунам, ки дар ояндаи наздик шукӯҳ ва шаҳомати шаҳр, шаҳраку рустоҳои он боз ҳам ободу зебо мегардад. Зеро сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат мусоидат менамояд, ки мардуми мо ба имрӯзу фардои дурахшони худ эътимоди комил дошта бошанд.
Мардуми вилоят дар кишварҳои дигари ИДМ ва берун аз он низ кору зиндагӣ мекунанд, ки бо заҳмату матонати худ маъруф гаштаанд. Яке аз чунин фарзандони диёри мо Владимир Шаманов мебошад. Вай дар Думаи давлатии Русия раиси Кумитаи мудофиа мебошад. Шаманов ба унвони олии “Қаҳрамони Русия” сазовор гаштааст.
Кӯдакии вай дар ноҳияи Мирзочӯл гузаштааст.  Владимир Шаманов ба наздикӣ ба ин ноҳия  ташриф овард ва аз дигаргуниҳое, ки дар ин ҷо рух додааст, ба ҳайрат омад. 
Баргузории чунин мулоқоту суҳбатҳо дар вилоят ба ҳукми анъана даромадааст. Бо наздикӣ дар ноҳияи Зомин чорабинии анъанавии “Вохӯрии се насл” роҳандозӣ гардид.  Дар он собиқадорони меҳнат, нурониҳо ва як гурӯҳ ҷавонон ширкат карданд. Ба ин чорабинӣ сафирони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ даъват карда шуданд. Иштироки онҳо чорабинии “Вохӯрии се насл”-ро шукӯҳи тоза бахшид.
Барои он ки сайёҳон бо мероси маданиву маърифатӣ ва арзишҳои ин ҳудуд ошно шаванд, шароити қабул ва таъмини онҳо бо меҳмонхонаҳо, истифодаи фаровон аз воситаҳои нақлиёт, беҳбуди сифати хидматрасонии гуногун бояд ба таври шоиста роҳандозӣ гарданд. Аксарияти аҳолии деҳаи Дуобаро қирғизтаборон ташкил медиҳанд. Дар деҳа як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, инчунин бунгоҳи тиббии дорои шароитҳои зарурӣ ва таҷҳизоти замонавӣ фаъолият мекунанд. 
– Ман  ва сафирони дигар аз ташрифи худ ба деҳаи Дуоба хеле хурсандем. Дар ин деҳа қисмати аъзами аҳолии онро ҳаммиллатони ман ташкил мекардаанд. Минбаъд кӯшиш хоҳам кард, ки бо сокинони он робитаи хуб барқарор намуда, дар чорабиниҳои фарҳангии онҳо иштирок кунам, – мегӯяд Сафири Фавқулодда ва Мухтори Қирғизистон дар Ӯзбекистон Иброҳим Ҷунусов.
Сафирон бо донишомӯзон ва омӯзгорони мактаби рақами 8-уми деҳаи Дуоба мулоқот карданд. Баъд бо соҳибкорони ин деҳа вохӯрда, бо фаъолияти онҳо аз наздик ошно шуданд. 
Мизбонон ба меҳмонони олиқадри худ намунаҳои мероси маданиву маърифатиро намоиш доданд, аз эҷоди адибони қирғиз низ намунаҳо қироат карданд. Зимни боздид аз бунгоҳи тиббӣ меҳмонон амин шуданд, ки қабули беморон ва барқарор намудани саломатии онҳо аз тарафи пизишкон ва ҳамшираҳои шафқати он ба таври намунавӣ ташкил карда шудааст. Деҳаи Дуоба аз маркази ноҳия дар масофаи 100 километр воқеъ гаштааст, азбаски барои аҳолӣ ҳамаи шароит фароҳам  оварда шудааст, бошандагони он дар роҳи барқарории саломатӣ ва муоинаву муолиҷа ягон душворӣ нахоҳанд кашид.
Деҳаи Пешиғори ноҳияи Зомин меҳмонҳоро бо шукӯҳи хос истиқбол намуд. Дар ин ҷо низ вохӯрии се насл баргузор гардид. 
Яке аз нукоти дигари ин чорабиниҳо тарғиби расму ойин ва анъанаҳои мардуми деҳаҳои ноҳияи Зомин буд. Мизбонон талош мекарданд, ки беҳтарин хислату фазилати мардуми худро ба меҳмонон намоиш диҳанд, дили онҳоро дарёбанд. 
 Бо ҳам дар як фазои дӯстонаву бародарона, дар ваҳдату ҳамгароӣ ба сар бурдани мардуми он низ аз ҷиҳатҳои муҳим мебошад. Нишастан дар атрофи як дастархони пурфайзу барака ва таом хӯрдан, суҳбату мулоқотҳо ва аскиягӯиҳо, баҳраманд гаштан аз меҳмоннавозиҳои хоси мизбонон дар пешрафти ҷомеаи мо ва амну субот хеле нақши муҳим мебозад. 
Таъкиди он бамаврид аст, ки вилояти Ҷиззах барои рушду ривоҷи расму ойинҳои мардуми маскуни он, тарбияи ҷавонон ва таблиғи соҳибкорӣ дар соҳаи туризм аҳамияти хос дорад. Метавон гуфт, ки оҳиста-оҳиста шаҳру рустоҳо ва мероси онро маҳз ҳамин ҷавонон, ки насли сеюм маҳсуб меёбанд, бар дӯш хоҳанд дошт. Ривоҷи туризм ва ҷалби бештари сайёҳон ба вилоят низ як ҷанбаи кори онҳоро ташкил хоҳад дод.
 
Умеда НАВРӮЗОВА.
Вилояти ҶИЗЗАХ.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: