ДУХТУРОНИ КУВАЙТӢ – ДАР ФАРҒОНА

Гурӯҳи бистнафарии духтурони Кувайт ба вилояти Фарғона омаданд.

Онҳо дар ҷараёни ин сафар ба таври ройгон ҷарроҳӣ намудани қалби 60 нафар фарзандони оилаҳои ниёзмандро анҷом хоҳанд дод, ки аз ин беморӣ азият мекашанд.

Онҳо дар кишвари худ ба сифати  мутахассисони баландихтисос муаррифӣ шудаанд, дар клиникаҳои ширкати «Gulf Care General Trade»-и Кувайт машғули фаъолият мебошанд. 
Сафари онҳо мувофиқи татбиқи як лоиҳаи бузурги сармоягузорӣ дар Фарғона корбаст мегардад, ки байни Ӯзбекистон ва Кувайт барномарезӣ шудааст. 
– Корҳои ҷарроҳӣ то 16 январ дар маркази тиббии бисёрсоҳаи кӯдаконаи вилоят ба вуқӯъ мепайванданд. Ҳоло барои ҷарроҳӣ 60 нафар кӯдакон тайёр карда шудаанд. Онҳо тавассути амалиёти мураккаби ҷарроҳии технологӣ, аз ҷумла амалиёти интервенсионии кардиологӣ ҷарроҳӣ мешаванд, – мегӯяд сардори Саридораи сиҳати оммаи вилоят Абдуқаюм Тӯрақулов.
Маълум шуд, ки ин кӯдакони бемор ҳанӯз дар моҳи июли соли 2023 аз тарафи табибони кувайтӣ мавриди муоинаи тиббӣ қарор гирифтаанд ва ба феҳрасти нақшаи ройгон ҷарроҳӣ кардани онҳо ворид гардидаанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: