БОЗТОБИ ШУКӮҲУ ҶАЛОЛИ НАВРӮЗИ БОСТОНӢ ДАР ШЕЪРИ СЕ ТАН ШОИРИ ТОҶИКИ ӮЗБЕКИСТОНӢ

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Бо шарофати истиқлол рӯҳи худшиносӣ ва худогоҳӣ қувват гирифт. Суннатҳо ва ойинҳои ниёкон аз нав эҳё шуда, аз ҷониби халқ, бахусус адибону олимон ба хушнудӣ мавриди истиқбол қарор гирифтанд. Дар амалӣ шудан ва мақоми давлативу миллӣ пайдо кардани онҳо саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад. Ин абармарди дунёи сиёсат дар муддати кӯтоҳ ба аксар ойинҳои мардумӣ ва идҳои мазҳабӣ умри дубора бахшид. Онҳо бо хусусияти башардӯстонаашон дар миёни халқ маҳбубият пайдо карда, ҳамчун рукни тавонманди миллӣ пазируфта шуданд. Дар ин миён ҷашни бостонии Наврӯз ҷойгоҳи арзишманд дорад ва ба таври хос таҷлил мегардад. Бо пешниҳоди Сарвари давлати тоҷикон ва ҳамраъйии сарони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни бостонӣ ҷаҳонӣ гашт ва имрӯзҳо дар саросари олам бо шаклу шеваи мухталиф таҷлил мегардад. 

Дар Тоҷикистон азамат ва шукӯҳи Наврӯзи фархундапай мақоми хусравонӣ касб карда, ҳамчун як рукни фарҳанги миллӣ пазируфта шудааст ва дар қаламрави кишвар бисёр бо шукӯҳ таҷлил карда мешавад. Мардум омаданашро бесаброна интизор мешаванд ва бо шодиву фараҳ истиқбол мегиранд, ойинҳои наврӯзиро риоя карда, базмҳо меороянд, дастархони идона паҳн мекунанд, ғамҳо ва кинаҳоро аз хеш дур карда, шодмону хушҳол мешаванд. 
Тоҷикони Ӯзбекистон низ  ҳамроҳ бо бародарони ӯзбек ва халқҳои муқими кишвар ҷашни Наврӯзи оламафрӯзро бо шодиву фараҳ таҷлил карда, файзи онро саодати рӯзгор медонанд. Онҳо бо риояи суннатҳои наврӯзӣ дар ҳар маҳал бо шукргузорӣ суфраи идона густурда, Соли нави аҷдодиро бо қалби саршор аз меҳр пешвоз мегиранд ва ҳамдигарро табрик менамоянд. Ба фараҳболии мардум адибону шоирон низ ҳамроҳ шуда, бахшида ба Наврӯз ва баҳор шеър менависанд, бузургиву шаҳомати ин ойини миллиро васф менамоянд.
Адибони тоҷики ҳавзаи Ӯзбекистон бо муҳаббати ба худ хос фаро расидани Наврӯзро тасвир ва фурӯғи башарии онро ситоиш менамоянд. Дар миёни онҳо се тан шоири пурмаҳсулу заҳматкаш ва навҷӯю навпардоз Паймон, Абдулло Субҳон ва Ҷаъфар Муҳаммад бештар ба мавзӯи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир карда, шеърҳои пурмазмун сурудаанд. Онҳо бузургиву шаҳомати ҷашни Наврӯзро бо муҳаббати хоса сутуда, ҷанбаи баланди миллӣ, фаромиллӣ ва умумибашарӣ доштани онро бо тасвирҳои ҷолиб бозтоб намудаанд. 
Махсусан, Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев, таваллудаш соли 1955) аз зумраи адибони борикбин мебошад, ки дар аксар шеъру ғазалу дубайтӣ ва рубоиҳояш аз Наврӯз ёд карда, дилгармиву хушҳолии мардумро ошкор месозад, ҷашни бостонӣ будани онро бо истифода аз руҷӯъҳои лирикӣ таъкид менамояд. Вай дар шеъри «Ҳалқа бар дар мезанад Наврӯз боз» аз эҳёи табиат сухан ба миён меоварад ва андешаҳояшро чунин хулоса менамояд:
Ҳамчу абри осмони кишварам,
Ҷони ман тундарзанон дар 
пайкарам,
Борад оби шеър рӯйи дафтарам,
Ҳалқа бар дар мезанад Наврӯз боз.
Шоир мисли мурғи фориғбол парвоз кардани хаёл, амсоли рӯд ҳаракат кардани он, ҷон дамидан ба гулу сабзаҳои нозанин, сархуш гардидани ошиқон, тавон гирифтани замин ва дигар гаштани табиатро васф карда, омадани Наврӯзро ба хонанда хабар медиҳад. Дар шеърҳои «То ҳанӯз», «Хуршед мерасад», «Баҳор бар дарам расид», «Баҳор мерасад», «Абрҳо, абрҳои наврӯзӣ»,  «Бигзарам ҳар субҳидам аз боғ», «Боз меояд баҳор», «Рез борон» ва ғайра расидани фасли баҳорро ба ҳаммеҳанону ҳамзабонон табрик гуфта, ин арӯси нозанини солро васф мекунад. Шоир ба зебоии табиат, ки хоси ин фасли сол аст, сано хонда, рӯҳ гирифтани одамон, зинда шудани муҳити атроф, фаровон шудани ҷӯйборон ва ғайраро, ки бо рамзҳои баҳорӣ ба таври тавъам омезиш меёбанд, бо завқ инъикос мекунад. Чунончи, дар як ғазалаш мегӯяд:
Баҳор мезанад қадам, 
замин баҳор мешавад,
Шақоиқони он алам ба кӯҳсор 
мешавад.
Кулангу ресмони вай дар 
осмони хотирам,
Зи нав чу дар самои деҳаам 
навор мешавад.
Ба ҳусни тозаи замин чу бар 
ҷамоли маҳҷабин,
Дили хуморпешаам зи сар хумор 
мешавад...
Дар аксари рубоиҳои Паймон баробари мавзӯъҳои иҷтимоиву маънавӣ васфи Наврӯз бо як эҳсосоти рӯҳбахш тасвир шуда, шоир бо муҳаббат аз ин ойини миллӣ ёд мекунад ва сифатҳои онро тавассути андешаҳои рангини қаҳрамони ғиноӣ бозгӯ месозад. Вай дар силсилаи «Наврӯз шуду...», ки дар чилу як чаҳорпора фароҳам омадааст, васфи Наврӯзро баён карда, ба сифатҳои неки инсондӯстона доштани ҷашни бостонӣ ишора мекунад: 
Наврӯз шуду   кард ғазалхон
 дили моро,
Наврӯзу баҳорону ҳамалхон
 дили моро.
Наврӯз шуду сад масали зиндагӣ 
нав шуд,
Яъне, ба масал сохт бадалхон 
дили моро.
Ҷаҳони отифии Паймон хеле рангин буда, бо васфи Наврӯз ва ситоиши рукну суннатҳои он боз ҳам рангин мешаванд, шаҳомати ин ойини мардумӣ дили қаҳрамони ғиноиашро ба шӯр меоварад ва шоир аз ниҳонхонаи қалбаш таъбирҳои латифу зеборо интихоб карда, зебоии Наврӯз, мардумӣ будани онро таъкид мекунад ва дар тасвир ҳад нагузошта, шаҳомату бузургии ин ойини бостониро васф месозад.

Шоири дигаре, ки ҳунари воло ва шеваи ба худ хос дорад, Абдулло Субҳон (Абдулло Субҳонов, таваллудаш соли 1955) мебошад. Дар ашъори ин шоири отифагаро таҷассуму таҷаллии Наврӯзи дилафрӯз ҷойгоҳи хос дошта, қудрати зебоиофарини он воқеъбинона тасвир мешавад. Вай аз накҳати бӯйи баҳор, дигар шудани табиат  дарак дода, хушҳолии одамонро таъкид месозад ва пайванди ногусастанӣ доштани ин фасли зебои табиатро бо рӯҳу равони инсон таъкид менамояд. Вай дар шеърҳои «Замин ҳам мисли мо андеша дорад», «Сабза», «Пазмони баҳор», «Шеъри воло», «Дар шабнамзор», «Наврӯзӣ», «Фасли ошиқӣ» паҳлуҳои мухталифи ҷашни ниёконро ситоиш карда, онро боли баландпарвози ишқи одамӣ медонад ва назарашро вобаста ба ин масъала чунин ифода мекунад:
Шудам муштоқи ту фасли баҳоро,
Биё, дунёи мо аз нав биёро.
Зи лола бар сари кӯҳ машъал афрӯз,
Гилеми сабз бар рӯйи Замин дӯз.
Баҳоро, бар каломам ранги нав бахш,
Зи оҳанги хушат оҳанги нав бахш.
Абдулло Субҳон ҳамзамон нерӯи тавонбахш доштани Наврӯзро васф карда,  бесаброна омадани фасли баҳорро интизорӣ мекашад. Вай таъкид менамояд, ки бо баракати Наврӯз олам дигар мешавад, табиат аз нав эҳё шуда, дилҳои одамон пур аз фараҳ мегардад. Онҳо ба истиқболи баҳор баромада, шодиву хурсандӣ мекунанд ва сардиро аз худ дур карда, гармиро пешвоз мегиранд. Ҳамзамон дӯстиву рафоқатро ситоиш намуда, кинаву ҳасудро аз худ дур месозанд. Шоир ҳамин мазмунро дар дубайтиву рубоиҳояш ҷой дода, ҳикмати баланди инсонгароёна доштани Наврӯзро шарҳ медиҳад. Баробари ин васфи ёри дилҷӯ карда, ҷамоли маъшуқаро бо зебоиҳои фасли баҳор монанд ва рози дили ошиқони раҳгумкардаро бозгӯ месозад. Масалан, дар рубоии зерин шоир кӯшидааст, ки зебоии инсону табиатро баробар тасвир карда, ба ин восита  ҳусни дилкаши санами нозукхиромро тасвир намояд: 
Замин сабзу замон сабзу само сабз,
Ду абрӯи бути нозукадо сабз.
