ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ БА НОМИ ЗУЛФИЯ – ЭЪТИМОД ВА МАСЪУЛИЯТ

Дар мамлакати мо барои ҳамаҷониба дастгирӣ намудани истеъдодҳои ҷавон, фароҳам овардани шароити мусоид ва ғанӣ гардондани олами маънавии онҳо таваҷҷуҳи алоҳида дода мешавад.

Ҳар сол дар арафаи Рӯзи байналхалқии занону духтарон мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон гурӯҳи духтарон бо Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия сарфароз гардонда мешаванд.
Муҳайё Аҳмадҷонова фарзанди ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон мебошад. Вай намояндаи ҷавонони эҷодкор, шифокори оянда буда, дилаш аз истеъдод ва ҳисси саъю кӯшиш ба пешравии кишвар саршор аст. Тибқи қарори Сарвари давлат М. Аҳмадҷонова барои дастовардҳояш дар соҳаи таълим сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия гардид. 
Муҳайё ҳоло донишҷӯйи бахши 6-уми Академияи тиббии Тошканд аст. Дар давоми таҳсил дар корҳои ҷамъиятӣ, инчунин ҷумҳуриявӣ, байналхалқӣ, олимпиадаҳо, озмунҳои илмию инноватсионӣ, маънавию маърифатӣ фаъолона иштирок намуда, дар самти асосии худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Фаъолияти эҷодии худро дар воситаҳои ахбори оммавӣ пайваста инъикос менамояд.
Зиёда аз 54 рисола ва мақолаҳои илмиаш дар журналҳои байналхалқӣ чоп шуда, муаллифи 2 дастури таълимӣ ва 1 монография мебошад. Илова бар ин, ҳаммуаллифи китоби дарсии «Биологияи тиббӣ ва генетика» барои донишҷӯёни муассисаҳои тиббӣ мебошад.
Вай дар як қатор лоиҳа ва конференсияҳои байналхалқӣ, аз ҷумла дар Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Полша ва Туркия иштирок намуда, истеъдоди худро нишон дода тавонистааст. Дар озмуни «Беҳтарин нашр»-и Маркази илмӣ бо мақолаҳои илмиаш ширкат варзида, сазовори ҷойи 1-ум ва соҳиби медали «Ислоҳотчии ташаббускор» ва «Барои дастовардҳо дар соҳаи илм» гардид. 
Инчунин, ғолиби олимпиадаҳои байналхалқӣ дар самтҳои акушерӣ-гинекологӣ, педиатрия, бемориҳои дарунӣ ва анатомияи паталогӣ ба шумор меравад. Дар озмуни «Ҷавонтарин олим», ки аз ҷониби мамлакатҳои ИДМ баргузор шудааст, иштирок намуда, бо медали тилло сарфароз гардидааст. Ғайр аз ин, дар вақтҳои холиаш бо варзиш шуғл дошта, чемпиони дукаратаи Ӯзбекистон ва Универсиада оид ба тенниси рӯйи мизӣ мебошад.
– Гирифтани Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия шахсан аз дасти Президентамон боиси ифтихори беандоза аст, – мегӯяд М. Аҳмадҷонова. – Ин мукофот барои ман эътимод ва масъулияти бузургест сӯйи мақсадҳои олӣ.
Дарҳақиқат саъю кӯшиш ва истеъдоди Муҳайё Аҳмадҷонова барои ҷавонон намунаи ибрат аст. Мақсади асосии ӯ дар оянда ҳамчун духтури акушер-гинеколог ба сӯйи мақсадҳои худ пеш рафта, тавассути пешгирии бемориҳо дар занони ҳомила, ба воя расонидани насли солим ва дар тиб васеъ ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат мебошад.
 
Махфират МАМАҶОНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: