ЗИНДАГИИ НАМУНАИ ИБРАТ

Президенти кишвар аз раҳбарони секторҳо қатъиян дархост намуда буд, ки дар масъалаи ҷавонон ва ҳаёти онҳо аз паси панҷа нанигаранд ва муаммои рӯзгори онҳоро омӯхтаву дар сода сохтани он кумак намоянд.

Ба ин мақсад дар саросари вилояти Қашқадарё аз ҷониби идораҳои дахлдор ҷавонони мӯҳтоҷи кумак ва дастгирӣ муайян гардида, бо фармоиши ҳокими вилоят масъулияти кор бурдан бо онҳоро бар зиммаи раҳбарони секторҳо ва идораву муассисаҳои таҳҷоӣ гузошта буданд. Дар ҳамин шабону рӯзон дидору мулоқот бо чунин ҷавононе, ки аксари онҳо имконоти маҳдуде доранд, дар шаҳру навоҳии қаламрави Қашқадарё идома дорад. 
Аз ҷумла, ҳокими ноҳияи Шаҳрисабз Самад Ҳасанов ба хонаи яке аз чунин ҷавонон рафтаву аз ҳоли ӯ воқиф гардид ва муаммоҳои рӯзгори ин ҷавони маълулро аз наздик омӯхт. Нуриддин Абдувасиев маълули дараҷаи дуюм аст ва дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Абзият»-и Хӯҷабоғи ноҳияи Шаҳрисабз  соли 2001 ба дунё омадааст. Вай новобаста ба он, ки маълули модарзод мебошад, то зиндагии дурахшони худро ба дастони худ биофарад, ҳамеша дар саъю ҳаракат аст ва аз имконоте, ки ҳукумати ҷумҳурӣ барои пешрафти ҷавонон муҳайё сохтааст, ба таври самаранок истифода мекунад. Вай соли гузашта ба миқдори 31 миллион сӯм қарзи имтиёзнок дастрас намудаву ба фаъолияти соҳибкорӣ қадамҳои нахустинро гузошта буд. Нуриддин корро аз парвариши ду сар чорвои калони шохдор оғоз кард, ки имрӯз шумори онҳо ба чор адад расидаанд. Ҳамчунин ин ҷавони ғайратманд айни ҳол боз соҳиби зиёда аз 10 сар гӯсфанд мебошад, ки муттасил дар парвариши онҳо заҳмат мекашад. Ӯ ният дорад, ояндаи дурахшони худро бо дастони худ бунёд гузорад ва аз пайи меҳнати ҳалол нони худро пайдо созад. Ҳокими ноҳияи Шаҳрисабз Самад Ҳасанов аз дидору мулоқот бо Нуриддини серғайрат ба ваҷд омадаву аз он изҳори шодмонӣ намуд, ки аз имконоти фароҳамсохтаи ҳукумати кишвар ҷавононе мисли Нуриддин  Абдувасиев хеле босамар истифода мекунанд ва ҳатто маълули модарзод будани онҳо барои сода намудани машаққатҳои зиндагии мураккаб монеъ намегардад. 
Самад Ҳасанов бо муаммоҳои дигари ин соҳибкори 22-сола шинос гардид ва талаби ӯро дар робита ба иловатан ҷудо кардани як гектар замин ба инобат гирифта, дар ҳалли он муассисаҳои дахлдорро вазифадор сохт.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик», 
дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: