ГУЛДАСТА БАРОИ МОДАР

Марде дар пеши дӯкони гулфурӯшӣ истод.

 Ӯ мехост гулдастаеро барои модараш, ки дар деҳаи дурдаст зиндагӣ мекард, харида фиристонад. 
Ҳангоми аз дӯкон баромадан, ҷавондухтареро дид, ки дар канори роҳ нишаста, гиря мекард. Мард пеши духтар рафта пурсид: 
– Духтарам, чаро гиря мекунӣ?
– Мехостам барои модарам як даста гул харам, вале пулам кам аст. 
Мард хандиду гуфт: 
– Ҳамроҳам биё, ман барои ту як даста гули зебо мехарам. Онро ба модарат бубар. 
Вақте ки аз дӯкони гулфурӯшӣ мебаромаданд, духтар гулдастаро дар дасташ гирифту, бо хушҳолӣ гуфт: 
– Раҳмат ба шумо. 
– Намеарзад. Агар хоҳӣ туро то хонаи модарат мебарам, – гуфт мард. 
– Не, ташаккур ба шумо. То қабри модарам роҳ дур нест! – гуфту рафт.  
Мард ҳарфе гуфта натавонист. Чизе гулӯяшро фишурд. Тоқат накарда, ба дӯкони гул баргашт ва гулдастаи беҳтаринеро гирифта, роҳи деҳаро, ки садҳо километр дур аз шаҳр буд, пеш гирифт то худаш онро ба модараш бубарад.


Таҳияи Далер АЗИЗОВ.


ҶАВОБИ ПИРАМАРД
Аз пирамард пурсиданд:
– Чаро занҳо  ба осонӣ ва бидуни ангеза гиря мекунанд?
Пирамард андаке  тавақ-қуф карду гуфт:
Ҳангоме ки Худованд занро офарид, шонаҳои вайро нерӯманд ва мус-таҳкам сохт, то битавонад ҳама ҷаҳонро ба дӯш бардорад, то ҳама ҷаҳон рӯйи он шонаҳо ором гирад. Оғӯшашро гаҳвора сохт, то ҷаҳон дар оғӯшаш  бузург шавад.  Ба  вай сабри дарунӣ  ва тани нерӯманд дод, то ҳангоми таваллуд дардро таҳаммул кунад. Ба вай умед дод, то  ҳангоме ки ҳама ноумед шуданд, ба роҳ идома диҳад. Худо занро аз устухони  синаи мард  офарид, то сипаре ба  дили мард шавад, ба  вай  отифа дод, то хонаво-даашро нигаҳдорӣ кунад. Ба вай сабри  бузурге дод, то дар ҳар ҳангом аз фарзандонаш нигоҳдорӣ кунад, ҳатто агар худаш бемор  буд  ва саранҷоми Худо ба вай ашк  барои резондан дод. Ин ашкҳо аз вай аст ва моли худи ӯст ва ҳар ҷое, ки зарурат шуд, беихтиёр, бе ангеза, бе далел ва бе тавзеҳ аз он кор мегирад.
Ва барои мард дасте офарид, то он ашкро аз рухсори  вай пок кунад.
Пирамард ба идомаи суханон  гуфт: 
– Бубин писар!
Зебоии зан дар тарзи  ҷомапӯшӣ ё дар ҳинобандӣ ё бо тарзи бастани мӯйҳои вай нест. Зебоии вай дар чашмҳои вай нуҳуфтааст, чун чашмҳои вай дарвозаи вурудӣ  ба дили  ӯст ва дили ӯ ҷоест, ки ишқаш  дар  ҳамон  ҷо хона кардааст.
Мард мавҷуди дурбину оянданигар ва зан мавҷудест аниқу  дурандеши ҷаҳон.


БАРАКАТ — 
ДАР МУҲАББАТ

Дили занро нашиканед, чун Худованд ҳар қатраи ашки ӯро хоҳад  шуморид. Шав-ҳари ҳақиқӣ онест, ки дар дили ҳамсар ба ҷойи дард муҳаббат ҷо мекунад, ба ҷойи шаппотӣ шафқат ҷо мекунад, ба ҷойи ашки чашм ишқи самимӣ мебахшад.
Қадру қимати зан дар  ислом: вақти таваллуд ба падараш дари ҷаннатро мекушояд, вақти издивоҷ нисфи имони шавҳарашро пурра мекунад ва вақти модар шудан, ҷаннат зери пояш мегардад.
Ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) фармудааст: Худованд бара-коти ризқи оиларо дар муҳа-ббати зану шавҳар ниҳон кардааст...
ВАЗНИ РАВҒАН ВА ШАКАР
Бевазане барои таъмини рӯзгор ба дӯкон равғани зард мебурд. Дӯкондор ҳар дафъа равғанро барна-кашида пулашро медод. Ҳамин тавр муддати зиёде гузашт. Рӯзе гӯё чизе ба сари дӯкондор омад ва ӯ равғани занро бар тарозу гузошта баркашид. Вақте дид, равған на 1 кг., балки 900 грамм буд, ба хашм омада ба зан дод зад: «Чаро маро фиреб медиҳӣ? Равғани ту 900 грамм аст! Оё аз Худо наметарсӣ?»
Рӯйи зан аз хиҷолат сурх шуду оҳиста гуфт: «Хоҷа, дар хонаи ман тарозу нест. Ман вазни равғанро бо вазни шакари аз шумо харидаам чен мекунам».  

Таҳияи 
Навбаҳор ҲАМРОҚУЛОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: