ЖАНРИ ЛАТИФА

Латифа (шухӣ, мутоиба, сухани бозарофат, сухане, ки дорои мазмуни амиқ ва нозук аст) — дар фолклор ва адабиёти хаттии тоҷик аз қадим чун жанри мустақил ва маъмули насри бадеӣ вуҷуд дошт ва ҳоло низ дар авҷи инкишоф мебошад.

Дар латифа на як ҳодисаи муайян, балки як лаҳзаи хурди воқеаи мухтасар ишора меёбад. Яъне латифа танҳо як лаҳзаро дар бар гирифта, дар он инкишофи воқеа ва характери қаҳрамонон дида намешавад. Латифа аксаран бе муқаддимаву хотима ва бе тайёрии махсус, бадоҳатан гуфта мешавад.
Дар байни мардуми тоҷик ҳикояҳои кӯтоҳе ҳастанд, ки ширину латиф ва ҳаҷвомез буда, дар ҳар як нишасту маҳфил, маърака, баъзан кӯчаву бозор ва дигар мавзеъҳо байни дӯстону ҳамкорон барои хушҳол намудани табъу хотир гуфтаву шунида мешаванд. Ин ҳикояи хурдҳаҷми эпикиро латифа меноманд, ки дар шароити имрӯза яке аз жанрҳои фаъол буда, нисбат ба жанрҳои дигари насри шифоҳӣ, масалан афсонаву қисса, корбурди бештаре дорад. Дар латифа қариб ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёт ва воқеаҳои рӯзгор ба тарзи бадеӣ ва бо оҳанги ҳаҷвомез инъикос меёбанд. Ҳатто хурдтарин ҷузъиёте, ки дар зиндагии мардум аҳамияту арзише дорад, ё худ лавҳаву лаҳзаҳои гуногуне, ки дар муносибати ҳаррӯзаи одамон мушоҳида мешаванд, дар мазмуни латифаҳо бозтоб мегарданд. Қаҳрамонони асосии латифаҳои тоҷикӣ Мулло Мушфиқӣ, Насриддин Афандӣ мебошанд. Силсилаи бузурги латифаҳои халқии тоҷик аз номи ин ё он маҳал гуфта мешаванд. Вале дар адабиёти хаттӣ номи персонаж ва қаҳрамонони зиёди ҳаҷвӣ, аз қабили Баҳлул, Абунувос, Хуҷа, Талхакро дучор мекунем, ки баъдтар бо номи Хоҷа Насриддин иваз шудаанд. 
Дар латифаҳои тоҷикӣ персонажҳои маъруф Насриддин Афандӣ, Мушфиқӣ, Кали зирак ва чанде дигар ҳамеша бо рафторҳои хандаовару зарофатҳои намакин камбудиҳои фардӣ ва иҷтимоиро танқид карда, мардумро шоду хурсанд ва ба зиндагӣ дилгарм менамоянд. Тавассути латифаҳо хислату ниҳодҳои хубу бади тоифаҳои мухталифи одамон бозгӯ мешаванд, чунончи: зиракию сухандонӣ, ҳозирҷавобӣ, инчунин хулқу хисоли манфӣ, аз ҷумлаи танбалию муфтхӯрӣ, мардумозорӣ ва содагию ҷоҳилии баъзе инсонҳо мундариҷаи латифаҳоро фаро гирифтаанд.
Чунончи:
Рӯзе зани Афандӣ ҷомашӯӣ мекард, ки нохост зоғи сиёҳе омада, аз пеши тағораи вай собуни нисфшударо гирифта меравад.
Зани Афандӣ фарёд зада ба шавҳараш мегӯяд:
– Шумо чӣ хел мардак, ки зоғ собуна бардошта рафту шумо чизе нагуфтед?
Афандӣ мегӯяд:
– Чаро ин қадар дод мегӯӣ, намебинӣ, ки либоси вай аз либоси мо ҳам сиёҳтару чиркинтар?! Мон, ки вай бечора ҳам собунро бурда, либосашро шӯяд!
Сухан дар латифаҳо хеле кӯтоҳу мӯҷаз баён мегардад. Аз саноеъи бадеӣ бештар муболиғаву иғроқ барои дилчаспу хандаовар шудани мазмун ва баъзан таҷнис, тазод ва тавсифҳо барои кушодани моҳияти мундариҷаи латифа кумак мерасонанд.
Аз Афандӣ пурсиданд, ки:
– Чаро одамон ба ҳар тараф мераванд?
Афандӣ:
– Ҳамаи одамон агар ба як тараф нигоҳ карда раванд, як тарафи замин вазнин шуда, чаппа мешавад.
Латифа аз он жанрҳоест, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳ ба вуҷуд меояд. Яъне ҳар ҳодисаи дар рӯзгор рӯйдиҳанда зуд ба интиқод, ҳазлу шӯхӣ ва вокуниши мардум дучор гашта, ниҳоят дар шакли нисбатан бадеӣ ва устувор – қолиби латифа ҷамъбаст мешаванд. Дар бораи шахсони маъруф, санъаткорон, сиёсатмадорон, сарватмандон ва табақаҳои дигари иҷтимоӣ имрӯзҳо намунаҳои нав ба нави латифаҳо эҷод ва паҳн мешаванд, ки аз зиндаву фаъол будани ин жанр гувоҳӣ медиҳанд. Лозим ба зикр аст, ки дар нашрияҳои матбуоти имрӯза, чи ба забони тоҷикӣ ва чи дигар забонҳо, ҳар ҳафта садҳо латифа ба табъ мерасанд, ки баъзеи онҳо намунаҳои мардумӣ ё худ сирф фолклорӣ буда, қисми дигарашон соҳибмуаллифанд. Дар натиҷаи гардишхӯрӣ баъзе намунаҳои латифаҳои чопшуда ба репертуари гӯяндаҳои мардумӣ дохил мешаванд. Яъне дар интиқол ва суфташавии баъзе латифаҳо воситаҳои ахбори омма нақши муҳим доранд. Чунончи, намунаи латифаҳои анъанавиро имрӯзҳо дар шакли намоишӣ (масалан, дар барномаҳои «Лаҳзаҳои гуворо», «Хандинкамон», «Шакарханд», «Шӯ-хиҳои Аловуддин» ва ғайра), дар шакли барномаҳои радиоӣ ва дар саҳфаҳои матбуоту шабакаи интернет мушоҳида карда метавонем.
***
Дар тарабхона пешхидмат аз марде, ки бо занаш омадааст, мепурсад:
– Завҷаи шумо чӣ менӯшад?
– Хуни маро, – ҷавоб медиҳад мард.
***
– Дугона, шунидам, ки аз шавҳарат ҷудо шудаӣ?
– Магар ту бо одаме, ки пайваста пул мепурсаду дар хона ягон корро иҷро намекунад, зиста метавонӣ?
– Не, наметавонам!
– Ана ҳамин хел, шавҳари ман ҳам натавонист. 

С. БЕКНАЗАРОВА.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: