АЗМИ СОҲИБКОРОНИ ЧИНОӢ

Ташрифи гурӯҳи соҳибкорони чиноӣ ба вилояти Қашқадарё боиси афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳои Ҷумҳурии Халқии Чин ба иқтисоди ин вилоят гардид.

Гурӯҳи мазкури иборат аз 53 нафар соҳибкорони сарватманд, зодагони вилояти Ҷиансуи Чин буда, дар соҳаҳои гуногуни саноат кору фаъолият доранд. 
Меҳмонон бо салоҳияти иқтисодии ин минтақа шинос гардиданд. Ба имкониятҳое, ки ҳукумати кишвар дар робита ба ривоҷ додани соҳибкорӣ, хусусан ҷалб намудани сармоядорони хориҷӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ роҳандозӣ кардааст, таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз он изҳори хушнудӣ намуданд, ки муносибатҳои иқтисодии байни ду кишвар сол аз сол ривоҷ меёбанд.
Соҳибкорони вилояти Ҷиансу пас аз дидору мулоқот бо соҳибкорони маҳаллӣ тасмим гирифтанд, ки ба иқтисоди вилояти Қашқадарё 350 миллион доллар ворид месозанд. Аз ҷумла, онҳо қарордодеро ба имзо расониданд, ки тибқи он дар ноҳияи Яккабоғ коргоҳи истеҳсоли кафел ва дар ноҳияи Миришкор заводи трансформатор бунёд карда хоҳанд шуд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: