КАСЕ ҲАҚ НАДОРАД, КИ БО ШЕВАИ ШАДИД ВА ТАҲҚИР КОР БАРАД

Дар баъзе ҳолатҳо шабакаҳои иҷтимоӣ маводе пахш мекунанд, ки муносибати дағалонаи ҳокимону роҳбарони идораҳои давлатӣ нисбати шаҳрвандони одӣ ва корафтодагонро бозтоб медиҳанд.

Аммо баъзан садоҳои навори аудиоӣ ҳолатҳоеро низ акс мекунанд, ки ба шахсони дигар тааллуқ доранд ва ё то давраи ҳоким таъин шудани ин ё он шахс дар навор сабт шудаанд.
Ба наздикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳз яке аз чунин садоҳо паҳн шудааст, ки онро ба ҳокими ноҳияи Тошлоқ Абдуқаҳҳор Ҷӯрабоев тааллуқ додаанд. Дар сабти аудиоӣ сӯҳбате ҷараён дорад, ки дар он суханони таҳқиромез истифода шудааст. Ба таъкиди маводи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳокими ноҳияи Тошлоқи вилояти Фарғона Абдуқаҳҳор Ҷӯрабоев зердастони худро ҳақорат кардааст.
Ин навори аудиоӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят аз натиҷаҳои он оммаро огоҳ намудааст. Тавре ки дар он зикр шудааст, зимни таҳқиқ маълум шуд, ки сабти аудиоии ба ҳокими ноҳияи Тошлоқ нисбатдодашуда воқеан ба Абдуқаҳҳор Ҷӯрабоев тааллуқ дорад. 
 “Дар сӯҳбате, ки дар навори аудио сабт шудааст, муҳокимарониҳои Абдуқаҳҳор Ҷӯрабоев ба ҳайси роҳбари кластери пахтаю нассоҷии “Expo Kollor Prin Tex” ифода ёфтааст, ки ба тирамоҳи соли 2021 рост меояд. Вай  роҳбарони хоҷагиҳоеро шадидан интиқод кардааст, ки ӯҳдадориҳои пахтасупориро иҷро намекунанд”, омадааст дар муносибати расмии ҳокимияти вилоят.
 Гуфта мешавад, ки вуҷуд доштани қарзҳо аз ҳисоби хароҷоти гуногун ва пардохтҳои кластер дар мавсими пахта маълум гашта, бо вуҷуди мавҷуд будани пахта дар саҳро, бархе аз деҳқонон кӯшиш ба харҷ надодаанд, ки қарзро бо пахтачинӣ ҷуброн кунанд. Маҳз дар ҳамин ҳолат Абдуҷаббор Ҷӯрабоев аз лаҳни шадид кор гирифтааст.
 Дар муносибати расмии ҳокимияти вилоят боз қайд карда мешавад, ки давраи сиёсати зӯроварӣ гузаштааст ва ҳеч кас ҳақ надорад касеро таҳқир кунад, ба шахсияти ӯ даст расонад. Роҳбар бояд ҳама корҳоро дар доираи қонун анҷом диҳад, ҳокими имрӯза бо кору гуфтор ва рафтораш ба ҳама намунаи ибрат шавад. Новобаста аз он, ки вазъ дар сабти садои паҳншуда як сол пеш ба вуқӯъ пайвастааст ва ширкати Абдуқаҳҳор Ҷӯрабоев дар он ба ҳайси роҳбари кластери “Expo Kollor Prin Tex” арзёбӣ мегардад, чунин рафтори роҳбар, хусусан ҳокими ноҳия ҳаргиз ба доираи ахлоқу одоб дуруст намеояд. 
Тибқи фармойиши ҳокими вилоят ба Абдуқаҳҳор Ҷӯрабоев танбеҳ дода шудааст. Ҳамзамон, 26 сентябри соли равон дар ҷаласаи васеи комиссияи доимии Шӯрои депутатҳои халқи вилоят оид ба «Низомнома ва масъалаҳои одоби депутатӣ» ҳокимони шаҳру ноҳияҳо огоҳ карда шудаанд. Тақозо шудааст, ки ҳар кадоми онҳо ба маданияти рафтору ахлоқи ҳамидаи инсонӣ қатъиян риоя кунанд, нисбат ба тобеони худ ва шаҳрвандон ҳаргиз муносибати дағалонаро раво набинанд. 
Дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят тазаккур додааст, ки масъулияти ҳокимони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони идораҳо дар ҳар гуна ҳолату вазъият бояд дар доираи қонун сурат гирад ва ба касе иҷоза дода намешавад, ки шаъну шарафи одамонро паст занад ва нисбати онҳо муносибати дағалонаро раво бубинад.
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: