Дар арафаи Рӯзи ҷавонон ҳокими ноҳияи Шофиркон Алишер Файзуллоев ба кори хайр даст зад.
Бо ташаббуси вай тӯи суннатии 30 нафар наврасон ба амал омад.
Ба тадбир падару модарон ва наздикони тӯйшавандагон, алоқамандон ва собиқадорони меҳнат, фаъолони маҳалла ва роҳбарон иштирок карданд.
Ҳокими ноҳия наврасон ва волидони онҳоро бо рӯзи шодиёна табрику муборакбод намуда изҳори боварӣ намуд, ки ин бачагони хушбахт дар оянда кадрҳои муносиб ва фарзандони бовафои халқу Ватан шуда ба воя мерасанд.
Ба ҳар яки 30 наврас велосипед ва сару либос инъом гардид. Имом-хатиби ноҳия соҳибтӯёнро бо дастархони мурод ва Иди қурбон муборакбод намуда дархостҳои нек орзу кард ва дар охир аз Қуръони Карим пораеро тиловат намуд.
Тӯи суннатӣ бо савту сурудҳои дилнишини кормандони шуъбаи маданияти ноҳия ва ҳофизони хушхон пурҷозиба гузашт.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.