ДАР ДОНИШГОҲИ КОМПЛУТЕНСИ МАДРИД МУҶАССАМАИ МУТАФАККИР ВА ОЛИМИ БУЗУРГ МУҲАММАД АЛ-ХОРАЗМӢ ГУЗОШТА ШУД

Ба қарибӣ дар ҳудуди Донишгоҳи Комплутенси Мадрид маросими ифтитоҳи муҷассамаи мутафаккири бузург Муҳаммад ал-Хоразмӣ баргузор гардид.

Ба қарибӣ дар ҳудуди Донишгоҳи Комплутенси Мадрид маросими ифтитоҳи муҷассамаи мутафаккири бузург Муҳаммад ал-Хоразмӣ баргузор гардид. 
Донишгоҳи Комплутенс бузургтарин муассисаи таҳсилоти олии Испания мебошад, ки соли 1499 таъсис ёфтааст. Имрӯз он дар байни донишгоҳҳои кишвар дар ҷойи аввал аст. 
Ёдгорӣ дар қаламрави хиёбон байни корпусҳои факултаҳои физика, химия ва математика ҷойгир шудааст. 
Дар ин чорабинӣ роҳбарияти донишгоҳ, намояндагони доираҳои илмии Испания, донишҷӯён ва ҳамватанони ӯзбек ширкат варзиданд.
 Сафири Ӯзбекистон дар Испания Ҷаҳонгир Ғаниев дар паёмаш таъкид кард, ки мутафаккир ва олими бузург, аҷдоди бузурги мо Муҳаммад ал-Хоразмӣ бо кашфиёти дурахшони худ дар рушди илми ҷаҳонӣ саҳми бебаҳо гузоштааст. Имрӯз дар Ӯзбекистон ба масъалаҳои таълим диққати махсус дода мешавад, дар самти рушди таҳсилоти томактабӣ,  ки асоси системаи маориф мебошад, чораҳо андешида шуданд. Консепсияҳои рушди тамоми бахшҳои системаи маориф то соли 2030 қабул карда шуданд. 
Ректори Донишгоҳи Комплутенс Хоакин Гояче Гони қайд кард, ки муҷассамаи яке аз олимони барҷастаи ҳама давру замонҳо, мутафаккири бузург Муҳаммад ал-Хоразмӣ дар майдони Донишгоҳи Мадрид ҷойгир хоҳад шуд ва ин барои донишгоҳ шарафи бузург аст.
“Бешубҳа, муҷассамаи ал-Хоразмӣ барои ҳама донишҷӯён намуна ва роҳнамо ва инчунин ёдоварӣ аз кори бебаҳо ва саҳми олими бузург дар рушди илми ҷаҳонӣ хоҳад буд», – гуфт ректор. – «Аз номи Донишгоҳи Комплутенс ба ҳукумати Ӯзбекистон барои тӯҳфаи тақдимшуда ташаккур мегӯям. Риштаҳои дӯстии чандинасраи халқҳои ду кишвар омили муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мебошанд. Ифтитоҳи муҷассамаи мутафаккир ва донишманди бузург Муҳаммад ал-Хоразмӣ дар бонуфузтарин донишгоҳи Испания хусусияти дӯстонаи муносибатҳои Испания ва Ӯзбекистонро тасдиқ мекунад, ки метавонад ҳамчун намунаи ҳамкориҳои дуҷониба, пеш аз ҳама дар соҳаи фарҳанг ва илм хидмат кунад”. 
Муовини ректор оид ба масъалаҳои фарҳанг, варзиш ва ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо Изабел Гарсия Фернандез таъкид кард, ки ифтитоҳи муҷассамаи мутафаккири барҷаста Муҳаммад ал-Хоразмӣ натиҷаи корҳои дар тӯли якчанд сол анҷомдодаи бисёр одамон мебошад. 
«Ман ҳамчун як профессори санъат мехоҳам қайд намоям, ки муҷассама аз ҷониби устои моҳири кори худ офарида шудааст ва бешубҳа, ба ҳудуди донишгоҳи мо зеб хоҳад дод», – гуфт ӯ. — «Олими бузург на танҳо математик, балки астроном ва географ низ буд. Ва ба ин маъно, асарҳои илмии ӯ ба ҳамаи мо, ба тамоми башарият тааллуқ доранд. Муҳаммад ал-Хоразмӣ мероси барҷаста ва бебаҳо гузоштааст. 
Бешубҳа, хидматҳои Муҳаммад ал-Хоразмӣ дар рушди математика аз ҷониби тамоми тамаддун эътироф карда мешаванд ва номи ӯ, ки дар байни олимони Шарқ ягона аст, дар унвони «алгоритм», инчунин номи яке аз асарҳояш – дар истилоҳи «алгебра» сабт шудааст. 
Иштирокчии ин рӯйдоди таърихӣ будан барои ман шарафи олист. Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам таманноҳои беҳтарини худро ба мардуми ӯзбек расонам”. 

АИ «Дунё»,
 МАДРИД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: