ӮЗБЕКИСТОН АЗ РӮИ ҶАЛБИ КӮДАКОН БА КӮДАКИСТОНҲО ДАР ҶОИ АВВАЛ ҚАРОР ДОРАД

Нашрияи “Finance Inquirer” бо истинод ба натиҷаҳои таҳқиқоти байналмилалии RGCA (Гурӯҳи тадқиқотии Осиёи Марказӣ), маълумоти ЮНИСЕФ, Бонки ҷаҳонӣ ва OECD (Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд) рейтинги динамикаи ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабиро нашр кардааст.

 Дар радифи 10 кишвари ҷаҳон Ӯзбекистон бо 59 дарсади ҷалби кӯдакон дар ҷои аввал, Тоҷикистон бо 33 дарсади ҷалби кӯдакон ҷои дувумро ишғол мекунанд. Ҷои даҳумро Озарбойҷон ишғол кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҳисобот тамоюлҳои дарозмуддати таҳсилоти ибтидоии кӯдакон дар солҳои 2018-2020 шарҳу тафсир шудааст. Тибқи  маълумоте, ки дар ин ҳисобот оварда мешавад, вазъи таълиму тарбияи томактабӣ дар аксари минтақаҳо ё рӯ ба рукуд овардааст ё ба минтақаи рушди манфӣ гузаштааст. Ин дар ҳоле мебошад, ки як қатор кишварҳо дар ҳолати рушди назаррас қарор доранд. Ба шумори чунин кишварҳо Русия, ИМА, Британияи Кабир, Австралия, Зеландияи Нав ва амсоли он дохил мешаванд.
– Беҳуда Ӯзбекистон дар радифи 10 кишвари пешсаф ҷои аввалро ишғол накардааст. Дар мамлакатамон сол аз сол динамикаи афзоиши фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола ба таълиму тарбияи томактабӣ меафзояд. Ҳоло ин фарогирӣ 59 фоиз нишон дода шудааст, ки то соли 2020-умро дар бар мегирад. Дар асл ҳоло Ӯзбекистон ҳудуди 70 дарсади кӯдакони аз 3 то 6-соларо ба муассисаҳои таълими томактабӣ барои таълиму тарбия ҷалб намудааст. Дар шаҳри Мӯйноқи Қароқалпоқистон ин нишондиҳанда ба 100 фоиз расидааст, – гуфт  котиби матбуоти Вазорати таълими томактабии ҷумҳурӣ Мавлуда Аскархӯҷаева. – Дар ҷумҳурии мо таҳти сарварии Шавкат Мирзиёев ба рушди таҳсилоти томактабӣ таваҷҷуҳи хос дода мешавад. Дарвоқеъ, аз соли 2017 бо вуҷуди паси сар намудани марҳилаи душвори карантини пандемия мо ба чунин натиҷаҳои назаррас ноил шудем. Бидуни иштибоҳ гуфта метавонам, ки мо суръати баланди динамикаи рушди ҷалби кӯдакон ба кӯдакистонҳоро аз даст нахоҳем дод ва ҳамеша дар ҷои аввал қарор хоҳем гирифт.
Бино ба нашрияи “Finance Inquirer”  дар беш аз нисфи кишварҳои ин рейтинг фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таълими томактабӣ дар солҳои 2018-2020 ҷиддан рӯ ба коҳиш овардааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: