ДАР ҚАРОКӮЛ – МАВЗЕИ «ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ»

Маълум аст, ки мувофиқи фармон Президент, аз 9 декабри соли 2021, «Дар бораи чораҳои бунёди мавзеи «Ӯзбекистони Нав» ва таъмин кардани рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудудҳо ва ноҳияи Қарокӯл барои мавзеи нав ҳудуди Дурмон интихоб шуда буд.

Дар натиҷаи бунёдкориҳои васеъмиқёс имрӯз чун рамзи ифодаи ғояи «Баҳри қадри инсон» мавзеи  Ӯзбекистони Нав қад боло кард. Дар 12 маҷмӯаи иморатҳои бисёрошёна, ки барои 250 хонадон пешбинӣ шудааст, аллакай бисёр оилаҳо кӯчида омаданд. Дар давраи сипаришуда дар ин ҷо мактаб (барои 330 нафар), муассисаи таълими томактабии давлатӣ (барои 240 нафар), дар асоси шарикии давлатию хусусӣ боғчаи замонавии бачагон (дорои 120 ҷой), бинои поликлиникаи оилавӣ (имконияти қабулаш 100 нафар) бунёд гардид. 
Моҳи октябри соли ҷорӣ дар мавзеъ мактаби таҳсилоти умумии рақами 53 ба фаъолият оғоз кард. Ин бинои сеошёна, ки дорои ҳама гуна қулайиҳост, аз ҷониби Кумитаи давлатии гумрук ба ивази қариб 13 миллиард сӯм маблағ бунёд гардидааст. 
Маросими кушодашавии мавзеъ баргузор гардид. Дар он ҳокими вилоят Ботир Зарифов ва мутасаддиёни дахлдор, собиқадорони меҳнат, фаъолони маҳалла иштирок карданд. Собиқадори меҳнат Файзулло Беҳбудов ва дигарон ба сухан баромада, ҷамъомадагонро бо ин бунёдкориҳои муҳими замон муборакбод намуданд. Куҳансолон даст ба дуо бардошта, барои ин ғамхорӣ ба Сарвари давлат сипосгузорӣ карданд. Лентаи рамзӣ бурида шуда, ҳозирон сӯйи мавзеи нав қадам ниҳоданд. 

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти БУХОРО. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: