Деҳқонони ноҳияи Кармана натанҳо дар вилояти Навоӣ, балки дар саросари ҷумҳурӣ бобати расонда додани маҳсулоти хӯрокворӣ саҳми арзанда доранд.
Боғпарварони заҳматкаш маҳсулоти худро ба бозорҳои хориҷи кишвар низ мефӯрушанд. Маҳсулоти хуштамъу беҷирми полизии Кармана дар Полша, Латвия, Литва ва Эстония харидоргиранд.
– Даҳ сол боз соҳибкорам. Айёми наврасӣ бо падар ба парвариш ва хариду фурӯши тарбузу харбуза сарукор доштам. Аз ҳамон давр ба ин сабзавот меҳр бастаам. Ҳоло хоҷагии фермерии «Fruit exem»-ро таъсис дода, ба парвариши ин маҳсулоти полизӣ машғул мебошам, – мегӯяд соҳибкор Маил Мустафоев. – Деҳқонони мо таҷрибаи ғанӣ доранд, – суханашро идома дод Маил. Анъанаҳои хуби аҷдодии зироаткориву боғдорӣ мавҷуданд. Чунончи, агар дар оила писар таваллуд шавад, ба номи ӯ ниҳол мешинонанд. Ман намояндаи миллати турк ҳастам. Мо дар Ӯзбекистон чун аъзои як оила буду бош ва фаъолият дорем.
Маил дар ибтидо ба содироти меваи гуногун ба хориҷ машғул буд. Аввали соли равон 56 гектар замин гирифт. Соҳибкори ботаҷриба дар 6 гектари он тарбузи навъи «Ҳоллер» ва ба 40 гектар харбузаи навъи «Торпедо» корида, дар замини боқимонда ниҳоли писта шинонд.
– Ҳосил аз чашмдошт ҳам фаровон гардид. Навъи «Ҳоллер»-и ба гармӣ ва камобӣ тобовар экспортбоб аст. Истифодаи заминҳои лалмӣ сол то сол афзуда истодааст. Соҳибкорон аз он самаранок истифода мебаранд, – мегӯяд М. Мустафоев. Ӯ нақша дорад, ки аз ҳар гектар замин 60 тоннагӣ тарбуз рӯёнида, 40 тоннаи онро ба хориҷ барорад, 20 тоннаи боқимондаро ба бозори истеъмолии дохилӣ ворид кунад.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.