БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ РОҲИ ЯГОНАИ РУШДИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ АСТ

Имрӯз ҳаёти муосирро бе пешрафти илму маърифат ва маориф тасаввур кардан мумкин нест.

Имрӯз ҳаёти муосирро бе пешрафти илму маърифат ва маориф тасаввур кардан мумкин нест. Ҳоло кадом соҳаро нагиред, барои пешрафти он, пеш аз ҳама, бояд системаи маориф рушд кунад. Охир, бе таваҷҷуҳ ба сармояи инсонӣ ва истеъдоди он ба натиҷа расидан душвор аст
Тайи солҳои охир рушди соҳаи маориф дар кишвари мо ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта, тамоми кӯшишу имкониятҳо барои донишу касбҳои муосирро дар шароити ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ азхуд намудани ҷавонон сафарбар карда шудааст.
Натиҷаи ҳамин саъю кӯшиш аст, ки дар муддати кӯтоҳ дар системаи таълими томактабӣ, маълумоти олӣ ва миёнаи махсус дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Махсусан, инкишофи таълими мактаб дар асоси шиори «Ӯзбекистони Нав аз остонаи мактаб сар мешавад» ба ҳаракати умумихалқӣ табдил ёфт. 
Ислоҳоте, ки дар самти рушди соҳаи маориф дар ҷумҳурии мо дар давоми 7 сол гузаронида мешавад, натиҷаҳои назарраси худро медиҳад. Ин вазъиятро дар нишондиҳандаҳои миқдорию сифатии инкишофи маориф баръало дидан мумкин аст. 
Албатта, дар заминаи ислоҳоти куллӣ Қомуси асосии мо ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Махсусан дар Конститутсияи навтаъсис, ки ҳамчун ифодаи иродаи халқ ба ҳукми иҷро даромад, меъёрҳои марбут ба ҷавонону маориф боз ҳам мустаҳкамтар гардиданд.
Агар ба назар гирем, ки шумораи аҳолии мамлакати мо беш аз 18 миллион нафар ҷавонон аст ва ин нишондиҳанда то соли 2040 ба 25 миллион нафар мерасад, ба Конститутсия ворид карда шудани боби алоҳида оид ба масъалаи ҷавонон аҳамияти калон дорад. 
Сарқонуни навтаҳриршуда тамоми равандҳо ва марҳилаҳои тарбияро дар бар мегирад, ки барои инсони комил шудан зарур аст. Дар он бори нахуст таъмини рушди низоми таҳсилоти муттасил, намуд ва шаклҳои гуногуни он, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатии таълим ба қатори вазифаҳои давлат дохил карда шуд.
Ҳоло давлат на танҳо таҳсилоти умумии миёна, балки бепул будани таҳсилоти ибтидоии касбиро низ кафолат медиҳад. Аз ҷумла, дар моддаи 50-уми Қомуси асосии мо як қатор нормаҳое, ки ба ҳуқуқи шаҳрвандон ба таълим алоқаманданд, мустаҳкам карда шудаанд, ки ҳамаи онҳо ба боз ҳам баланд шудани сифати таълим хидмат мекунанд.
Дар таҳрири нави Конститутсияи мо бори аввал макоми муаллим алоҳида муайян карда шуда, рушди системаи маориф ба қатори вазифаҳои асосии давлат дохил карда шуд. Зеро, агар нақш ва нуфузи муаллим дар ҳаёти ҷомеа баланд гардад, обрӯи мактаб боло рафта, арзиши соҳаи илму маориф ва тарбия меафзояд. Обрӯи муаллим бошад, обрӯи миллат, тамоми халқ аст.
Дар моддаи 52-юми Қомуси асосии мо омадааст, ки «Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон меҳнати омӯзгор ба сифати асоси рушди ҷомеа ва давлат, ташаккул додан ва тарбия намудани насли солим, баркамол, ҳифз ва ғанӣ гардонидани неъматҳои маънавӣ ва мадании миллат эътироф карда мешавад. Давлат дар бораи ҳифзи шаъну шарафи муаллимон, некуаҳволии иҷтимоию моддии онҳо, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо ғамхорӣ мекунад», ки мисоли равшани эътибори баланд ба омӯзгорон  дар мамлакати мо мебошад.
Бе муболиға гуфтан мумкин аст, ки Қонуни асосии мо кафолати мустаҳками ҳуқуқии ислоҳоти васеъмиқёси бебозгашти ба бунёди Ӯзбекистони Нав нигарондашуда мебошад. Дар Конститутсияи навтаҳриршудаи мо аллакай панҷ рукни Ӯзбекистон, яъне давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва дунявӣ муайян шудааст. 
Президенти мо дар табрики идона ба халқи Ӯзбекистон ба муносибати 8 декабр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ба ин масъала алоҳида таваҷҷуҳ зоҳир кард. Вай қайд кард, ки ба масъалаи таълиму тарбияи конститутсионӣ дар асоси консепсияи «Ӯзбекистони нав – ҷомеаи маърифатӣ» таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, аз ҷониби парлумон Барномаи миллии фаъолият оид ба омӯзиши Конститутсия қабул гардид.
Аз ин лиҳоз, чунон ки Сарвари давлатамон гуфта буд, омӯзиши Қонуни асосии моро бояд аз боғча оғоз кард, муассисаҳои таълимии ҳама зина, табақаҳои гуногуни аҳолӣ, бахусус хизматчиёни давлатӣ ба ин раванд ҳамаҷониба ҷалб карда шаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳангоми ворид шудан ба хизмати давлатӣ низоми гузаронидани имтиҳонҳо дар асоси Конститутсия ҷорӣ карда шавад. 
Умуман, минбаъд ҳам дар сатҳи Конститутсия пурзӯр гардидани масъалаи ҷавонон ва таълиму тарбия дар мамлакати мо миқёси корҳоро дар ин соҳа боз ҳам бештар мегардонад. Албатта, саъю кӯшиш дар ин бобат ба таври муназзам давом дорад ва натиҷаҳо низ ҳамин хел хоҳад шуд.

Шаҳноза ХОЛМАҲАМАТОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: