Мувофиқи маълумотҳо ҳоло дар қаламрави вилояти Ҷиззах зиёда аз ҳаждаҳ ҳазор нафар ҷавонон ба «Дафтари ҷавонон» шомил гардидаанд.
Мувофиқи маълумотҳо ҳоло дар қаламрави вилояти Ҷиззах зиёда аз ҳаждаҳ ҳазор нафар ҷавонон ба «Дафтари ҷавонон» шомил гардидаанд. Масъулон, хусусан ходимони идораҳои кор бо ҷавононро лозим меояд, ки сари ҳаллу фасли масъалаи бо шуғл таъмин сохтани ҷавонони бекор андеша кунанд. Зеро Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев дар ҳар як ҷамъомад роҳбаронро вазифадор мекунад, ки барои бо касбу ҳунар фаро гирифтани ҷавонон ва бо шуғли судовар таъмин кардани онҳо чораҳои мушаххас андешанд.
Дар ноҳияҳо ҳокими вилоят ва роҳбарони секторҳо бо ҷавонон вохӯриҳо мегузаронанд. Дар ин гуна вохӯрӣ ва мулоқотҳо ҷавонон аз муаммо ва мушкилиҳое, ки барои пешбурди фаъолияташон монеъ мешаванд, ҳарф мезананд. Дар навбати худ масъулон мушкилоти онҳоро меомӯзанд ва роҳҳои ҳалли онро меҷӯянд.
То ин дам қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят чунин вохӯриҳо баргузор шуданд. Бешубҳа, дар ҳар як ноҳия вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ва салоҳияти иқтисодии он дар ин ҷода таҷрибаи муайян ҳосил гардидааст. Чунончӣ, дар ноҳияҳои Бахмал ва Зомин бештари ҷавонон мехоҳанд ба боғдорӣ машғул шаванд. Ҳоло бошад, барои бунёди боғ вом (кредит)-и имтиёзнок мепурсанд. Дар ноҳияҳои даштӣ: Зафаробод, Зарбдор, Дӯстлик ва Пахтакор шавқу рағбати ҷавонон ба азхудкунии замин бештар аст. Ноҳияи Фориш бошад, ба ташкил кардани хоҷагиҳои чорводорӣ мусоид мебошад. Бинобар ин дар байни ҷавонон хоҳишмандони ин соҳа бештар ба мушоҳида мерасанд. Ғайр аз ин, назар ба гуфти муовини ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои иқтисоду молия ва коҳиш додани камбизоатӣ Абдувалӣ Мустанов айни замон дар ҳудуди ноҳияи Фориш дар даҳ гектар замин кластери токпарварӣ ташкил карда шудааст. Агар аз ин ҷо (аз нисфи майдони он) ҷавонон нимгектарӣ замин гирифта, ягон зироат ё худ сабзавот кишт кунанд, дар он сурат беш аз ду ҳазор нафар бо кор таъмин мегардад. Ҳатто барои буду боши онҳо то андозае шароит фароҳам оварда шудааст. Танҳо каме сабру таҳаммул ва меҳнатдӯстӣ зарур аст...
Ба наздикӣ дар ноҳияи Мирзочӯл доир ба ин мавзӯъ машварати ошкоро ташкил шуд.
Ба он аз ҳамаи ноҳияҳо масъулони соҳа ҷалб гардиданд. Аввал бо мақсади тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим пиёдагардии «Панҷ ҳазор қадам» баргузор шуд. Сипас ҷараёни касбу ҳунаромӯзии ҷавонон дар мактаби касбу ҳунари маркази ноҳия – шаҳри Гагарин мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Маълум гардид, ки қисми бештари онҳо касбу ҳунари барои худашон зарурро хуб аз худ мекунанд.
– Мақсади асосии ин қабил семинарҳо, – мегӯяд директори бахши вилоятии Агентии кор бо ҷавонон Дилмурод Худойшукуров, – омӯхтани таҷрибаи ҳамдигар ва ба ин васила ҳал намудани мушкилоти ҷавонон мебошад.
Дар доираи он маҳорати пазандагии ҷавонони то сисола санҷида шуд.
– Мо ҳар чизи дар боби пухтупаз дар маркази касбу ҳунар аз бар намудаамонро ин ҷо ба кор андохтем, – гуфт сокини маҳаллаи Ғалаба Дурдона Бӯтаева.
Дар машварати вилоятӣ намоиши усули парвариши гидропоникии сабзавот, ки алалхусус дар ноҳияи Бахмал ҷорӣ карда шуда ва самара додааст, баргузор гардид.
Азбаски дар вилоят саноати мошинсозӣ бо суръат ривоҷ меёбад, ташкил кардани корхонаҳои истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ ва ба ҷавонон омӯзонидани таъмири мошинҳо талаби давр аст. Дар мактаб ва марказҳои касбу ҳунар чунин иқдом гузошта мешаванд, ки касро хушнуд месозад.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.
Суратгир:
Раҳимшоҳи
ШАРИФЗОДА.