Маросими истиқболи расмии Президенти Ӯзбекистон баргузор шуд

  • Маросими истиқболи расмии Президенти Ӯзбекистон баргузор шуд
  • Маросими истиқболи расмии Президенти Ӯзбекистон баргузор шуд
  • Маросими истиқболи расмии Президенти Ӯзбекистон баргузор шуд
  • Маросими истиқболи расмии Президенти Ӯзбекистон баргузор шуд

24 январ дар Хонаи ҷамъомади халқӣ дар майдони Тяньаньмэни шаҳри Пекин маросими расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари давлатӣ дар Чин мебошад, баргузор гардид.

Ба шарафи Сарвари давлатамон қаровули фахрӣ саф орост.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифт.

Роҳбарон аъзои ҳайатҳои вакилони расмии ҳар ду мамлакатро хайрамақдам гуфтанд.

Дар иҷрои оркестри ҳарбӣ мадҳияҳои давлатии Ӯзбекистон ва Чин садо доданд.

Сардори қаровули фахрӣ ба пешвои мамлакатамон рапорт дод. Сарони давлатҳо аз пеши сафи қаровули фахрӣ гузаштанд.

Пас аз анҷоми маросим музокироти сатҳи олӣ оғоз шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: