ФЕСТИВАЛИ КАШИДАДӮЗӢ

Бо мақсади рушд додани сайёҳӣ ва тарғиби ҳунармандӣ дар зиёратгоҳи «Хоҷа Орифи Моҳитобон»-и ноҳияи Шофиркон, бо ташаббуси ҳокимияти ноҳия ва ҳамкории Сарсадорати сайёҳӣ ва мероси маданӣ, шуъбаи ноҳиявии Иттиҳоди «Ҳунарманд», бахши ноҳиявии Маркази маънавият ва маърифат, шуъбаи маданияти ноҳия фестивали кашидадӯзӣ ба амал омад.

Дар он беш аз 30 нафар ҳунармандони кашидадӯз бо маҳсули дастони худ иштирок карданд.
Дар чорабинӣ кашидадӯзон ва ҳунармандони кандакории чӯб ҳунар ва маҳорати худро намоиш дода, дӯстдорони ҳунарро сӯи худ ҷалб карданд. 
Намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ ва ба роҳ монда шудани савдои онҳо ба иштирокдорони тадбир ва харидорон хеле писанд омад.
Барномаи консертии шуъбаи фарҳанги ноҳия ба онҳо ғизои маънавӣ бахшид.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: