ЗИЁРАТИ КАЪБА

ё худ «барои сафари якрӯза ғизои ҳафтаина бигир»

Мафҳумҳои «ҳаҷ», «умра» аз овони бачагӣ бароямон шиносанд. Замоне онҳо танҳо орзу буданд. «Сафарнома»-и Носири Хусрави Қубодиёнӣ ягона сарчашма маҳсуб меёфт, ки моро бо Каъбатуллоҳ шинос кунад. Хушбахтона, дар қатори дигар арзишҳо ва орзую умедҳо дари зиёрати Каъба бароямон боз гардид. Хусусан, солҳои охир дар ин бобат имкониятҳои зиёд пайдо шуданд. 
«Шунидан кай бувад монанди дидан». Пӯшида нест, ки «Қуръони Карим» барои бузургони адабиёти беш аз ҳазорсолаи тоҷику форс чун сарчашмаи илҳом хидмат кардааст. Ноогоҳии мо аз ин китоби муқаддас имкон намедиҳад, ки ба маъниҳои бикри эҷодиёти суханварони классикӣ сарфаҳм равем. 
Ҳарчанд ҳанӯз чандон омода набудем, бо фаро расидани имконият зиёрати Маккаро аҳд кардем. Азбаски ду роҳи ин зиёрат: давлатию хусусӣ мавҷуд буд, шояд бинобар нисбатан арзонтар буданаш дар ҳайати гурӯҳи 127-уми ширкати сайёҳии «TOYYIB TOUR» ба сафар баромадем. Хабар расид, ки пагоҳии 25 январи соли ҷорӣ соати 10.00 бо парвози «Тошканд – Мадина» сафари 14-рӯзаи мо бояд сурат гирад. Вале вақти парвоз – 12.30... 20.30 ниҳоят ба соати 02.30 мононда шуд. Косаи сабри мусофирон лабрез гардида, байни онҳо ва мутасаддиёни парвоз низоъ ҳам ба амал омад. Мутасаддиёни парвоз маҷбур шуданд, ки аввал ба мусофирони дар «иҳотамонда» хӯрок диҳанд. Азбаски то фурсати парвози ваъдагӣ (02.30) вақт бисёр буду ба тағйир наёфтани он кафолат набуд, ба мутасаддиён лозим омад, ки мусофиронро муваққатан дар меҳмонхонаи наздиктарин ҷойгир кунанд. Дар ин миён воқеа дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Хуллас, парвози пешбинишуда соати 02.30 ба воситаи «Рanorama – А-380» «Тошканд – Мадина» ба амал омад ва 450 нафар зиёраткунандагонро ба шаҳри муқаддас расонд. 
Азбаски ин ҷо дер омадем, ба ҷойи 4 рӯз 3 рӯз истода, бо автобус 485 км. роҳро тай намуда, ба Макка омадем ва аз меҳмонхонаи «Арак...» ҷой гирифтем. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар Макка нисбат ба Мадина  кӯҳ бисёр аст. Иморатҳои бисёрошёна гирду атрофи Каъбаро иҳота кардаанд. Ҳам дар Макка ва ҳам дар Мадина дарахтон каманд. Ҳарду шаҳри муқаддас шабу рӯз серодам. 24 соат дар ин ҷо аз гӯшаву канори олам зиёраткунандагон рафтуо доранд. Агар либоси махсус-форма набошад, дар як лаҳза якдигарро гум кардан аз эҳтимол дур нест. Аз ҳамаи вилоятҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон зиёраткунандагони сершумор омадаанд. Ҳам дар самолёт, ҳам дар меҳмонхона ба ҳамдигар бародар, додару хоҳар,  ҳамдилу ҳамнафас будани тоҷику ӯзбекро дида, сарам ба осмон мерасид. Шукри беҳад, ки Офаридгор аз азал моро ҳамин гуна ҳаммаслаку ҳамтақдир офаридааст.
Аҷибаш он буд, ки вақти бозгашт бо самолёт яке аз мусофирони тоҷикистонӣ бетоб гардид ва дар салони самолёт садои стюардесса баланд шуд:
– Агар дар байни шумо духтуре бошад, ёрии тиббӣ лозим...
Хушбахтона, ҷавонмарди бухороӣ, ки дар шафати мо буд, фавран аз ҷойи худ хест ва баъди дидани ҳолати ҷавонзан аз сумкааш якчанд чакрадору гирифта, ба стакани об аз онҳо чаконд ва ба бемор нӯшонид. Баъди чанд лаҳза фишори баланди хунаш ба эътидол омада, ҷавонзан чашм кушод. Вақти фурудоӣ дар аэропорт вай дар ҳалқаи шариконаш ба ҳамроҳи мо хушҳолона сипосгузорӣ намуд.
Албатта, мақсади олии зиёраткунандагон тавофи Каъба аст. Барои ин ва иҷрои амалҳои дигар вақт мерасад. Бо вуҷуди ин ҳар як мусофир мехоҳад дар бораи ин мамлакат, шаҳрҳои муқаддаси он ва ҷойҳои таърихиаш маълумоти  бештар дошта бошад. Мутаассифона, касе набуд, ки ба ин  қабил пурсишҳои мусофирон ҷавоб диҳад. Аз ин рӯ, мусофирон ғайр аз ибодат дар бораи ҷойи сафаркардаашон ягон маълумоти ҷуғрофӣ намегирифтанд. 
Душвортарин масъалае, ки имрӯз зиёраткунандагонро ба ташвиш овардааст, ин кафолат надоштани муҳлати сафар аст. Ҳеҷ кас гумон накарда буд, ки байни қавлу амали  созмондиҳандагони сафари зиёратӣ фарқ аз замин то осмон аст. 
Маҳз барои ҳамин ҳам мо ба ҷойи 7 феврал 14 феврал баргаштем. Гумон доштем, ки аз оворагиҳои оғози сафар (25-26 январ) мутасаддиёни зиёрат хулосаи зарурӣ бароварда, мусофиронро дар бозгашт сарсон намекунанд, вале «гапи хона ба бозор рост наомад». Баъдтар маълум гардид, ки аҳвол дар гурӯҳҳои дигари зиёраткунандагон боз бадтар будааст.
«Инсофу барака» гуфтаанд. Бинобар маълумоти дастрасшуда 8 феврали соли ҷорӣ бо вақти маҳаллӣ (он аз вақти Тошканд 2 соат қафост) парвози мо бояд бо самолёти SP 5360 «Ҷидда – Тошканд» соати 17:40 сурат мегирифт. Аз ин рӯ автобуси махсус гурӯҳи зиёратии моро, ки аз 38 нафар иборат буд, аз меҳмонхонаи Макка тайи ду соат ба аэропорти Ҷидда (масофаи байни Макка ва Ҷидда 90 км.) расонд. Мо интизори ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои дахлдор будем. Вале намедонистем, аз чӣ сабаб, ин ҷараён ғайричашмдошт ақиб гузошта мешуд. Дар ин ҳол талаб шуд, ки толори фурудгоҳро тарк намуда, ба берун, ба нишастгоҳи ҳавои кушод бароем. Дар ҳамроҳҳои мо тадриҷан эҳсосоти ноумедӣ пайдо гардида, онҳо ба мутасаддиёни гурӯҳ эътироз мекарданд. Аён буд, ки аз парвоз бо хатсайри пешбинишуда умеде нест. Дар бораи сабабҳои чунин ранг гирифтани вазъият касе маълумот намедод. Ваъдаи мутасаддиёни гурӯҳ – гуфтушунидҳо бобати бо хатсайри навбатӣ (саҳарӣ) ба Тошканд фиристодани зиёраткунандагон низ боварибахш набуд. Чанде пас гуфтанд, ки мо бояд то муайян шудани моҳияти масъала,  худуди аэропортро тарк намоем. Тақрибан ду соат вақти мо ба сайр ба автобус гузашт. Саҳар боз ба аэропорт омадем, вале ин умед низ барбод рафт. Ноилоҷ автобус боз моро ба меҳмонхонаи Макка овард. Ҳолдонҳо мегуфтанд: «ҳазорҳо зиёраткунандагон қариб як моҳ боз ба Ватан баргашта наметавонанд. Ҳоло баъди дахолати консулхонаи Ӯзбекистон кашондани мусофирон бо навбат сурат мегирад». Гӯё номураттабии парвозҳои самолёт боиси чунин  ҳолат гаштааст. Ин гуфтаҳо то чӣ андоза асосноканд, касе намедонист вале рӯз аз рӯз афзудани шумораи он зиёраткунандагоне, ки ин ҷо берун аз муҳлати муқарраргардида монда рафта, ба умеди бозгашт рӯз мешумориданд, меафзуданд. Пӯшида нест, ки дар меҳмонхона шаш шабонарӯзи барзиёд мондани гурӯҳи сайёҳии мо ва се маҳал бо хӯрок таъминнамоии мо барои мутасаддиёни зиёрат-фирмаи «TOYYIB TOUR» харҷи зиёдатӣ буд. Агар ҳалли масъала аз дасташон меомад, кор ранги дигар мегирифт. 
Хулоса, мо фикр мекунем, роҳи хусусии зиёратро интихоб намуда, хато кардаем ва овора шудаем...

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти БУХОРО. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: