ЗАБОН ГУНОГУН, ВАЛЕ НИЯТУ МАҚСАДҲО – ЯГОНА

Риштаҳои меҳру оқибат байни тоҷикон ва ӯзбекон аз қадим мустаҳкам буданд, дарахти азамати дӯстӣ амиқ реша давонда, баланд қад афрохта ва ба чаҳор сӯ шоха паҳн карда буд.

Вале дар гузаштаи наздик ба рафоқат ва муносибатҳои наздики ҳамсоягон гӯё чашми бад расид – девбод вазиду бародархалқҳоро ба ду ҷониб афканд. Ҳарчанд мегуфтанд дӯстӣ масофа интихоб намекунад, сарҳад байни ду мамлакат имкон надода монд ёрон дидори ҳам бинанд: дарҳо баста шуданд, пайвандон дар ду ҷониб монданд.
Хушбахтона, ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, ба маънои пурра, дарак аз оғози дигаргуниҳои бузург дар Ӯзбекистон буду нармшавии муносибат ба кишварҳои ҳамсоя. Аз ҷумла, некҳамсоягӣ миёни тоҷикону ӯзбекон, рафоқат ва ҳусни тафоҳум дар асоси  эҳтирому боварӣ ба якдигар аз нав барқарор гашт.  
Ман дар даврае раис интихоб шудам, ки мо аллакай дар Ӯзбекистони Нав зиндагӣ доштем ва бинобар сиёсати одилонаи роҳбари давлат ба ҷо оварда шудани ҳурмату эҳтироми кулли миллат ва халқиятҳое, ки дар ин сарзамин ҳаёт ба сар мебаранд, дар қатори халқҳои дигар тоҷикон низ имкони озода нафас кашидан, орзуву омоли суннатӣ ва арзишҳои фарҳангиашонро амалӣ гардондан пайдо карданд. Вале корҳое, ки бояд иҷро карда шаванд, хеле бисёр буданд.
Вазифа водор месохт бори гарони масъулияти дар зимма доштаамро ҳис кунам. Худро ва дигаронро бовар кунонам, ки  аз ӯҳдаи кор мебароям,боварии умумро сазовор мегардам. Албатта, танҳо як нафар наметавонад корҳоро ба дараҷае, ки лозим аст, пеш барад. Вақте ҳис кардам, ки масъулони шуъбаҳои ҳудудӣ ба дастгирии мо омодаанд, дилгармтар шудам. Боз аз он мамнун будам, ки вақтҳои охир дар як қатор шуъбаҳои донишгоҳҳои давлатии Тирмиз, Фарғона, Бухоро, Самарқанд ва Чирчиқ машғулот бо забони тоҷикӣ ҷоннок ва сафи донишҷӯён торафт зиёд мегардад. Барои такмили китобҳои дарсии забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани савияи дарсҳо аз адабиёт, баробари ҳамин беҳтарсозии сифати кулли китобҳои дарсӣ ва дастуруламалҳо барои мактабҳои тоҷикӣ алъон шароитҳо фароҳаманд. Фақат барои он ки китобҳои дарсӣ мувофиқи талаби замон навишта шаванд, баробари таълифот тарҷума низ хушсифат ва ба асл наздик бошад, ҳаракат кардан, ба мутахассисони соҳа аз наздик кумак расондан лозим асту халос. Барои он ки китобҳо сари вақт чоп шаванд ва ба ҷойҳои лозимӣ рафта расанд, маркази мо ба иҷрои ҳар гуна супоришу ёрдам омода аст. Дар бештар аз 200 мактаби тоҷикӣ ва чанд мактаби омехтаи тоҷикиву ӯзбекӣ зиёда аз 69 ҳазор нафар хонандагон бо забони модариашон таълим мегиранд.
Суханвари ӯзбек Абдулло Орифов гуфтааст:
Ёру бародар аз азал 
ӯзбеку тоҷик,
Чун шоҳбайти як ғазал 
ӯзбеку тоҷик.
Дар дунё ду миллатеро дарёфтан гумон, ки мисли тоҷикон ва ӯзбекон ба якдигар ин қадар наздик ва арзишҳои маънавию мардумии умумӣ дошта бошанд. Баробари ин адабиёту маънавият, таърихи пуршаъни ин ду халқ низ ба маъное умумист. 
Мувофиқи маълумоти статистикӣ ҳоло дар ҷумҳурӣ бештар аз 1,6 миллион нафар тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар қатори халқу миллатҳои дигар, ки  Ӯзбекистонро хонаи умумии худ мешуморанд,тарҳи зиндагии озоду обод кашида, дар мустаҳкамсозии пояҳои иқтисодии кишвар саҳми худро мегузоранд, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро дониста, аз имтиёзҳое, ки давлат дар масоили миллӣ ва дигар масъалаҳо фароҳам овардааст, истифода мекунанд.
Дар маҳаллаи тоҷикнишин ба дунё омада ва тоҷикдухтар бошам ҳам қисмате аз дугонаҳои наздикам мансуб ба миллатҳои гуногунанд. Дар факултаи забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии Сирдарё таҳсил намудаам. Асное донишҷӯ будам, аз рӯи ихтисосам маро ба Маскав фиристоданд, то малака такмил диҳам. Баъди ду соли таҳсил дар Маскав ва бозгашт ба диёр маро котиби аввали кумитаи комсомоли ноҳияи Пахтакори вилояти Ҷиззах таъин карданд. Сонитар ба Мирзочӯл фиристоданд. 
Барои таҳсил дар аспирантура озмун эълон шуд, ман ғолиб омадам, бо шарофати таҳсил дар Маскав доираи тафаккурам васеъ гашт. Наздик чиҳил сол дар вилояти Ҷиззах дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурда бошам, дигарбора идрок кардам, намояндагони миллату халқиятҳои гуногун дар ин сарзамин ба якдигар мисле додару бародаранд. Баъде чун раиси марказ ба фаъолият пардохтам, боз як бори дигар ба воқеан дар якдиливу муттаҳидӣ будани иқтидорамон боварӣ ҳосил намудам. Президент беҳуда намегӯяд, бойигарии асосии мамлакатамон – халқҳои гуногунмиллати Ӯзбекистон. Тоҷикон дар ин оилаи бузург ҷойгоҳи алоҳида доранд. Зимнан, роҳбари давлати мо дар масъалаи дӯстиву рафоқати шаҳрвандони минтақа низ андешаҳои солим доранд. Мегӯянд, панҷ халқи минтақа – ӯзбекон, тоҷикон, қазоқҳо, қирғизҳо ва туркманҳо бояд панҷ панҷаи як даст бошанд. Аз 70 лоиҳае, ки он кас дар ин бобат ва доир ба масъалаи ҷоннокгардонии фаъолияти гуногунҷабҳаи ИДМ  пешниҳод карданд, аксарият қабул гашт. Дар доираи байналхалқӣ бештар эътироф шуданд. Дар ҷаласае, ки бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ИДМ рӯйи кор омад (Бишкек, октябри соли 2023), ба роҳбари давлати мо мукофоти олии созмон – Нишони фахрии ИДМ барои саҳми барҷаста дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории гуногунҷанба супорида шуд. Мукофот, гуфтан мумкин, дар баробари ӯзбекон ва тоҷикон ба ҳамаи халқҳои минтақа рӯҳбаландӣ бахшид.
«Дӯстӣ» калимаест бисёр хушгувор. Ин суханро ба забон гирифта ва дӯстии миллатҳои гуногуни диёрамонро ба худ тасаввур сохта, хушҳолие дар худ ҳис мекунам. Бинои барҳавои Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва равобит бо мамолики хориҷиро «Кохи муҳташами дӯстӣ» низ мешуморанд. Хидмати хоксоронаам бо ордени «Дӯстлик» ва нишони сарисинагии «Халқлар дӯстлиги» қадр карда шуд. Оре, халқҳои мо дар ин сарзамин хурсандиашонро ҳамеша ба ҳам дида ва дар рӯзҳои нохуб ҳамеша якдигарро дилбардорӣ карда омадаанд.
Дар  саъйи онем корҳои фарҳангиву маънавиро дар навбати аввал мазмуну муҳтавои тоза бахшем, ба чоп омодасозии китобҳои бадеии тоҷикӣ аз силсилаи «Накҳати сухан»-ро давом диҳем, бо фаъолонамон дар маҳалҳо робитаро боз ҳам мустаҳкам сохта, таҳти ҳамкорӣ намоиши китобҳои тоҷикӣ, намоиши либос ва таомҳои миллиамонро муташаккилонатар гузаронем, дар чорабиниҳои гуногун бо суруду рақсҳои миллиамон дили иштирокдоронро ба ваҷд орем, бо садоқату меҳр нисбати арзишҳои милливу маънавии хеш воқеан тоҷик будани худро нишон диҳем.

Гуландом СУБҲОНОВА, 
раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: