БА ҶЕВОНИ КИТОБ — БОЗ ДУ КИТОБ

Чанде пеш дар бораи аз нашр баромадани китоби «Дарахтон то бӯрон сарсабзанд», ки ба ҳаёт ва фаъолияти сиёсии Рафиқ Нишонов бахшида шудааст, тавассути рӯзнома маълумот дода будем.

Инак, дар сафоратхонаи Тоҷикистон муаррифии китоби мазкур ва «Фирдавсӣ» ном асари адабиётшинос Натан Маллаев  баргузор гардид.


Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба мутарҷимон Аслиддин Қамарзода ва Тоҷибой Икромов арзи сипос намуда,  ба забони ноби тоҷикӣ равону суфта тарҷума шудани онро таъкид кард.
– Китоби хубу хонданӣ сабаби шабзиндадории китобхон шуда метавонад, — гуфт А. Раҳмонзода. – Азбаски ин асар низ хубу хоно тарҷума шудааст, дар як шаб хонда баромадам.
– Рафиқ Нишонов ҳамаи корҳое, ки як марди босалоҳияту иқтидорноку меҳандӯст  аз ӯҳдааш баромада метавонад, барзиёд адо кард, – гуфт А. Раҳмонзода. – Ӯ ҳамчун падар фарзандҳои батамкину донишмандро ба воя расонд, ки ҳоло дар ҷабҳаҳои гуногуни ҷамъият фаъолият доранд. Ҳамчун дипломати бомаҳорат фаъолият бурд, ки масъала ва мушкилоти басо нозуки байни мамлакатҳои Иттиҳоди Шуравиву Ӯрдуну Шри-Ланкаву Малдивро ҳаллу фасл намояд.
Рафиқ Нишонов дар мустаҳкам намудани дӯстии байни халқҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон саҳми босазо гузошт. Чунин хидматҳои ӯро ба эътибор гирифта, аз мутарҷимони китоб Т. Икромов пешниҳод кард, ки ба хотири абадӣ гардондани номи Р. Нишонов дар Тоҷикистон муассисае ба номаш гузошта шавад.
Пас қисми навбатии чорабинӣ, ки ба китоби «Фирдавсӣ»-и Натан Маллаев бахшида шуд, баргузор гардид. Асари мазкур, ки бори аввал рӯйи чопро дид, барои ҳамаи китобхонон воқеаи муҳим гардид. Асар бо саъю ҳаракати шогирди Н. Маллаев, доктори илмҳои филологӣ Ҳамидҷон Ҳомидӣ ба табъ расидааст.
– Натан Маллаев дар рушди адабиёти классикии турку форсу тоҷик саҳми босазо гузошт, — гуфт Ҳ. Ҳомидӣ.  – Ӯ то охири умр бо омӯхтани фаъолияти эҷодии чандин нафар классикони адабиёти бадеӣ, аз ҷумла, Абулқосими Фирдавсӣ машғул шуд.  «Аз «Авесто» то «Шоҳнома» ва китоби мазкур талошҳои олим дар ин ҷода мебошад.
Ҳ. Ҳомидӣ аз овони ҷавонии худ ёдовар шуда гуфт, ки Н. Маллаев натанҳо  дар соҳаи илму адаб, балки дар одамдӯстиву инсонпарварӣ низ беҳамто буд.  Азбаски ятиму бенаво ба воя расида будам, солҳои пас аз ҷанги дуюми ҷаҳон, ки даврони донишҷӯии ман ба он солҳо рост омада буд, аз ҷиҳати моддӣ қаҳтиҳои басо сангин пеш меомад. Фикр мекунам, ки устод Н. Маллаев ба ман ҳаққи падарӣ низ дорад. Ӯ чун падари ғамхор маро ҳам бо хӯрду хӯрок ва ҳам бо сарубар парасторӣ мекард.
Пас, қисми бадеии чорабинӣ оғоз ёфт. Шоирон А. Субҳон, М. Шодиев ва Х. Саъдулло оиди баҳору даврони ҷавонӣ мушоира доир намуданд. Шогирди устоди Донишкадаи санъати мусиқии миллии мақом ба номи Юнус Раҷабӣ Абдувалӣ Абдурашидов — хонанда Малика Мамадолимова аз «Шашмақом» порчаҳо суруд, ки басе хотирмон буд.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: