Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон дар робита ба даъватҳо ба ҳамлаҳои террористӣ, ки тавассути интернет паҳн мешавад, муроҷиатнома нашр кард.
Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки вақтҳои охир ҳолатҳои гирифтани паёмҳои шаҳрвандони алоҳидаи Ӯзбекистон ва кишварҳои ҳамсоя аз тариқи интернет бо пешниҳоди анҷоми амалҳои террористӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз қабили марказҳои савдо ва фароғатӣ, мактабҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бар ивази мукофоти пулӣ зиёд шудааст.
Паёмҳои иғвоангез бештар тавассути мессенҷери Telegram ирсол мешаванд ва онҳо ваъдаи маблағҳои гуногун, аслиҳа ва нақшаи амалиётиро медиҳанд. Дар аксари мавридҳо иғвогарон ба ҷавобҳои рад посух намедиҳанд ва ба кӯдакон низ чунин паёмҳо мефиристанд.
Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ба воҳима наафтанд, чунин хабарҳоро паҳн накунанд ва фавран ба мақомоти корҳои дохилӣ тавассути телефони 102 хабар диҳанд. Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки ирсолкунандагонро масдуд намуда, бо онҳо мукотиба накунанд.
«Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи салоҳияти худ барои безарар гардонидани ҳама гуна таҳдидҳои амниятӣ ва ҳифзи ҷомеа аз амалҳои эҳтимолии террористӣ кор пеш мебаранд», - омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон.