Мувофиқи нақша дар мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ маҷлиси умумии падару модарони хонандагон баргузор гардид.
Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Дилмурод Қӯзиев ҳозиринро бо натиҷа ва дастовардҳои хонандагон дар соли хониши 2022-2023 шинос намуда, изҳор намуд, ки хатмкардагони мактаб сад андар сад ба донишгоҳҳои олии Ӯзбекистон дохил шуданд.
Сипас, роҳбарони синф доири рафти корҳои таълиму тарбия, таъмини хонандагон бо китобҳои таълимӣ ҳисоботи мухтасар доданд.
Зимни муҳокимаи вазифаҳои соли нави хониш падару модарон хеле фаъол буданд. Онҳо аз дастовардҳои соҳаи таълим дар соли пешин қаноатмандии худро изҳор намуда, оиди кори тарбиявӣ нигаронии худро зикр намуданд.
Мӯйсафеди нуронӣ Расул Турсунов, ки чор нафар наберааш дар мактаб таҳсил доранд, андешаҳои худро изҳор намуд:
– Мо ҳам дар мактаб таҳсил намудаем. Аз Зиҳноку Сойкалон омада дарс мехондем. Ҳар рӯз тақрибан 28-30 км роҳро пиёда тай мекардем. Аз дарсҳо ақиб намемондем. Китобу рӯзнома мехондем. Он солҳо шароит ва имконоти мактабҳо аз вазъияти имрӯзаи мактабҳо куллан фарқ дошт. Бубинед, мактаб бо технологияи иттилоотии замон, хонандагон бо китобҳои таълимӣ ройгон таъмин мебошанд. Вале одобу рафтори баъзе хонандагон созгори замон нест. Дар гӯш гӯшаки мобилӣ ҳатто садои мошини роҳгузарро намешунаванд. Ё худ садои гӯшакро баланд намуда, ба кадом забоне суруд гӯш мекунанд. Аз гӯшаки мобилӣ эҳтиёт бояд шуд.
– Китобҳои бадеӣ дар китобхонаи мактаб кам буда, бо вуҷуди ин китобхонӣ боз ҳам камтар гардидааст, – гуфт омӯзгори собиқадор Суярқул Ҳайдаров. – Китоб ганҷи маърифат аст, агар китобу рӯзнома нахонем, дунёи маънавии худро ба кадом роҳ пур мекунем? Обуна маҷбурӣ нест, вале ин чунин маъно надорад, ки мо аз он ганҷи маънавӣ бебаҳра бимонем. Расонаҳои даврӣ воситаҳое мебошанд, ки ҷаҳони маънавии моро ғанӣ, ҷаҳонбиниро васеъ, барои бо замон ҳамнафас будан кумак мерасонад, забонро равону беолоиш мегардонад. Ҳатто забони баъзе омӯзгорон дилро мехарошад. Ин ҳама аз нахондани китобу рӯзнома аст.
Сад шукр, дар кишвар ба забони мо маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ», рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Ховар» табъу нашр меёбанд. Ба онҳо бояд обуна шуда, забон ва маънавияти хешро ғанӣ гардонем. Дастовардҳои таълимӣ бад нест, вале бо холигии маънавӣ пешравӣ намешавад.
«Фарзанд азиз аст, одобаш аз он азизтар», – ҳикмати халқиро ёдовар шуд модари ҷавон Гулноз Раҳимова. – Бешубҳа, имрӯз на танҳо дар деҳаи мо, балки дар ҷомеа одобу рафтори баъзе ҷавонон халалдор гардидааст. Ин ҳолат аз беназоратии фарзандон аз ҷониби волидон рух додааст. Намедонем, фарзанди мо дар куҷо, бо кӣ мегардад, ё бозӣ дорад. Намедонем ӯ бо чӣ кор машғул аст. Намедонем аз кадом шабакаҳои интернетӣ «фоида» мебарад. Дар вазъи кунунии ҷаҳонишавӣ назоратро бояд пурқувват намуд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.