Баҳор асту бихоҳам, эй азизон,
Шавад кулли ниятҳои шумо сабз.
Абдулло Субҳон дар рубоиҳояш ҳам Наврӯзро васф карда, қудрати дигаргун сохтани табиатро ба он рабт медиҳад ва зебоии Наврӯзро ба зебоии дунёи кӯдакӣ монанд мекунад. Вай дар чунин ҳолатҳо, таассуроти дилу андешаашро ба ҳам омезиш дода, бо самимият мегӯяд:
Бо омади Наврӯз ҷавон шуд ин дил,
Бар олами кӯдакӣ равон шуд ин дил.
Ҳарчанд бигуфтам, ки надав, меафтӣ,
Дар даст гирифта, по давон шуд ин дил.
Дигар аз шоирони ин кишвар Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ (Ҷаъфар Холмӯъминов, таваллудаш соли 1968) аст, ки дунёи зебои шоирона дорад, нигоҳаш фаррох, доираи интихоби мавзӯъҳояш густарда ва рангин, тарзи баёнаш дилкашу дилнишин мебошад. Вай баробари мавзӯъҳои ишқӣ, ирфонӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, таърихӣ ва худшиносӣ ба мавзӯи баҳор ва арзишҳои миллӣ, фаромиллӣ, башарӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар жанрҳои ғазал, қасида, маснавӣ, рубоӣ, дубайтӣ, чаҳорпора, шеъри озод ва шеъри сафед фаро расидани фасли баҳор ва шукӯҳи Наврӯзи Аҷамро васф, суннатҳои неки ин ҷашни бостониро ситоиш менамояд. Дар як силсила шеъру ғазалҳо, аз ҷумла «Наврӯз муборак бод», «Шукуфон», «Аз табори борон», «Фоли сабз», «Баҳоргуна», «Боз борон» ва амсоли инҳо Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ фаро расидани фасли баҳор ва Наврӯзи фаррухпайро фоли нек медонад  ва дӯстдорону ҳаммеҳанонро бо фаро расидани ҷашн табрик гуфта, андешаҳояшро дар ғазали зер бо самимият чунин ҷамъбаст менамояд:
Эй ёри баҳоройин, Наврӯз муборак бод! 
Парвардаи Фарвардин,
 Наврӯз муборак бод!
Эй дасти баҳоролуд, 
эй чашми хуморолуд, 
Эй кокули атрогин, Наврӯз муборак бод!
Эй ғарқаи хоҳишҳо, сармасти навозишҳо, 
Эй ошиқи фаррухдин, 
Наврӯз муборак бод!
Эй синаи бекина, эй қалби чу ойина, 
Эй хонаи меҳрозин, Наврӯз муборак бод!
Эй рози тари борон, бар гӯши дили ёрон, 
Табрик бигӯ ширин: Наврӯз муборак бод!
Эй ҳафт нишон аз «шин», 
дар суфраи ҷон биншин, 
Эй ҳафт салом аз «син», 
Наврӯз муборак бод!
Ҷаъфар Муҳаммад бо муҳаббат аз ойинҳои наврӯзӣ ва унсурҳои вобаста ба ҷашни Наврӯз – оташкадаи наврӯзӣ, Исфандмоҳу Фавардинмоҳ, таҳияи суфраҳои «Ҳафт син»-у «Ҳафт шин», ҳамчун шуълаи умед ба ҳар хона ворид шудани Наврӯзи гулфишон ёдовар шуда, асолату бузургӣ ва шукӯҳи Наврӯзро ошкор месозад. Дар як қатор шеърҳои нимоӣ ва шеърҳои озоду сафеди шоир низ манзараҳои дилкаши баҳор бо маҳорати баланд тасвир ёфтаанд. Дар рубоӣ ва дубайтиҳо ҳам Ҷаъфар аз ойинҳои он  ёд мекунад ва дар дили қаҳрамони ғиноиаш меҳри баҳор ва зебоиҳои онро ҷой мекунад.
Хулоса, ҳар се шоири тоҷики ҳавзаи адабии Ӯзбекистон бо завқу шавқи зиёд, бо дилгармиву дилбастагӣ баҳорро васф карда, маҳбубият ва шаҳомату бузургии онро ситоиш ва фараҳбол будани мардумро аз он бо самимият ифода мекунанд. Бояд гуфт, ки таблиғи фасли баҳор ва таҷлили ҷашни Наврӯз дар ашъори шоирони дигари ҳавза низ баръало мушоҳида мешавад. Онҳо низ қудрати тавонобахшоии Наврӯзро таъкид карда, ҷанбаи баланди инсонгароёнаи ин ҷашни ҷаҳониро дар ашъорашон таъкид ва таъйид намудаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: